Проблема ва мулоҳиза

Аз уребча ба ҷои зарар фоида гирифтан мумкин

№132 (4552) 28.10.2022

imageҲоло барои модароне, ки кӯдаки навзоду хурдсол доранд, уребча (памперс) яке аз туҳфаҳои арзишманд аст. Онҳо ба ин «либоси мушкилкушо» чунон одат кардаанд, ки агар мабодо он дар дӯкону мағозаҳо камчин ва ё қимат шавад, сару калобаашонро гум мекунанд. Ҳол он ки то ин вақт модарони тоҷик фарзандонро бе уребча ба воя мерасонданд.

Дар интернет мақолае бо номи «Как младенцы спят без подгузников и остаются сухие — гениальный узбекский способ» нашр шудааст, муаллиф аз гаҳвора, ки тамоми ҷиҳози ба роҳат хоб кардани кӯдак­ро дорад ва то саҳар дар он истифодаи уребча зарур нест, васф карда, онро «гениально» гуфтааст. Албатта, сарлавҳаи мақола зуд таваҷҷуҳамро ҷалб кард. Мантиқан дуруст, вале муаллифи мақола маълум аст, ки таърихро намедонад, миллатҳоро намешиносад…

Тоҷикон аз қадим тартибу усули хуби нигоҳубини кӯдак ва истифода аз гаҳвораро доранд. Гаҳвора зеби ҳар як хонаводаи тоҷик аз қарнҳои гузашта то ба имрӯз аст. Он барои хоби бароҳату нигоҳ доштани саломатии тифл бисёр мувофиқ аст.

Рӯзе набераи яксолаамро наз­ди духтур бурдем. Вақте ки вай ба муоинаи тифл шурӯъ кард, аз модараш хоҳиш намуд, то ки уребчаи фарзандашро кашад. Баъди дидани бадани кӯдак пурсидам:

- Ба хайр аст, духтур?

 Духтур ба ман нигариста гуфт:

- Хуб мешуд уребчаро камтар истифода баред. Баъзе аз модарон ҳангоми ба меҳмонӣ рафтан, сайругашт, сафарҳо ва шабона уребчаро дар бадани кӯдак нигоҳ медоранд. Пешоби кӯдак соатҳо ҷамъ шуда, ба бадани вай таъсири манфӣ мерасонад, хусусан барои духтарчаҳо зарараш зиёдтар аст.

Дар бораи зарари уребчаҳо ба саломатии кӯдакон зиёд мегӯянд, аммо бисёриҳо ба ин паҳлуи ­масъала аҳамият намедиҳанд.

Агар рӯзе барои як кӯдак ду-се уребча лозим бошад, дар 30 рӯз 80 — 90 дона ва дар як сол қариб 2000 дона сарф мешавад. Баъзе аз оилаҳо аз се то панҷ-шаш кӯдак доранд. Чунин оилаҳо дар як сол то 10000 уребча мехаранд.

Ғарбиҳо, ки бисёри навигариҳо аз онҳо оғоз меёбад, ҳоло зарари партови уребчаҳоро дарк карда, бонги изтироб мезананд ва ҳамзамон барои бартараф кардани оқибатҳои он чораҳо меандешанд.

Пеш аз он ки аз таҷрибаи дигар давлатҳо ҳарф занем, нахуст ба маълумоти хонандагон мерасонем, ки уребчаҳои истифодаи якдафъаи­наро ихтироъкоре аз Амрико – Мэрион Донован кашф кардааст. Вай дар оилаи ихтироъкорон ба воя расида, ба фаъолияти падараш доимо таваҷҷуҳ зоҳир мекард. Вақте ки оиладор мешаваду духтарчааш ба дунё меояд, соли 1946 барои нигоҳубини вай аз пардаи душ (ташноб) рӯйпӯше барои ҷойхоби кӯдак медӯзад. Ин имкон медиҳад, ки кӯрпаю дигар ҷиҳози хоб хушку тоза монад. Баъдан аз матои парашют уребча омода мекунад. Соли 1951 Мэрион барои навовариаш патент мегирад ва ихтирои вай зуд паҳн мегардад.

Ҳоло он дар бисёр кишварҳои ҷаҳон истеҳсол мешавад. Мутахассисон ҳисоб кардаанд, ки барои истеҳсоли уребчаи яквақтаина барои як нафар беш аз 130 килограмм майдапораҳои чӯб, 23 килограмм ашёи хоми нефтӣ ва 9 килограмм хлор дар як сол сарф мешавад. Баъд аз истифода уребчаҳо, ки вазну ҳаҷмашон як- ду баробар зиёд мешавад, ба партовгоҳи бузург табдил меёбад. Ширкати ҷопонии «SuperFaiths» технологияи навро ҷорӣ намуда, тавассути он уребчаҳо коркард ва аз он маҳсулоти сӯзишворӣ истеҳсол мекунад. Барои ҷопониҳо ва олмониҳо ин навъи сӯзишворӣ ҳамчун манбаи истеҳсоли қувваи барқ истифода мешавад.

Дар Шотландия соли 2012 коркарди уребча ва дигар молҳои гигиенаи шахсиро таҷриба карданд ва он аз ҷониби ҷомеа, хусусан падару модарон, дастгирӣ ёфт. Ин навъи молҳо асосан аз полимер ва майдапораҳои чӯб истеҳсол мешавад. Ҳангоми коркард онҳоро ҷудо мекунанд ва аз ашёи чӯбӣ масолеҳи сохтмонӣ ва аз маводи полимерӣ сандуқҳо барои партов ва дигар ашё месозанд. Баъд аз дар истеҳсолот ҷорӣ гардидани ин навоварӣ фаъолияти корхонаи ширкати «Knowaste» ба роҳ монда шуд ва он то ин дам беш аз 70 миллион дона уребчаҳоро коркард намуда, молу ашёи зарурӣ истеҳсол кард. Дар Олмон маркази қабули партовҳои шаҳри Бремен бо Хонаи пиронсолон барои харидории беш аз 100 тонна уребчаҳои якдафъаинаи истифодашуда шартнома бастааст.

Мутаассифона, чунин таҷриба алҳол дар кишварҳои Осиёи Миёна ҷорӣ нашудааст ва партови уребчаҳо дар ҳоли афзоиш аст. Баъзан партовҳоро месӯзонанд, ки дар натиҷа аз онҳо газҳои зараровар хориҷ мешавад.

Ҳоло мо оқибатҳои таъсири уребчаро ба саломатӣ дарк накардаем, аммо дида истодаем, ки он муҳити зистро чӣ тавр ифлосу зараровар кардааст. Пас, бояд бетаъхир дар андешаи ҳалли ин масъала бошем.

К. БУРҲОНИДДИН,

«Садои мардум»