Аз пайи мактуб

Ба эҳсону карам дилҳо ба даст ор…

№84 (4190) 11.07.2020

104496055_2719057578235651_8447343754596156018_nБа чашмони ӯ менигарам. Нигоҳи пур аз меҳраш ҷониби фарзандон, ки даври ӯ нишастаанд, дӯхта шудааст. Бо навозиш як-як аз онҳо ном мебарад. Дар нигоҳи ӯ саодату қаноатмандиро аз зиндагӣ мебинам. Ҳар лаҳза шукр мекунад.

- Худованд барои ман фарзандҳои зеборо лоиқ дидааст, — ба ман рӯй оварда мегӯяд Рустам. –Магар аз ин бахти бузург мешавад? Ду писару ду духтари нозанин. Шукронаи дунёи зебо, фарзандони дилрабо, тинҷиву оромӣ ва сарзамини биҳиштосоро мекунам.

Дар бораи ӯ шунида будам. Ҳолдонҳо мегуфтанд, ки Рустам бо вуҷуди дарду ранҷ, барои ободии хонаву дараш, барои таъмини рӯзгори шоистаи хонаводааш талош мекунад. Бо супориши рӯзнома ба аёдати ӯ рафтам. Суҳбати пурмуҳтавояш хушам омад, ботамкину ором ҳарф мезанад.

- Чанд рӯз пештар раис ба аёдат омада буд, — аз нав садо баланд мекунад Рустам. — Худованд давлаташро зиёд кунаду умрашро дароз. Хеле барвақт ӯро мешиносам. Муовини раиси ноҳия буд, ба Ҳоит, ки меомад, хабар мегирифт. Ҷавонмарди дилсӯзу меҳрубон аст…

Пайи тафтиши номаи ӯ омадам. Ба рӯзномаи «Садои мардум» онро навишта, арзи ҳол кардааст. Умед дорад, ки рӯзнома дар ҳалли мушкилот ба вай ёрӣ медиҳад.

- Ғами худамро чандон намехӯрам, — гӯё андешаҳои маро пай бурда мегӯяд Рус­там. — Чанд моҳ пештар дар шаҳраки Ғарм оид ба вазъи маъюбон ҷамъомад баргузор гардид. Дар ноҳия филиали ташкилоти ҷамъиятии Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистонро таъсис доданд. Дар маҷлис якдилона сарварии иттиҳодияро ба зиммаи ман гузош­танд. Дар бинои зебои чорошёнаи мақомоти иҷроия бароям дафтари корӣ ҷудо карда, бо таҷҳизот таъмин намуданд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар доираи имконот ба мо ёрӣ мерасонад. Ташкилотҳои хайриявии байналмилалӣ ҳам дар канор намемонанд, аммо шумораи маъюбон дар ноҳия хеле зиёд аст. То ҳол беш аз 1300 маъюбро ба рӯйхат гирифтем. Акнун масъулияти зиёд ба дӯшам бор шуд. Бояд барои таъмини рӯзгори ҳар як маъюб талош кунам.

Рӯзе, ки Рустам ба дунё омад, падараш Каримҷони раҳматӣ аз шодӣ ҷои нишаст намеёфт. Бо даҳони пур аз ханда ба ҷӯраҳояш рӯй оварда гуфт, ки «ҳамсари азизам, барои ман писари паҳлавонҷусса ҳадя кард. Дасту бозуяшро мебинаму қиссаҳои Рустами Достон ба ёдам меояд. Ба ҳамин хотир Рустам номаш кардам».

Рустам соли 1979 дар деҳаи Ҳоити ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. То дусолагӣ бенуқсон калон шуд. Ҳамранги дигар бачаҳои деҳа дар саҳни ҳавлӣ давутоз мекард ва гоҳе падар аз кор бармегашт, ӯро ба оғӯш мекашиду навозиш мекард. Бало ногаҳон омад. Як шаб Рустам бемор шуд. Таби баланд пайкари тифли аз ташвишҳои дунё бехабарро такон дод. Табибон чанд рӯз заҳмат кашиданд, аммо дар муқобили дарди ҷонгудоз оҷиз монданд. Рустам шифо ёфт, лекин дигар аз ҷо хеста наметавонист. Аввал пойҳо ва баъд дастҳояш аз кор монда, лоғар шуданд.

- Агар ҳамин бемории даҳшатзо намеомад, шояд кори мо хуб мегардид, — аз нав мешунавам овози ӯро. — Бемории сироятии коронавирусро дар назар дорам. Дар он рӯзҳои душвор ба касе муроҷиат накардем. Шукр дар кишвар мардони саховатманд, ки даст ба корҳои хайр мезананд, кам нестанд. Онҳо моро дастгирӣ мекунанд. Бовар дорам, ки рӯзе мерасаду маъюбони ноҳия дигар ба ҳеҷ мушкилӣ мувоҷеҳ намегарданд.

- Шукр шароити хонаводаам бад нест. Хешу табор, ҳаққу ҳамсоя ва ҳамдеҳаҳо ҳамеша маро дастгирӣ менамояд. Аз ҳукумати ноҳия пайваста ёрӣ мегирам, лекин барои дигар маъюбон мехоҳам кумак расад. Ҳастанд маъюбоне, ки танҳо бо мадади ҳукумату ташкилотҳои хайриявӣ рӯз мегузаронанд.

Ҳамсараш ба ду паҳлуяш болишт мегузорад. Рафтори зани меҳрубонро мебинаму табъам болида мешавад. Аз он хурсанд мешавам, ки зани тоҷик чӣ дили бузургеро соҳиб аст. Салима ҷавонзани зебост ва аз қисмати хеш розӣ ба шавҳари маъюбаш меҳрубонӣ мекунад.

- Раҳмат ба ту, хоҳари азиз, — ба Салима муроҷиат мекунам ман. — Савоби бузургро соҳиб шудаӣ. Манфиаташро дар ду дунё хоҳӣ дид. Бар падару модарат раҳмат!

Салима пайи кор меравад ва мо боз танҳо мемонем. Болои хонтахта телефон истодааст.

- Ин телефони кист? — кунҷковӣ мекунам ман.

- Телефони ман, — бо чеҳраи кушод мегӯяд Рустам ва бо як дасташ, ки камубеш кор мекунад, телефонро наздиктар меорад. — Баъзан ба воситаи интернет аз ин гӯшаву он гӯшаи дунё хабарҳоро мехонам. Бо ёру рафиқ суҳбат мекунам. Шукрона мекунам, ки Тоҷикистон ором аст ва мардум осуда зиндагӣ мекунанд…

Ба пайкари ӯ менигарам: мактаббачаи синфи панҷро мемонад, аммо андаруни он ҷисм марди солимақлу накугуфтор истодааст. Ҷавонмарде, ки ба дарди ҷонгудоз, ба мушкилоти рӯзгор тан намедиҳад. Барои ҳаёт мубориза мебарад. Мехоҳад, гумкардаи хешро дар ояндаи фарзандон бинад. Орзу дорад, онҳо дар мактаб таҳсил кунанд, соҳибкасб шаванд ва дар ободии мамлакат саҳм гузоранд.

-Ба он хотир ба рӯзномаи шумо нома фирис­тодам, ки дар бораи мо нависанд. Ташкилоти мо суратҳисоб дорад. Агар мардони хайрхоҳ ёрӣ додан хоҳанд, метавонанд маблағ гузаронанд. Он барои дастгирии маъюбон хеле муҳим аст.

Бо ӯ хайрухуш мекунам ва аз дарвоза берун мешавам. Бовар дорам, ки мардони олиҳиммату инсонпарвар ҷавонмарди маъюбро, ки барои худ ва дигар маъюбон пайваста талош мекунад, дастгирӣ менамоянд. Беҳтарин хислати инсони комил саховату карам аст. Он лаҳза байти яке аз бузургони миллати хеш Фаридуддин Аттори Нишопурӣ ёдам омад:

Ба эҳсону карам дилҳо ба даст ор,

К-аз ин беҳтар набошад дар ҷаҳон кор.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»