Мавҷи ҳавои сарду қаҳратуне, ки нимаи аввали моҳи январи соли равон аз Поволжеи Россия ба Осиёи Марказӣ омад, низоми энергетикии ҷумҳуриҳои минтақаро зери имтиҳони шадид қарор дод. Барои мисол, дар шаҳри Тошканд 150 трансформатор аз кор баромад. Интиқоли гази табиӣ суст шуд. Қисми зиёди калонтарин шаҳри Осиёи Марказӣ бе барқ монд. Вазоратҳои мудофиа ва корҳои дохилӣ, инчунин Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ноҳияҳои алоҳидаи шаҳри Тошкандро ба сарпарастӣ гирифта, дар минтақаҳои сераҳолӣ хайма афканда, ба сокинон чою хӯроки гарм ва нону ширинӣ тақсим карданд. Дар Қирғизистон низ хунукӣ дар таъмини барқ боиси пайдошавии мушкилот гардид. Воридоти барқ аз Қазоқистон ба Қирғизистон ва аз Туркманистон ба Ӯзбекистон буҳрони энергетикиро то андозае сабук намуд.
Ба гуфти муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева, чунин вазъи ҳаво 15 сол пеш ба амал омада буд. Он вақт дар ҷумҳурӣ, бинобар сармои каҳратун ва ях бастани оби обанборҳо дар як шабонарӯз ҳамагӣ 1- 2 соат барқ дода мешуд.
Дар сармои шадиди имсола ба истиснои ҳолатҳои алоҳида мардуми ҷумҳурӣ доимӣ бо неруи барқ таъмин гардиданд. Аз шиддати сармо дар баъзе минтақаҳо лӯлаҳои об ях баста, дар ин ҷода каме мушкилиҳо ҷой дошт. Хушбахтона, он мушкилоте, ки дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя пеш омад, дар мо мушоҳида нашуд. Аммо кӣ кафолат дода метавонад, ки чунин сардиҳои ногаҳонӣ ва давомдор дигар ба ҷумҳурӣ намеоянд? Барои осон ва бе хисорот паси сар кардани сардиҳо бояд омода бошем.
Об ях баст, чӣ кор кунем?
Дар кишвари мо 98 дарсади барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол шуда, аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар минтақа ҷойи якум ва дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад. Ин, албатта, боиси ифтихор аст. Аммо агар чунин сармо дар як мавсим чанд бор такрор шавад чӣ? Дар он сурат ҷоришавии об дар обанбор суст шуда, боиси кам гардидани истеҳсоли барқ хоҳад гашт. Аз сабаби сардии ҳаво истифодаи гармкунакҳои барқӣ зиёд шуда, сарбории трансформаторҳо меафзояд. Дар чунин ҳолат эҳтимоли сар задани садама дар шабакаҳои барқӣ зиёд мешавад.
Бо мақсади рафъи чунин ҳолат аз манбаъҳои алтернативӣ, ба монанди энергияи офтоб ва шамол, истифода бояд кард. Вазъи кунунии буҳрони энергетикии Аврупо самаранокии ин манбаъҳоро исбот намуд. Имрӯз дар Аврупо танҳо он хонаводаҳо ва ширкатҳое соҳиби неруи барқи ройгон ҳастанд, ки таҷҳизоти офтобию шамолӣ насб карда буданд. Низоми барқии мамолики аврупоӣ тавре роҳандозӣ шудааст, ки соҳибхонаҳо ва ширкатҳои алоҳидаи таҷҳизоти офтобию шамолӣ насбкарда барқи зиёдатиро ба шабакаи умумӣ интиқол дода, мувофиқи нишондоди ҳисобкунаки барқӣ маблағ ба даст меоранд. Имрӯз, ки нархи газу маҳсулоти нефтӣ ва неруи барқ дар Аврупо афзудааст, фоидаи соҳибони таҷҳизоти офтобию шамолӣ зиёдтар мешавад. Инчунин, соҳибони нуқтаҳои нерупуркунии аз энергияи офтоб истифодабаранда даромади хуб мегиранд.
Дар ҳақиқат, офтоб манбаи бузурги энергия аст, ки то ҳол аз неруи он самаранок истифода бурданро наомӯхтаем. Энергияи офтобро барои гарм кардани об, истеҳсоли неруи барқ, хушк кардани мева, гарм намудани манзил, кашидани об аз чоҳ ва ғайра истифода мебаранд.
Вақте неруи офтоб ба фотоэлемент (панелҳои офтобӣ) мерасад, энергияи ҷамъшуда ба конроллер ва аз он ба аккумулятор рафта захира мешавад. Бо мақсади истифодаи энергияи ҷамъшуда ба аккумулятор инвертор пайваст мешавад, ки неруи барқи доимиро ба тағйирёбанда табдил медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар зарурати истифода бурдан аз таҷҳизоти офтобиро таъкид намуданд, ки айни муддаост.
Баъзеҳо мепурсанд, ки панели офтобӣ дар хунукии зимистон чӣ хел барқ медиҳад? Барои панелҳои офтобӣ на гармии офтоб, балки равшании он муҳим аст. Бартарии тобистон дар он аст, ки рӯзҳояш дарозанду панелҳои офтобӣ бештар барқ истеҳсол мекунанд. Дар зимистон рӯзҳо кӯтоҳтар ва аксар вақт абрноканд. Дар чунин ҳолат ҳам панелҳои офтобӣ барқ истеҳсол мекунанду обгармкунакҳои офтобӣ обро 40 — 50 дараҷа гарм менамоянд.
Шамол хонаро равшан мекунад
Дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор вазидани шамол бештар аст. Ин барои фаъолияти таҳҷизоти шамолӣ қулай аст. То ихтирои неруи барқ бо қувваи шамол осиёб гардон мешуд. Ҳоло таҷҳизоти шамолӣ неруи барқ истеҳсол мекунад, ки бо он хонаҳо равшан мешаванду электромобилҳо ба ҳаракат медароянд.
Дар кишвари мо метавон дар ноҳияҳои Мурғобу Файзобод, Шамсиддини Шоҳин, Данғара, ағбаи Анзоб, атрофи обанборҳои Норак ва «Баҳри тоҷик» таҷҳизоти шамолӣ насб намуд.
Афсӯс, ки соҳибкорони мо ба ин ҷиҳат таваҷҷуҳ зоҳир накардаанд. Яъне, дар сурати маблағгузорӣ ба соҳаи энергетика низ метавон даромади хуб гирифт. Аз дигар тараф, тибқи қонунгузории кишварамон зимни истеҳсоли неруи барқи «тоза» як қатор имтиёзҳо муқаррар шудааст.
Ангиштсанг моҳиятан нефти мо шуда метавонад
Даромади Амороти Муттаҳидаи Араб се даҳсола пеш асосан ба содироти нефти хом вобаста буд. Роҳбарияти кишвар дарк намуданд, ки захираи нефт беохир нест. Аз ин рӯ, як қисми даромад аз фурӯши нефтро ба рушди инфрасохтори туризм сарф намуданд. Дар натиҷа, ин кишвари дар гузашта биёбонӣ ба маркази бузурги тиҷоратӣ ва ҷойи дӯстдоштаи сайёҳони ҷаҳон табдил ёфта, соле танҳо ба шаҳри Дубай 20 — 21 миллион сайёҳ ташриф меоранд.
Дар Тоҷикистон, бинобар мавҷуд будани захираи калони ангиштсанг метавонем рушди энергияи алтернативиро таъмин намоем. Кишварҳои бузурги иқтисодии ҷаҳон тасмим гирифтаанд, ки то соли 2050 пурра аз истифодаи ангиштсанг даст кашанд. Баъд аз ангиштсанг навбати пурра даст кашидан аз нефту газ низ фаро мерасад.
Дар минтақа, махсусан Афғонистону Покистон, талабот ба ангиштсанг зиёд аст ва мебояд аз ин имкони мусоид истифода барем. Яъне, корхонаҳои иловагии истихроҷи ангишт кушода, ҳар чӣ бештар ба хориҷа ангишт содирот намоем. Фоидаи аз фурӯши он бадастомадаро фонди махсус кушода, барои харидани таҷҳизоти офтобию шамолӣ сарф намоем. Бо ин роҳ мо чанд фоида мебинем. Якум, бо таъсиси корхонаҳои нави истихроҷи ангишт ҷойҳои зиёди корӣ таъсис меёбад. Дуюм, насбу васли таҷҳизоти офтобию шамолӣ низ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад. Сеюм, зиёд шудани истеҳсоли неруи барқи офтобию шамолӣ сарбории трансформаторҳоро кам мекунад. Чорум, дар сурати зиёд гаштани истеҳсоли неруи барқ ҳаҷми содироти он ба кишварҳои ҳамсоя зиёд мегардад, ки ин ҳам ба фоидаи мост.
Барои ба Афғонистону Покистон содирот намудани ангиштсанг метавон аз роҳи оҳан низ истифода бурд, зеро роҳи оҳан то Корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе сохта шудааст. Ангиштсангро мошинҳои боркаш то ин корхона оварда, сипас бо вагонҳо то ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва ё Тирмиз — Ҳайратон ба Афғонистон метавон бурд. Аз он ҷо то Покистон бо мошинҳо кашонидан низ мумкин аст.
Ояндаи энергетикаи ҷаҳонӣ энергияи барқароршавандаи офтобу шамол аст. Ҳар кишваре, ки истифода аз онҳоро пештар шурӯъ мекунад, бурд менамояд.
Мо набояд аз ин маъракаи ҷаҳонӣ ақиб монем.
С. Наҷмиддинзода,
«Садои мардум»