Аз тановули суманак то ширкат дар паради ҳарбӣ

№39-40 (4622-4623) 17.03.2023

маводи Акаи ТиллоДар арафаи ҷашни Наврӯз зарур шуморидам аз ҳолу аҳволи ветерани меҳнат ва ҷанг Бозор Нағзибекови 97- сола хабар гирам.

- Номбурда чун пештара зиндадил аст ва ҳам хотираи хуб дорад. Танҳо аз дарди пой каме ранҷ мекашад, — гуфт ба ман яке аз наздиконаш.

15-уми ноябри соли 1926 дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон ба дунё омада, дар мактаб-интернату хонаи бачагони ноҳияи Рӯшону шаҳри Хоруғ таҳсил намудааст. Аз айёми наврасӣ қиссаҳои аҷибе нақл кард.

- Модари Ғоибназар Паллаев, собиқ Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Тоҷихон ном дошт ва дар интернат ҳам ошпаз буду ҳам мураббия. Ғоибназар аз ман чор сол хурдтар буд. Холаи Тоҷихон ба хотири фарзандаш аз шаҳри Ӯши Қирғизистон ба интернати  Деҳбаста омад, то ягона  ҷигарбандаш аз фарҳангу оини аҷдодии худ дур нашавад. Агар гӯям, ки  мислаш дар вилоят он солҳо  ошпази моҳир набуд,- хато  намекунам, — гуфт ӯ.

Таҷлили ҷашни Наврӯзро дар соли 1940 хуб дар ёд дорад.

- Дар синфи шашум мехондаму таъкид карданд, ки аз пагоҳ ба ид омодагӣ мебинем. Мо, талабаҳо муваззаф шудем, ки синфхона ва хобгоҳамонро ба тартиб  орем. Бар ивазаш холаи Тоҷихон хӯрокҳои болаззати идона пухт. Рӯзи дигар сари миз нишаста, интизори таом шудем. Баъд назди ҳар кас хӯроке гузоштанд, ки қаҳваранг буду ширин. Ин сумалак буд, ки ман бори аввал мазаи онро чашидам. Сумалакпазиро бори нахуст дар Мактаб — интернати деҳаи Деҳбастаи ноҳияи Шуғнон бо шарофати модари дӯс­там Ғоибназар Паллаев дидам,- гуфт ӯ.

Фаъолияти меҳнатии қаҳрамони матлаб хеле барвақт оғоз ёфтааст. Баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбӣ — техникии №1-и шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) дар вазифаҳои гуногун кор карда, аз соли 1944 ба кори ҳизбӣ ва комсомолӣ мегузарад. Солҳои 1944 — 1945 дар вазифаи котиби якуми Кумитаи ноҳиявии Қалъаи Хумби ЛКСМ Тоҷикистон кор кард. Ариза навишта, ба мудофиаи Ватан рафт. Баъд аз хотимаи ҷанг ва аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС рухсат шудан роҳбарони вақтаи ҷумҳурӣ ӯро чун комсомоли фаъол котиби якуми Кумитаи ноҳиявии Қалъаи Лаби Оби ЛКСМ Тоҷикистон (ҳоло ноҳияи Тоҷикобод) таъин карданд. Солҳои 1949 — 1951 дар Мактаби дусолаи партиявии назди КМ ПК (б) Тоҷикистон таҳсил карда, дониши сиёсиашро мукаммал намуд.

Вақте ки вилояти Ғарм ташкил шуд, Бозор Нағзибековро котиби Кумитаи вилоятии комсомолии Ғарми ЛКСМ Тоҷикистон  оид ба кадрҳо таъин карданд.

- Соли оянда 70 — солагии зиндагии якҷояамонро бо ҳамсарам Чиндагул ҷашн хоҳем гирифт. Бо шарофати ҳамдигарфаҳмӣ фарзандони сазовори давронро ба воя расондем. Серфарзандем, Меҳринисо Нағзибекова доктори илмҳои филология, профессор аст. Назаршо тоҷири муваффақ дар шаҳри Краснодар. Зебуннисо молшинос, Файзинисо полковники Вазорати корҳои дохилӣ, Гулнор духтури дандон ва Моҳитобон молшинос аст.

Ӯ  70 сол боз сокини шаҳри Душанбе мебошад. Солҳои 1954 — 1955 мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи ноҳиявии Сталинободи ПК (б) Тоҷикистон, 1955 — 1957 котиби ташкилоти партиявии МТС-и №1-и ноҳияи Сталинобод, директори Комбинати хӯроквории саноати маҳаллии шаҳри Душанбе, солҳои 1963- 1965 директори чойхонаи «Роҳат» ва солҳои 1965-1967 муовини директори тарабхонаи «Вахш» кор кардааст.

Заҳматҳояш бо ордени Сталин, медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945» (1945), «Ба ифтихори 100 — солагии  зодрӯзи В.И.Ленин» (1970), «30 — солагии Ғалаба дар ҶБВ солҳои 1941- 1945» (1975), «Ветерани меҳнат» (1978), се Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (солҳои 1948, 1949 ва 1954) қадр шудааст.

9-уми майи соли 2010 муяссар гардид, ки дар Паради ҳарбӣ бахшида ба 65 — солагии Ғалаба бар фашизм  дар Майдони Сурхи шаҳри Москва иштирок кунад. Ҳамон вақт ба ӯ медали «65 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945» тақдим карданд.

Чун узви Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе аз соли 2006 дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ иштирок мекард. Як соли охир дарди пой ранҷаш медиҳаду  бештари вақт дар хона аст.

Рӯзе ки ба аёдаташ рафтем, хонааш пур аз меҳмон буд. Ба дидорбиниаш котиби Кумитаи ҳизби коммунисти Тоҷикистон Заррагул Мирасанова ва афсарон — намояндагони Базаи ҳарбии 201-и Федератсияи Россия дар Тоҷикистон омада буданд. Дар рӯйи миз сабзаи навхези сумалак ва дар косаҳо суманаки нав пухташуда гузошта буданд. Мавсуф меҳмононро ба чашидани суманак даъват карда, айёми таҳсил дар мактаб — интернати Деҳбаста ва аввалин  суманакхӯриашро бори дигар ба хотир овард.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»