«Вазорати молия вазифадор аст, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои иҷрои саривақтӣ ва сифатноки қисми даромади буҷети давлатӣ, баланд бардоштани самаранокиву шаффофияти хароҷоти он, беҳтар намудани назорат, мукаммалсозии аудити берунӣ ва идоракунии неруи инсонӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намояд».
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-уми декабри соли 2021
Низоми молияи кишвар омили муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб шуда, бо ибтикори Пешвои миллат барои фаъолияти муназзам ва пурмаҳсули он аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ оғоз гардида буд. Дар ин замина, асосҳои меъёрии ҳуқуқии низоми молияи кишвар тадриҷан такмил ёфта, иҷрои саривақтӣ ва сифатноки қисми даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ, истифодаи шаффофу самараноки маблағҳо, дар сатҳи муътадил қарор доштани қарзи хориҷӣ, назаррас набудани касри буҷети давлатӣ аз ҷумлаи дастовардҳои кормандони ин бахши муҳим мебошад.
Дар арафаи Рӯзи кормандони мақомоти молия, ки ҳар сол ҳафтуми декабр таҷлил мегардад, бо вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода ҳамсуҳбат шудем.
- Авзои сиёсию иқтисодии ҷаҳон мураккаб боқӣ монда, таъсири он ба бахши иқтисоду молияи аксар кишварҳо баръалост. Дар робита ба ин, андешаҳо оид ба вазъи соҳаҳои иқтисодиёт дар кишвар, дар маҷмӯъ, яксон набуда, баъзе ба ном «коршиносон» дар ин маврид ба пешгӯӣ, ки моҳиятан фолбинист, машғуланд. Ҳолати воқеӣ чӣ гуна аст?
- Бо дарки масъулият бояд қайд намоям, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои мавриди назар мо натиҷаҳои назаррас дорем. Далел ин аст, ки нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ — сентябри соли ҷорӣ дар сатҳи 103,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷети давлатӣ 24,3 миллиард сомонӣ ворид гардид. Нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар ВМКБ дар сатҳи 106,4 фоиз, вилояти Хатлон — 102,4, вилояти Суғд — 105,1, шаҳри Душанбе — 100,9 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 101,7 фоиз таъмин карда шуд. Маҷмӯан қисми даромади дохилии буҷетҳои маҳаллӣ дар сатҳи 104 фоизи нақша таъмин гардида, ба буҷетҳои маҳаллӣ зиёда аз 5,8 миллиард сомонӣ ворид гардид ва ин имкон дод, ки барномаҳои дар сатҳи маҳал қабулгардида сифатан маблағгузорӣ гарданд.
- Ба қисми хароҷоти буҷети давлатӣ таваҷҷуҳи коршиносон нисбатан зиёд аст. Бигӯед, ки ба кадом соҳаҳо ва чӣ қадар маблағ равона шуд?
- Дар марҳилаи зикршуда ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ 23,2 млрд. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 16,7 млрд. сомонӣ, маблағҳои махсуси ташкилоти буҷетӣ 1,9 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 4,6 миллиард сомонӣ равона шуданд.
Дар доираи нақшаи хароҷоти буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба соҳаҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 1,1 миллиард сомонӣ, маориф 4,4 миллиард сомонӣ, тандурустӣ 1,8 миллиард сомонӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 2,9 миллиард сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 1,3 миллиард сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 750,9 миллион сомонӣ, комплекси сӯзишворию энергетикӣ 4,3 миллиард сомонӣ, кишоварзӣ 679 миллион сомонӣ, сохтмон ва саноат 187,7 миллион сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 1,6 миллиард сомонӣ равона гардид.
Ҳамзамон, барои пардохти музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷетӣ 5,1 миллиард сомонӣ ё 22,1 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ, дигар моддаҳои ҳимояшаванда, бахусус барои пардохти хизматрасонии коммуналӣ 279,2 миллион сомонӣ, идрорпулӣ 83,6 миллион сомонӣ, нафақа 2,3 миллиард сомонӣ, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо 386,5 миллион сомонӣ пардохт шуд. Бунёди иншооти хусусияти иҷтимоӣ ва аҳамияти стратегидошта низ вусъат ёфта, бо ин мақсад аз ҳисоби сармоягузориҳои асосии мутамаркази буҷети давлатӣ зиёда аз 4,2 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.
Барои тақвияти сухан аз дастовардҳои ноилгардида мисолҳои зиёд овардан мумкин аст, вале бо далелҳои мазкур иктифо мекунам.
- Дар ҳоле ки бисёр кишварҳои ҷаҳон аз мушкилоти ин бахш нигаронӣ доранд, шумо аз комёбиҳо гуфтед…
- Ифтихормандем, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳа хоса буда, маҳз бо дастуру ҳидоятҳои он кас вазифаҳои ба зиммаи соҳа вогузорбуда дар сатҳи зарурӣ иҷро гардиданд. Ҳамин аст сирри муваффақ будани мо.
- Якуми декабри соли 2022 дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 қабул шуд. Барои хонандагон ҷолиб аст, ки он чӣ гуна шакл гирифтааст?
- Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромад дар ҳаҷми 37,1 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбат ба буҷети соли ҷорӣ 4,1 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Дар лоиҳаи буҷети давлатӣ ҳамаи захираҳои молиявии давлатӣ, аз ҷумла маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар ҳаҷми 9,3 миллиард сомонӣ, маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ 2,4 миллиард сомонӣ ва даромади ҷории буҷети давлатӣ 25,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши маҷмӯии 12,3 фоиз ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ воридоти маблағҳо барои дастгирии буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 587,0 миллион сомонӣ (40,0 миллион доллари амрикоӣ ва 4,0 миллион евро) пешбинӣ гардида, ҷалби он дар доираи татбиқи «Барномаи беҳтарсозии бахши молиявӣ ва идоракунии молиявӣ»-и Бонки осиёии рушд ва барномаи нави ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар назар аст.
- Зимни рӯнамоии буҷети солҳои қаблӣ ҳатман зикр мешуд, ки он моҳияти иҷтимоӣ дорад. Ин тамоюл дар буҷети соли 2023 нигоҳ дошта шудааст?
- Бале. Барои маблағгузории соҳаи маориф — 7,2 миллиард сомонӣ бо афзоиши 14,4 фоиз, тандурустӣ — 3,3 миллиард сомонӣ бо афзоиши 16 фоиз, ҳифзи иҷтимоӣ — 4,9 миллиард сомонӣ бо афзоиши 13,1 фоиз ва фарҳангу варзиш 1,5 миллиард сомонӣ бо афзоиши 24,6 фоиз ба нақша гирифта шудааст.
Дар баробари ин, барои рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва кишоварзӣ низ афзалият дода шуда, барои маблағгузории комплекси сӯзишворию энергетикӣ равона намудани 6,0 миллиард сомонӣ, кишоварзӣ 1,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 57,3 фоиз, саноат ва сохтмон 259,8 миллион сомонӣ бо афзоиши 24,4 фоиз ва нақлиёту коммуникатсия 2,9 миллиард сомонӣ бо афзоиши 8,5 фоиз пешбинӣ гардидааст.
- Касри буҷети давлатӣ масъалае мебошад, ки муносибати дуюмдараҷа ба он ҷоиз нест…
- Дуруст. Бо мақсади риояи мувозинатии буҷети давлатӣ касри он дар соли 2023 ба андозаи 0,8 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё баробар ба маблағи 1 миллиарду 30 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Манбаъҳои пӯшонидани касри буҷети давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои грантию қарзии ҷалбгардидаи созмонҳои байналмилалии молиявӣ дар ҳаҷми 520,1 миллион сомонӣ, маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ 100,0 миллион сомонӣ, иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷети ҷумҳуриявӣ 124,6 миллион сомонӣ, ба муомилот баровардани векселҳои давлатӣ 100 миллион сомонӣ ва дигар манбаъҳои тибқи қонунгузорӣ муқарраргардида амалӣ карда мешавад.
- Пешниҳоди имтиёзҳои андоз ва гумрук масъалаест, ки дар баъзе маврид моҳияту муҳимияти он то андозае таҳриф мешавад. Ҳол он ки ҷавҳари ин иқдом дастгирӣ ва ҳавасманд кардани соҳибкорони ватанӣ, таъсиси ҷойҳои кор ва тадриҷан коҳиш додани вобастагии бозори дохилӣ ба маҳсулоти воридотӣ мебошад…
- Дуруст гуфтед. Дар нуҳ моҳи соли 2022, мутобиқи омори расмии гумрукӣ, моли воридотии аз имтиёзҳои тарифию андозӣ дар шакли пурра ва ё қисман бархӯрдор 79 фоизи ҳаҷми умумии воридоти мол дар низоми гумрукии «Иҷозат барои муомилоти озод»-ро ташкил намудааст. Яъне, аз ҳаҷми умумии воридоти мол дар низоми гумрукии «Иҷозат барои муомилоти озод» 21 фоизи он (753,9 млн. доллар) пурра мавриди андозбандӣ қарор гирифта, арзиши гумрукии молҳое, ки нисбат ба онҳо имтиёзҳои тарифию андозӣ қисман татбиқ гардидаанд, 1 миллиарду 606,0 миллион доллар (44,8 фоиз) ва арзиши гумрукии молҳои пурра аз имтиёзҳои тарифию андозӣ бархӯрдор 1 миллиарду 226,4 миллион долларро (34,2 фоиз) ташкил намудаанд. Дар маҷмӯъ, арзиши гумрукии моли воридотӣ, ки аз имтиёзҳои тарифию андозӣ бархӯрдор гардидаанд, ба 2 миллиарду 832,4 млн. доллар баробар буда, пардохтҳои гумрукии озодкардашуда ба ҳисоби миёна 4 миллиарду 348,8 миллион сомониро ташкил дод.
- Мушаххас гуфта метавонед, ки аз ин имтиёзҳо кадом соҳаҳо бархӯрдоранд?
- Ҳар сол, бо назардошти талабот баҳри дастгирии соҳибкорону сармоягузорон имтиёзҳои андозӣ муқаррар карда мешаванд. Аз ҷумла, барои корхонаҳои коркарди пӯст, пашм, нахи пахта, абрешими хом ва дигар ашёи хоми соҳаи кишоварзӣ барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ. Воридоти моле, ки ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба мақсади рафъи оқибати офатҳои табиӣ, садама ва фалокатҳо ройгон дода мешавад, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии (комплектии) онҳо, ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд, доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, фарматсевтӣ ва асбобҳои тиббӣ, аз пардохти боҷи гумрукӣ озоданд.
Дар баробари молу маҳсулот ва таҷҳизоти зикршуда, воридоти моле, ки барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои созишномаҳои грантӣ ва қарзӣ амалӣ мешаванд, маҳсулоти махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон, масолеҳи сохтмонии иншооти сайёҳӣ, воридоти ашё (фурнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ ба корхонаҳои дӯзандагӣ, техникаи таъиноти кишоварзӣ, маҳсулоту лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ низ аз ин имтиёзҳо бархӯрдоранд. Ин далелу рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки бархӯрдорӣ аз имтиёз падидаи маъмул буда, онро хоси гурӯҳи алоҳида арзёбӣ кардан иштибоҳ аст.
- Масъалаи дигаре, ки зиёдтар мавриди таваҷҷуҳ буда, аксар ҳолат аз ҷониби ба ном коршиносон шарҳу тавзеҳи гуногун дода мешавад, қарзи хориҷии кишвар аст. Ин тоифа нодида мегиранд, ки ҳатто кишварҳои абарқудрати олам низ аз гирифтани қарз дар канор набуда, нишондиҳандаи ба ин масъала рабтдошта дар қиёс бо Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ хеле зиёд аст. Барои мисол, ин нишондиҳанда дар ИМА 130 фоиз, Япония — 232, Португалия — 133, Ирландия — 123, Кипр — 112, Беларус — 53, 4, Қирғизистон 53 фоиз мебошад.
- Ман қарзи дигар кишварҳоро шарҳу тавзеҳ намедиҳам, вале қайд карданиам, ки дар ҷаҳони муосир ҷалби маблағҳои қарзӣ аз ин ё он давлат ва ё ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ раванди маъмулӣ буда, маҳз дар ин замина давлатҳо рушди иқтисодии худро тавассути татбиқи ҳар гуна тарҳу лоиҳаҳои афзалиятдошта таъмин менамоянд. Аз ҷониби дигар бояд дарк кунем, ки рушди иқтисоди кишварро танҳо бо маблағҳои буҷетӣ таъмин кардан аз имкон берун аст.
Ҳаҷми қарзи давлатии Тоҷикистон то 1-уми октябри соли 2022- юм 3,8 миллиард доллари амрикоӣ ё 37,1 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил менамояд, ки аз он 3,2 миллиард доллари амрикоӣ ё 85 фоиз қарзи берунаи давлатӣ ва 0,6 миллиард доллари амрикоӣ ё 15 фоиз қарзи дохилӣ мебошад.
Дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз маблағҳои қарзии ҷалбшуда 163,7 миллион доллари амрикоӣ аз худ карда шуда, ҳамзамон барои хизматрасонии қарзи беруна 198 миллион доллари амрикоӣ пардохт карда шудааст. Аз 198 миллион доллари амрикоӣ пардохтшуда 134,6 миллион доллар қарзи асосӣ ва 63,4 миллион доллар фоизи қарз мебошад.
Муҳим он аст, ки роҳбарияти Вазорати молия тасмими ҷиддӣ дошту дорад, ки минбаъд аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ бештар грант ҷалб гардад.
- Дар ин самт комёб шудед?
-Бале. Дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ дар ин давра нуҳ созишномаи нави қарзию грантӣ барои амалӣ кардани ҳашт лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 323,9 миллион доллари амрикоӣ, ки аз он 297,9 миллион (92 фоиз) маблағҳои грантӣ ва 19 миллион (5,6 фоиз) қарз ва 7 миллион доллар (2,4 фоиз) саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба имзо расида, дар Маҷлиси намояндагон тасдиқ шудаанд.
- Аз ин бармеояд, ки ҳамагӣ 19 миллион доллари ИМА қарз гирифтаем?
- Бале. Бояд гуфт, ки ин маблағи начандон зиёд аст, дар ҳоле ки имкониятҳо барои ҷалби бештари маблағҳои қарзӣ ҷой дошт. Мавқеъгирии мо бештар барои таъмини устувории ҳолати қарзи давлатӣ ва эътимоди сармоягузорон ба кишвар, хусусан дарёфти механизми маблағгузории иншоотҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла НБО «Роғун», ки муҳимияти онро ҳар як шаҳрванди кишвари мо медонад, нигаронида шудааст.
- Ин муваффақият ба кадом омил рабт дорад?
- Комёб будан дар ин самт, пеш аз ҳама, ба мақому манзалати бениҳоят баланди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ва эҳтирому эътимоди масъулини созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ ба ин абармарди дунёи сиёсат вобаста аст. Дастовардҳои мазкур интиҳои кор дар ин самт нестанд. Бо мақсади ҷалби маблағи иловагӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва дастгирии буҷети давлатӣ ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ мунтазам ба роҳ монда шуда, то охири соли ҷорӣ баимзорасии созишномаҳои нави қарзию грантӣ ба маблағи зиёда аз 434 миллион доллари амрикоӣ дар назар аст.
- Чанде пеш «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025» тасдиқ шуд. Барномаи мавриди назар чӣ моҳият ва муқаррарот дорад?
- Барнома аз 55 созишномаи қарзӣ, аз ҷумла 50 созишномаи қарзии амалкунанда ба маблағи умумии 1,56 миллиард доллари амрикоӣ ва 5 созишномаи дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро ба маблағи 432,9 миллион доллари амрикоӣ дар бар мегирад.
Дар доираи барномаи мазкур дар баробари дигар лоиҳаҳои пешбинишуда ҷалби маблағҳои қарзӣ барои амалӣ намудани як қатор лоиҳаҳои афзалиятдошта, аз ҷумла лоиҳаи «Маблағгузории сохтмони НБО «Роғун» дар ҳаҷми 314,5 миллион евро, лоиҳаи «Барқарор намудани системаҳои обёрӣ ва сохтмони канализатсия дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон» дар ҳаҷми 9 миллион доллар, лоиҳаи «Таҷдиду барқарорсозии қитъаи роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод» дар ҳаҷми 50 миллион доллар, лоиҳаи «Барномаи ислоҳоти иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳаҷми 50 миллион доллар ва лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар рушди ҷомеа, марҳилаи 2» ба маблағи 15,7 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.
Аз маҷмӯи лоиҳаҳои созишномаҳои қарзии ҷалбшуда ва ҷалбшаванда 12 лоиҳаи қарзӣ ба соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, 13 лоиҳа ба энергетика ва саноат, 13 лоиҳа ба хоҷагии манзилию коммуналӣ, 9 лоиҳа ба кишоварзӣ ва обёрӣ, 5 лоиҳа ба соҳаи маориф, 2 лоиҳа ба соҳаи идоракунии давлатӣ ва 1 лоиҳаи қарзӣ ба соҳаи тандурустӣ рост меояд.
Муҳим он аст, ки ҳама қарзи то имрӯз ҷалбшуда имтиёзнок буда, муҳлати онҳо аз 15 то 40 солро дар бар мегирад. Дар баробари ин, меъёри фоизи онҳо аз 0,75 то 2 фоизи солонаро ташкил дода, давраҳои имтиёзнок аз рӯи баргардонидани қарзҳои асосӣ аз 5 то 20 солро ташкил менамояд.
Азхудкунии маблағҳои қарзӣ барои солҳои 2023 — 2025 маҷмӯан 693,7 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла дар соли 2023 дар ҳаҷми 300,4 миллион доллар, дар соли 2024 — 252,9 миллион доллар ва барои соли 2025 дар ҳаҷми 140,4 миллион доллари амрикоӣ ба нақша гирифта шудааст.
Татбиқи босамари барномаи пешниҳодшуда имкон медиҳад, ки маблағгузории барномаҳои иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлатҳои муқарраршуда амалӣ ва рушди бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт таъмин карда шаванд.
- Моҳи ноябри соли 2020 Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарореро имзо карданд, ки ба беҳбуд ёфтани сатҳи зиндагии мардум рабт дорад. Манзур Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои додани иҷозат ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ» аст…
- Қабули қарори мазкур идомаи мантиқии сиёсати раиятпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мақсад аз он беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии мардум аст. Тибқи он, додани иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули зикршуда аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия дар асоси талаботи қонунгузории соҳаи иҷозатдиҳӣ амалӣ мегардад. Лозим ба ёдоварист, ки то қабули қарор шахсони воқеӣ ҳуқуқи машғул гардидан ба чунин тарзи фаъолиятро, ки миёни мардум чун заршӯӣ маъмул аст, надоштанд. Қабули қарори мазкур аз сафарҳои кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манотиқи гуногуни мамлакат маншаъ гирифтааст, зеро дар ҷараёни сафарҳо мардум аз Роҳбари мамлакат дар ин хусус хоҳиш карда буданд.
- Иқдоми мазкур чӣ натиҷа дод?
- Аз замони қабули қарори зикршуда зиёда аз 7000 нафар иҷозатномаи дахлдорро ба даст оварданд. Дар минтақаҳои гуногун 29 нуқтаи хариди тилло фаъол гардонда шуда, бемаҳдудият аз шаҳрвандон тиллои истихроҷшуда харидорӣ мегардад.
- Тамоюли афзоишро касб намудани теъдоди онҳое, ки чунин шуғл доранд, ба кадом омилҳо марбут аст?
- Пеш аз ҳама, сода будани дастраснамоии ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва мусоидати сохторҳои зидахл, аз ҷумла зерсохторҳои Вазорати молия. Мо ҳама шароитро фароҳам кардаем, ҳуҷҷати зикршуда аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мақомоти молияи маҳаллии дахлдор ба аризадиҳанда зудтар дастрас гардад.
- Ба шумо барои суҳбати самимӣ арзи сипос ва кулли кормандони соҳаро бо иди касбӣ табрик менамоем.
- Саломат бошед.
Мусоҳиб Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»