Дар ноҳияи Тоҷикобод ба ҷалби инвеститсия барои маблағгузории соҳаҳои хоҷагии халқ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Чунончӣ дар шаш моҳи сипаригардидаи соли равон аз тарафи Хазинаи Оғохон сохтмони хатти оби нўшокӣ дар деҳаи Файзбор бо маблағи 684807 сомонӣ ба анҷом расонда шуд. Инчунин сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ дар ҳамин деҳа бо маблағи 326 ҳазор сомонӣ, таъмири бинои КАТС-и ноҳия бо маблағи 82000 сомонӣ идома доранд, ки то охири соли ҷорӣ ба анҷом мерасанд.
Аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 2 лоиҳа амалӣ гардид. Аз ҷумла, таъмири канали Сари пул-Зарафшон ба маблағи 215 ҳазор сомонӣ, таъмири 2 синфхонаи литсейи касбӣ-техникӣ ба маблағи 130 ҳазор сомонӣ, дар маҷмўъ аз тарафи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар ноҳияи Тоҷикобод ба маблағи 344 ҳазор сомонӣ корҳо амалӣ шудааст.
Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12, деҳаи Қалъаи лаби об бо маблағгузории БМИМТ (НСИФТ) сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ ба маблағи 1 млн. 800 ҳазор сомонӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17, деҳаи Мазори боло ба маблағи 1 млн. 800 ҳазор сомонӣ идома дорад.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»