Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳои «Картошкапарварӣ ва роҳҳои рушди он» (рӯзномаи «Садои мардум» № 105-106, аз 17 августи соли 2012) ва «Чаро картошкаи Мастчоҳ ва Ҷиргатол тухми анқост?»-ро («См» № 54, аз 3 майи соли 2012) мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад:
Кишоварзони мамлакат тамоми саъю кӯшиши худро нисбати истифодаи самараноки заминҳои корам, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ба ин васила ғанӣ гардонидани дастархони мардуми Тоҷикистон дар роҳи таъмини амнияти озуқавории мамлакат равона намудаанд.
Бо назардошти зиёд намудани майдони кишти картошка дар қаламрави мамлакат Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, якҷоя бо олимони соҳа лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016»-ро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд ва барномаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №128 аз 3 апрели соли 2012 тасдиқ гардид.
Баҳри амалӣ намудани ин барнома фармоиши Вазорати кишоварзӣ таҳти №82 аз 2 майи соли 2012 ба тасвиб расида, дар асоси он Нақша — чорабиниҳо таҳия гардида, тибқи рӯйхат ба сарраёсат ва раёсатҳои кишоварзии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол карда шуд.
Тибқи барномаи мазкур то соли 2016 дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ давра ба давра майдони кишти картошка ба 42 ҳазор гектар ва истеҳсоли он то ба 1 млн. тонна расонида мешавад, ки дар ҳолати амалӣ гаштани он аҳолии кишвар бо картошкаи ватанӣ пурра таъмин гашта, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакати содиркунандаи ин намуди маҳсулот табдил мегардад.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақа ва хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ» аз 28 июли соли 2009 таҳти №413 дар шабакаи хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ нуҳ хоҷагии давлатӣ, деҳқонӣ (фермерӣ), кооперативӣ ва ҷамоавӣ фаъолият доранд, ки ба минтақа ва хоҷагиҳои махсуси истеҳсолкунандаи тухмии картошка шомил гардидаанд.
Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2012 таҳти № 2488 баҳри таъмин намудани хоҷагиҳои ноҳияҳои баландкӯҳи ҷумҳурӣ бо картошкаи тухмӣ моҳи апрели соли 2012 аз ноҳияи Ғончии вилояти Суғд бо маблағи 2,5 млн. сомонӣ ва иловатан аз захираҳои дохилии Вазорати кишоварзӣ ба маблағи 125 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби КВД «Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон» ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 2 млн. 690 ҳазор сомонӣ картошкаи тухмии шартии навъҳои «Кардинал» ва «Пикассо» харидорӣ ва тибқи рӯйхат ба ВМКБ 102,8 тонна, вилояти Суғд 304,3 тонна, вилояти Хатлон 233,9 тонна, ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 803 тонна, дар маҷмуъ ба миқдори 1444 тонна картошкаи тухмӣ ба хоҷагиҳои ҷумҳурӣ тибқи шартномаи тарафайн бо таносуби 1:0,5 дастрас карда шуд.
Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ соли 2012 дар майдони 41785 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбати соли 2011-ум 5068 гектар зиёд мебошад. Аз ин майдон 20678 гектараш (49,5 фоиз) ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), корхонаҳои кишоварзӣ мансуб мебошад, ки нисбат ба соли 2011-ум 4650 гектар зиёд ва 21107 гектараш (50,5 фоиз) ба бахши аҳолӣ мансуб мебошад, ки нисбати соли 2011-ум 418 гектар зиёд аст.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1 январи соли 2013 дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 991044 тонна картошка истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 127957 тонна зиёд мебошад.
Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба 1 январи соли 2013 ҳаҷми захираи картошкаи тухмӣ дар ВМКБ – 8002 тонна, вилояти Суғд – 6887 тонна, вилояти Хатлон – 3780 тонна ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13653 тонна, ҷамъ дар ҷумҳурӣ 32322 тоннаро ташкил медиҳад, ки 40 фоизи талаботро ба тухмӣ таъмин менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҷумҳурӣ барои таъмини майдони кишти картошка барои ҳосили соли 2013 зиёда аз 80 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ лозим мебошад ва боз харидорӣ намудани 48 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ зарурият дорад.
Муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти биотехнологии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон барои аз вирусҳо ва дигар сироятҳо озод намудани навъҳои гуногун, ташхиси касалиҳо, муҳофизати растанию лӯндаҳои картошка аз сирояти такрорӣ, афзоишдиҳии босуръати тухмӣ тадқиқотҳо гузаронида, низоми илмии рӯёнидани ҳосили баланди ин зироатро пайваста дар истеҳсолот татбиқ менамоянд.
***
Мақолаи номзади илмҳои кишоварзӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон Сайфиддин Садриддинов дар мавзуи «Истифодаи самараноки замин бехатарии амнияти озуқавориро таъмин менамояд», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 28 феврали соли 2013 таҳти №24 (3009) чоп гардидааст, мавриди омӯзиш ва баррасии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода шуд.
Дар мақолаи мазкур масъалаҳои ҳалталаби соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ворид намудани моддаҳои органикӣ барои ҳосилхез намудани хок, самаранок истифодабарии замин ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани маданияти истифодабарии замин, кишт намудани тухмиҳои хушсифат ва ба роҳ мондани соҳаи тухмипарварӣ, назорати сусти карантинӣ аз болои тухмиҳои зироатҳои кишоварзии аз хориҷи кишвар воридшуда, коркарди маҳсулоти ватанӣ, васеъ ҷорӣ намудани зироатҳои равғандиҳанда, истифодабарии партовҳо ҳамчун нуриҳои органикӣ, зиёд намудани кишти лаблабуи қанд ва сохтани завод доир ба коркарди он, ислоҳоти иқтисодӣ дар соҳаи кишоварзӣ, васеъ татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ва ғайра пешниҳод шудааст.
Масъалаҳои муҳими рушди кишоварзии мамлакат ва таъмини бехатарии озуқаворӣ, ки дар мақолаи мазкур зикр гардидааст, ба роҳбарон, мутахассисон ва олимони соҳа маълум аст ва барои ҳалли аксари онҳо дар шароити имрӯзаи гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ дастгирии давлатӣ, маблағҳои зиёд ва инноватсияҳои нав талаб карда мешавад.
Бинобар ин, аз тарафи олимон ва мутахассисон дар сатҳи ҷумҳурӣ 14 барномаи соҳавӣ таҳия шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид ва амалишавии онҳо ба қадри имкон идома дорад. Инчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012 таҳти №383 «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012- 2020» тасдиқ шуд. Тибқи Барномаи мазкур, масъалаҳои муҳими хизматрасонӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва маблағгузории алтернативӣ амалӣ гардонида мешавад.
Ҳамзамон оид ба баъзе масъалаҳое, ки дар мақолаи мазкур зикр гардидаанд, Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин пешниҳод менамояд:
Нисбат ба тухмипарварӣ, масъалаи ворид шудани тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ аз Федератсияи Россия ва дигар мамлакатҳо ба ҷумҳурӣ табиист. Дар ҳама давлатҳои пешрафтаи дунё навъҳои ватанӣ танҳо 40- 50 фоизро аз майдони умумӣ ташкил медиҳад. Муаллиф оид ба воридоти тухмӣ ба ҷумҳурӣ дуруст баҳо дода, зикр кардааст, ки навъҳои аз берун воридгашта бояд муддати ду- се сол дар минтақаҳои ҷумҳурӣ санҷида, баъди хулосаҳои илман асосноки олимон ва мутахассисон барои парвариш иҷозат дода шавад.
Оид ба ҳосилнокии пасти пахта. Дуруст аст, ки ҳоло на ҳама хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерон аз парвариш ва истеҳсоли пахта фоида мегиранд. Бинобар ин, зарур аст, ки онҳо тавсияи олимонро оид ба агротехникаи парвариши зироати мазкур дар амал татбиқ намоянд. Бар замми ин, бисёр омилҳое вуҷуд доранд, ки барои гирифтани ҳосили баланд мусоидат менамоянд. Аз ҷумла самаранок истифода бурдани нуриҳои органикию минералӣ, заҳрхимикатҳо, усулҳои муборизаи биологӣ бар зидди зараррасонҳо ва риояи низоми киштгардон.
Оид ба кишти лаблабуи қанд. Ин масъала солҳои пешин муҳокима гардида, васеъ намудани кишти зироати лаблабу ва сохтмони корхонаи истеҳсоли қанд ба нақша гирифта шуда буд аммо амалӣ нагардид.
Бинобар ин, дар шароити кунунии муносибатҳои бозорӣ ва ислоҳоти кишоварзӣ дар ҷумҳурии мо бунёди корхонаҳои коркарди лаблабуи қанд талаби замон буда, дар баробари рушди соҳаи картошка ва бунёди боғу токзор, васеъ намудани майдони кишти лаблабуи қанд низ ба мақсад мувофиқ аст.
Оид ба истифодаи пору ва биокомпост. Дар солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷумҳурӣ фермаҳои калони давлатӣ фаъолият мекарданд ва ба ҳар як гектар замин то 15- 20 тонна пору ворид карда мешуд. Ҳоло мувофиқи маълумоти омории ҷумҳурӣ 90- 95 фоизи чорво хусусӣ буда, истифодабарии пору дар замин яке аз мушкилоти ҳалталаби кишоварзӣ мебошад. Тибқи меъёр, дар сурати ба ҳар як гектар 20 тонна пору андохтан, зиёда аз 15 млн. тонна пору зарур аст. Дар шароити имрӯзаи нарасидани қувваи барқ ва набудани гази табиӣ дар деҳот ва ҳамчун сӯзишворӣ истифода бурдани поруи чорво, истифодаи васеи он ҳамчун маводи органикӣ дар соҳаи кишоварзӣ аз имкон берун аст.
Дар масъалаи истифодаи «Биокомпост»-и Корхонаи масъулияташ маҳдуди «Наврӯз»-и шаҳри Душанбе ва КМУ- и Корхонаи «Восток»-и Федератсияи Россия, зикр кардан бамаврид аст, ки доир ба онҳо танҳо хулосаҳои мақомоти экологӣ ва ҳифзи табиат, Пажуҳишгоҳи илмию таҳқиқотии назди Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст. Аммо оид ба ин масъала хулосаҳои Вазорати кишоварзии мамлакат, институтҳои хокшиносӣ ва зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд нест.
Муаллифи мақола аз нуқтаи назари иқтисодии имрӯзаи кишварамон, бо назардошти дастовардҳои давлатҳои абарқудрати дунё, навигариҳои илму техникаи ҷаҳони муосир, дигаргуншавии муносибатҳои бозорӣ масъалаҳои бисёри рӯзмарраи рушди кишоварзиро хотиррасон мекунад, ки амалӣ намудани онҳо баҳри таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Ҷ.САИДОВА, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон