Дар толори миллии меҳмонхонаи «Тоҷикистон»- шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Байналмилалии Молиявӣ (ИБМ) ва ширкати хабарнигорони нашрияву марказҳои иттилоотии давлатию хусусӣ ҷамъомад баргузор гардид. Он ба амалишавии лоиҳаи «Мусоидат ба соҳаи бизнес дар самти амалӣ намудани қонунгузории нави андоз, ҳамчунин ҷамъи пешниҳодҳо ва омода сохтани тавсияҳои мувофиқ» бахшида шуд.
-Ин лоиҳа барои маълумотнок кардани намояндагони соҳаи бизнес тавассути равшанӣ андохтан ба қисмҳои муҳими қонунгузории нави андоз, шиносойӣ бо ҷобаҷогузории ҳисоботи нав, пур кардан ва пешниҳод намудани шакли ҳисоботи андоз ва супоридани андоз, инчунин андозсупорӣ дар шакли электронӣ равона шудааст. Мақсади асосӣ шинос намудани аҳли ҷомеа бо манфиатҳои татбиқи лоиҳа, қадамҳои оянда дар самти огоҳ намудани намояндагони соҳаи бизнес атрофи масъалаи дар амал истифода шудани қонунгузории нави андоз ва гузаронидани силсилатренингу семинарҳои омӯзишӣ ба шумор меравад,- гуфт дар ифтитоҳи ҷамъомад раиси Раёсати Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлуба Улҷабоева. Вай ва ҳамзамон сардори Раёсати хизматрасонии андозсупорандагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидаҳтам Абдуллоев аз ҳамкорӣ дар бахши татбиқи лоиҳаи зикршуда изҳори қаноатмандӣ карданд. Дар ин робита С. Абдуллоев иброз дошт:
-Таври якҷоя, дар давраи татбиқи лоиҳа, зиёда аз 900 семинару тренинг гузаронидем. Мутаассифона, кори фаҳмондадиҳӣ оид ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби дигар вазорату ташкилотҳои марбута суст ба роҳ монда шудааст. Бо вуҷуди ин, мушоҳида мешавад, ки андозсупорандагон моҳияти қонунгузории нави андозро хубтар сарфаҳм рафтаанд. Барои тасдиқи ин гуфта зикр кардан бамаврид аст, ки агар дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ вобаста ба Кодекси андоз 1700 саволҳо пешниҳод гардида буд, дар семоҳаи дуюм адади пурсишҳо ҳамагӣ 800-ро ташкил дод.
Мушовир оид ба масъалаҳои сиёсати андози Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Дмитрий Пятаченко оид ба ҳамкориҳои ин ташкилот бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар кард.
Хабарнигороне, ки дар ҷамъомад ҳузур доштанд, барои савол додан имкон пайдо накарданд, зеро миёни намояндагони соҳаи бизнес ва мақомоти андоз баҳсу мунозира дуру дароз идома кард.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»