6 — 9 июни соли равон дар шаҳри Душанбе Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» баргузор мегардад. Доир ба раванди омодагиҳо ба он бо раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал, фиристодаи вежаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Панели сатҳи баланди эътилофи обу иқлим, роҳбари Котиботи конференсияи Душанбе ва ҳамраиси «Раванди оби Душанбе» Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур мусоҳиба оростем.
- То ҷое иттилоъ дорем, ташаббус оид ба эълони даҳсолаи мавриди назар аз ҷониби Пешвои миллат аст…
- Бале. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 яке аз ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки соли 2015 дар доираи Форуми 7-уми ҷаҳонии об садо дод. Соли 2016, бо дарназардошти муҳимияти мавзӯъ ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро роҷеъ ба он қабул кард.
Ҳадафи асосии ташаббус тақвият бахшидани дастовардҳои даҳсолаи қаблӣ зери унвони «Об — барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, мусоидат ба равандҳои ҷаҳонии соҳаи об маҳсуб мешавад. Дастгирӣ ёфтани ташаббус аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шаҳодати он аст, ки об аз масъалаҳои калидӣ барои ноил гаштан ба рушди устувор буда, ташаббускори асосӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт нишони сиёсати муваффақ ва дурбинонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Ифтихормандем, ки Пешвои миллат соли 1999, ки он замон моҳияти масъалаи об ба ин дараҷа мубрам набуд, онро ба рӯзномаи Маҷмаи умумии СММ ворид карданд. Натиҷаи он талошҳо қабули қатъномаи Маҷмаи умумии СММ оид ба эълон гаштани соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза» мебошад. Баъдан, бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи умумии СММ қатъномаҳоро оид ба эълон кардани солҳои 2005 — 2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» қабул намуд, ки барои мусоидат ба татбиқи онҳо шаҳри Душанбе борҳо мизбони ҳамоишҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ гашт.
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 идомаи мантиқии ин раванд буда, барои суръат бахшидан ба амалҳо ва ҳамкорӣ ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои марбут ба оби рӯзномаи ҷаҳонии рушд нигаронида шудааст.
- Омодагӣ ба конференсия дар кадом сатҳ аст?
- Чун ташаббускори асосии чорабинӣ кишвари мост, вобаста ба татбиқи он Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 қабул шуд. Тибқи он, кумитаи тадорукот зери роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода таъсис ёфта, нақшаи чорабиниҳои дахлдор тасдиқ гардид. Ҳукумати кишвар тасмим гирифт, ки ҳар ду сол конференсияҳои байналмилалии сатҳи баландро оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» ҷиҳати мониторинг ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои он мизбонӣ мекунад. Конференсияи якум соли 2018 дар шаҳри Душанбе доир шуд. Конференсияи дуюм, мувофиқи нақша, бояд моҳи июни соли 2020 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардид, вале пандемияи COVID-19 сабаб шуду он ба соли 2022 монд.
Дар баробари кумитаи тадорукот, Кумитаи байналмилалии машваратӣ бо узвияти 30 коршиноси сатҳи ҷаҳонӣ бо намояндагӣ аз ҳукумати кишварҳо, ниҳодҳои СММ, институтҳои молиявӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъсис дода шуд. Онро Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Бонки ҷаҳонӣ раисӣ мекунанд. Кумитаи байналмилалии машваратӣ дар раванди омодагӣ ба Конференсияи дуюми Душанбе то ба ҳол 6 ҷаласа баргузор кард ва дар заминаи ба назар гирифтани тағйироте, ки дар ду соли охир ба вуқуъ пайваст, аз ҷумла, бо дарназардошти бемории COVID — 19, консепсияи баргузории конференсия, мавзӯъҳо, тартиби баргузории ҷаласаҳо аз нав таҳия ва аз ҷониби кумитаи тадорукот тасдиқ шуданд.
Дар ин давра ҷиҳати назорати раванди омодагӣ кумитаи тадорукот зери роҳбарии Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ду ҷаласа баргузор кард, ки дар доираи онҳо дар назди вазорату идораҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Даъватномаҳои расмӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои аъзо ва ниҳодҳои СММ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор аввали соли ҷорӣ ирсол шуда, айни замон тасдиқи иштироки ҳайатҳои кишварҳои аъзои СММ ва дигар ҷонибҳои дахлдор идома дорад. Таваҷҷуҳ ба конференсия хеле зиёд аст ва умед дорем, ки то 2000 сиёсатмадор ва олиму коршинос дар он ширкат меварзанд.
Омодагӣ ба дигар чорабиниҳои дар доираи конференсия баргузоршаванда, аз ҷумла Фестивали оби Душанбе, Марафони байналмилалӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ташкили намоишгоҳ ва экскурсияҳо низ бомаром идома доранд.
- Чаро чорабинӣ «Конференсияи дуюми байналмилалӣ» ном дорад?
- Бо дарназардошти ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, нақши Ҳукумати кишвар дар пешбурди ин масъала ва иқдомҳо ҷиҳати дар амал татбиқ кардани ташаббусҳои зикршуда Душанбе тайи ду даҳсолаи охир борҳо мизбони ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ дар соҳаи об гашт. Чорабиниҳо тавонистанд, ки Душанберо ба маркази ҳамоишҳои ҷаҳонӣ дар масоили об табдил диҳанд. Бо эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор тасмим гирифт, ки тартиби баргузории ин гуна ҳамоишҳоро дар доираи даҳсола ба низоми муайян дарорад, то имкони пайгирии мунтазам ва муваффақи раванди татбиқи он муҳайё гардад. Биноан, тасмим гирифта шуд, ки конференсияҳои байналмилалии сатҳи баланд ҳар ду сол як маротиба баргузор карда шаванд.
- «Раванди оби Душанбе» истилоҳи нав аст. Он чӣ гуна пайдо шуд?
- Ҳарчанд ибораи нав асту раванди татбиқи Даҳсолаи «Об — барои рушди устувор» — ро фаро мегирад, дар асл идомаи мантиқии талошҳои қаблии кишвари мост. Он аз ҷониби коршиносони ҷаҳонӣ дар раванди омодагӣ ба Конференсияи якуми Душанбе оид ба даҳсолаи об рӯи кор омад.
«Раванди оби Душанбе» механизмест аз чанд ҷузъ, ки бо ҳамдигар вобастагии зиёд доранд, таркиб ёфтааст. Нахуст манзур кумитаи миллии тадорукот зери роҳбарии Сарвазири кишвар бо узвияти роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор аст. Дуюм, котиботи конференсия дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои татбиқи вазифаву нақшаҳо дар самти ташвиқу тарғиби даҳсола ва баргузор намудани конференсияҳои Душанбе корбарӣ менамояд. Сеюм, котиботи даҳсола дар назди Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ маҳсуб мешавад, ки масъули назорати татбиқи ҳамоиши дар сатҳи ҷаҳонӣ аст. Чорум, кумитаи байналмилалии машваратӣ аст, ки барои шаффофу фарогир баргузор кардани конференсияҳои Душанбе ва ҷалби олимону коршиносон ба онҳо хизмат менамояд. Панҷум, кумитаи ҳидояткунандаи гурӯҳи дӯстони об аст, ки дар Ню-Йорк амал мекунад. Гурӯҳи мазкур бо ибтикори Тоҷикистон таъсис дода шуда, 80 кишвари аъзои СММ-ро дар бар мегирад.
Ин панҷ ҷузъ якҷоя кор карда, муваффақияти «Раванди оби Душанбе»-ро таъмин менамоянд.
- Дар доираи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» ба ғайр аз Тоҷикистон боз дар кадом кишварҳо чорабинӣ баргузор мешавад?
- Дар Қатъномаи СММ ба кишварҳои аъзои СММ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор тавсия дода шудааст, ки чорабиниҳои гуногунро ба хотири суръат бахшидан ба татбиқи ҳадафҳои даҳсола баргузор намоянд. Айни замон яке аз кишварҳое, ки талоши зиёд меварзад то даҳсола муваффақ шавад ва барои татбиқи ҳадафҳои он кумак мекунад, ҳамраиси мо дар Конференсияи СММ оид ба об дар соли 2023 Шоҳигарии Нидерландия мебошад. Аз ҷониби дигар, СММ низ ба хотири татбиқи даҳсола чорабиниҳои гуногунро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, моҳи марти соли гузашта, дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии об, Маҷмаи умумии СММ чорабиниҳои сатҳи баландро дар шаҳри Ню-Йорк баргузор намуд. Охири моҳи октябри имсол низ чорабинии махсус бахшида ба раванди омодагӣ ба конференсияи соли 2023 баргузор хоҳад шуд.
- Чорабиниҳои зикршуда ва Конференсияи оби СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028, ки 22 — 24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерландия баргузор мегардад, ба ҳамдигар чӣ алоқамандӣ доранд?
- Соли 2016 Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» қабул шуда, бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон соли 2018 Маҷмаи умумии СММ қатъномаи навро оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» қабул намуд. Ин қатънома пешбинӣ менамояд, ки соли 2023 дар шаҳри Ню — Йорк конференсияи СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» баргузор шавад.
Мавриди зикр аст, ки дар таъирихи СММ ин дуюмин конференсияи ин ниҳод бахшида ба об хоҳад буд. Конференсияи якуми он соли 1977 дар шаҳри Мар дел Платаи Аргентина баргузор шуд.
Соли 2020 Маҷмаи умумии СММ дар бораи тартиби баргузории конференсияи соли 2023 қатъномаи нав қабул намуд, ки тибқи он, конференсияро Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерландия ҳамраисӣ хоҳанд кард. Қатъномаи мазкур як қатор чорабиниҳои сатҳи ҷаҳониро номбар менамояд, ки метавонанд дар раванди омодагии конференсияи соли 2023 саҳми муносиб гузоранд. Чорабинии зикршуда дар ин қатънома дар сархати алоҳида зикр шуда, нақши калидии он барои баргузории конференсияи соли 2023 ба таври комил ва возеҳ нишон дода шудааст. Аз ин хотир, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба конференсияи Душанбе низ хеле баланд аст.
- Чӣ гуна Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерландия ҳамраис интихоб шуданд?
- Ин тартиби СММ аст ва чунин конференсияҳоро ду кишвар ҳамраисӣ мекунанд ва бояд яке аз он давлатҳо рушдкарда ва дигараш рӯ ба рушд бошад. Ба шарофати талошҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ҳамчун давлати пешбарандаи равандҳои ҷаҳонии об эътироф шудааст ва ҳамраисии Тоҷикистон дар конференсия мантиқист. Ҳамраис қабул шудани Шоҳигарии Нидерландия низ мантиқӣ аст, чун ин кишвар низ дар масъалаи об фаъолона кор мекунад. Подшоҳи Нидерландия замони пеш аз тахт нишастан чанд сол раиси Шӯрои назди Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои оби нӯшокӣ ва беҳдошт буд. Илова бар ин, кишвари зикршуда ба давлатҳои гуногун дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об кумаки зиёд менамояд. Аз дигар тараф, ин кишвар, бо вуҷуди он ки рушдкарда ва дорои технологияҳои наву таҷрибаи хуб ҳам бошад, ҳанӯз бо мушкилии зиёд рӯ ба рӯст. Яке аз масъалаҳои хеле ҷиддии он баланд гаштани сатҳи баҳр аст, ки ба минтақаҳои аҳолинишини соҳили кишвар хавф эҷод менамояд. Аз ин рӯ, Нидерландия саддҳои хеле бузургро барои ҳифзи ҳудуд ва аҳолиаш сохтааст.
Нуктаи дигар собит намудан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, ки чӣ гуна ду кишвари аз нигоҳи ҷуғрофӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву маданӣ гуногун метавонанд ба хотири об ҳамкорӣ кунанд.
- Зиёда аз 20 сол аст, ки кишвари мо дар саргаҳи иқдомҳои бузург вобаста ба масъалаҳои об қарор дорад. Конференсияи имсола аз чорабиниҳои қаблӣ чӣ тафовут дорад?
- Он идомаи мантиқии иқдомҳои роҳбарияти кишвар дар соҳаи об аст ва аз лиҳози тартиб ва ҳадаф шояд чандон фарқи зиёд аз чорабиниҳои қаблӣ надошта бошад. Вале, бо дарназардошти якчанд омил, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба конференсияи навбатӣ дар Душанбе хеле зиёд аст.
Мундариҷаи он таҷдиди назар гардида, барнома ва тартиби баргузорӣ нав шуд. Барномаи конференсия ба чор бахш гурӯҳбандӣ гардид. Дар гурӯҳи якум, ҳамбастагии об ва саломатӣ меҳвар аст. Гурӯҳи дуюм бахши об барои зиндагӣ ва рушди фарогири иқтисодиро дар бар гирифта, гурӯҳи сеюм ба масъалаҳои об, муҳити зист ва устувории иқлим ва гурӯҳи чорум ба таҳрики амал ва ҳамкорӣ дар соҳаи об рабт дорад.
Барномаи конференсия бо чорабиниҳои дигари фарҳангиву варзишӣ ғанӣ гардонида шудааст. Шоми 6-уми июн бори аввал дар доираи конференсияҳои байналмилалии дар кишвар баргузоршуда Фестивали оби Душанбе доир мегардад. Ин иқдом барои ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани таъриху фарҳанги бою қадима, расму таомул, санъати воло ва имконоту зарфиятҳои кишвар ва мардуми Тоҷикистон мусоидат менамояд.
4 — уми июн Марафони байналмилалӣ зери унвони «Об — барои рушди устувор» ташкил мешавад, ки он қисмати марафони глобалии «Run Blue» хоҳад буд. Марафони глобалии мавриди назар бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» ва конференсияи соли 2023-юм 22 марти соли ҷорӣ, дар Рӯзи ҷаҳонии об, дар Австралия оғоз карда шуд. Пешбарандаи ин иқдом ва ташаббус даванди машҳури ҷаҳонӣ ва яке аз фаъолони машҳур дар қисмати обу ҳифзи муҳити зисту иқлим хонум Мина Гули мебошад. Вай тасмим гирифтааст аз 22 марти соли равон то 22 марти соли 2023 дар кишварҳои гуногуни дунё 200 марафон ташкил намояд. Аз ҷумла, 14 марафон дар Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.
- Аз конференсияҳои зикршуда чӣ натиҷаҳоро метавон интизор шуд?
- Умед аз он зиёд аст. Натиҷаи он муайян менамояд, ки кишварҳо то чӣ андоза дар татбиқи ҳадафҳои даҳсола муваффақ гардиданд ва дар ин раванд ба кадом мушкилот мувоҷеҳанд. Аз рӯи он тавсияҳоро таҳия намуда, ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳо иқдомҳои нав пешниҳод мекунем. Чун конференсияи Душанбе барои баргузории конференсияи соли 2023 нақши калидӣ дорад, як қисмати санади ниҳоии конференсияи Душанбе паёмҳо ба конференсияи соли 2023 хоҳад буд.
Баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, ки дар он сарони давлату ҳукуматҳо ва олимону коршиносони варзидаи дунё иштирок мекунанд, имкони хуби муаррифӣ кардани захираҳои бузурги об, зарфиятҳои гидроэнергетикӣ, имкониятҳои сайёҳӣ, табиати зебову дилписанд ва мардуми самимиву меҳмоннавози кишвар маҳсуб шуда, ҳамчунин метавонад барои ҷалби сармоя ҷиҳати истифодаи захираву зарфияту имконот мусоидат намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди кишвари ҷавон ва начандон бузург будан, дар муддати кӯтоҳ тавонист, ки мақому манзалатро дар ҷаҳон баландтар кунад. Ин натиҷаи талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст.
Мусоҳибон
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»,
Шоистаи АҲМАД