Ба ғамхориҳои Сарвари Давлат бо меҳнати ҳалол ҷавоб мегӯянд

№50 (3530) 16.04.2016

Дар ноҳияи Сангвор барои дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ пешвоз гирифтани 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободонию созандагӣ идома дорад.

Сохтмончиён саъй доранд, ки 32 иншооти хурду бузурги дар ноҳия ба нақша гирифташударо дар арафаи таҷлили ҷашн ба охир расонанд. Сохтмони бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия низ аз ҳамин ҷумла аст. Барои бунёди ин бино аз буҷети маҳаллӣ маблағи зарурӣ пешбинӣ шудааст.

Чанде пеш бинои идораи нозироти андози ноҳия ба истифода дода шуд. Бинои мазкур аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст ва дар он барои кормандон шароити зарурӣ фароҳам гардидааст. Бино аз утоқҳои корӣ, толори маҷлисгоҳ иборат мебошад. Ҳамчунин, барои қабули меҳмонон дар шафати он меҳмонхона сохта шудааст.

- Мардуми ноҳияи Сангвор, — гуфт раиси ноҳия Ғайрат Ҳиммат, — сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд ва дар ивази ғамхориҳои Сарвари давлат бо меҳнати ҳалол ва корҳои ободонию созандагӣ ҷавоб мегӯянд.

 Диловари МИРЗО, «Садои мардум»