Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

№69 (3054) 08.06.2013

 Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Амнияти озуқаворӣ –афзалияти сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ»- ро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» таҳти №19 аз 16 феврали соли 2012 чоп гардида буд, мавриди омӯзиш ва барррасӣ қарор дод.

Ҷоиз ба зикр аст, ки кишоварзони мамлакат баҳри афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо истифода аз тамоми воситаю имкониятҳои мавҷуда ва ба ин васила ғанӣ гардонидани дастархони мардуми Тоҷикистон дар роҳи таъмини амнияти озуқавории мамлакат кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Мавриди зикр аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №383 аз 1 августи соли 2012 «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» қабул гардид. Ҳамзамон тибқи муқаррароти ислоҳоти институтсионалӣ ва пешниҳоди шарикони рушд, дар сохтори вазорат Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ таъсис шуд. Дар таркиби ин раёсат шуъбаи  сиёсати аграрӣ ва дастгирии бахши хусусӣ, шуъбаи мониторинги барномаҳои давлатӣ ва бахши амнияти оузқаворӣ ва масъалаҳои Созмони Умумиҷаҳони Савдо (СУС) ташкил шудааст.

Тадбирҳои андешида ба он мусоидат намуд, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи  шаклҳои хоҷагидорӣ ба 860,1 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,7 фоиз зиёд мебошад. Суръати афзоиш дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ мутаносибан 25,3 ва 7,5 фоизро ташкил медиҳад.

Омили зиёдшавии ҳаҷми умумии маҳсулот ин афзудани маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли сабзавот ба 1262 тонна (154,3 фоиз), гӯшт ба 25526 тонна (106,8 фоиз), шир ба 141347 тонна (108,6 фоиз), тухм ба 74987 ҳазор дона (106,5 фоиз) пашм ба 269 тонна (109,3 фоиз), гӯшти моҳӣ ба 194,3 тонна (127 фоиз) расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2011 зиёд аст.

Бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат соли ҷорӣ дар майдони 291233 гектар кишти зироатҳои ғалладонагӣ гузаронида шудааст.

 Ҷ. САИДОВА,

муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон