Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи хабарнигори рӯзнома Ш. Атобуллоевро, ки таҳти унвони «Моҳипарварӣ- соҳаи афзалиятнок, аммо ба дастгирӣ ниёз дорад» 8 июни соли 2013 таҳти №68 чоп шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки соҳаи моҳипарварӣ яке аз соҳаҳои кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ мавқеи муҳим дорад.
Мавриди таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтани соҳаи моҳипарварӣ ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008 таҳти №306 тасдиқ гардидани Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 ба пешравии соҳа мусоидат намуд.
Мақсади асосии барнома зиёд намудани саршумор, маҳсулнокии моҳиҳо, такмил додани сифатҳои ирсии моҳиҳо ва ба ин васила таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Дар раванди амалишавии Барнома барои бо мутахассисон таъмин намудани соҳаи моҳипарварӣ соли 2009 дар факултети зооинженерии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ихтисоси «Моҳипарвар» ташкил гардид.
Соли 2012-ум 17 нафар соҳиби ин ихтисос гардиданд, лекин ин басанда набуда, дар оянда факултети ҷудогона таъсис дода, сафи донишҷӯёнро зиёд намудан лозим аст. Ҳамчунин тайёр кардани мутахассисони соҳа дар хориҷи кишвар барои омӯзиш ва ҷорӣ намудани технологияи нави моҳипарварӣ ва моҳидорӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Қобили зикр аст, ки дар давраи солҳои 2009- 2012 Барнома бо истифодаи маблағҳои зикргардида тавассути Озмуни харид бо мақсади тоза намудани хуни моҳиҳои дар ҷумҳурӣ парваришёбанда берун аз марзи ҷумҳурӣ 20 миллион дона кирминамоҳичаҳо, инчунин 1 миллиону 125 ҳазор дона моҳичаҳои намудҳои зағорамоҳӣ (аз ҶСК «Суғд –Моҳӣ»- и шаҳри Қайроққум) ва 22523 дона моҳичаҳои гулмоҳӣ (аз ҶДММ «Форел»-и шаҳри Ваҳдат) харидорӣ гардидааст. Ҳамзамон аз ин ҳисоб таҷҳизоти моҳипарварӣ ва моҳидорӣ, аз ҷумла чор адад қаиқҳои муҳаррикдор ва 428 адад тӯри моҳидорӣ харидорӣ шудааст.
Миқдори зикргардидаи кирминамоҳичаҳо, моҳичаҳо (намуди гулмоҳӣ ва зағорамоҳӣ) ва таҷҳизоти моҳипарварию моҳидорӣ дар асоси талаботи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастрас шудааст.
Ҳамзамон соли 2013 низ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ барои амалишавии Барнома 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки аз ин ҳисоб 20 миллион кирминамоҳиҳо (аз дохили ҷумҳурӣ) ва 12 ҳазор моҳичаҳои гулмоҳӣ харидорӣ гардида, ба хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ тақсим карда шуд.
Мутаассифона, барои амалишавии Барнома дар давраи солҳои 2014-2015 аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ маблағ пешбинӣ нагардидааст, ки ин барои пешрафти соҳа таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин лиҳоз, вазорат барои ба роҳ мондани маблағгузории Барнома ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷумҳурӣ имкониятҳои зиёд барои афзун намудани истеҳсоли моҳӣ мавҷуд аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 500 дарё ҷорӣ мебошад. Шумораи умумии дарё, дарёчаҳо ва обшорҳои муваққатӣ зиёда аз 25 ҳазорро ташкил медиҳанд, ки дарозии умумиашон қариб 70 ҳазор километрро дар бар мегирад.
Ҳисоби миёнаи ҷоришавии обҳои дар ҳудуди ҷумҳурӣ ташкилшаванда 64 км3 –ро ташкил медиҳад. Манбаи умумии оби дарёҳо 87,2 км3 мебошад. Дар Тоҷикистон 13000 кӯл бо майдони умумии 705 км2 ва ҳаҷми оби 45,3 км3, ки 20 км3 онро оби нӯшокӣ ташкил медиҳад, ҷойгир шудаанд.
Инчунин ҳашт адад обанборҳо бо масоҳати 556,31 км2, дарёҳои калонтарин шаш адад бо масоҳати умумии 5555 км2 дар ҷумҳурӣ мавҷуд аст. Намудҳои асосии моҳиҳои дар ҷумҳурӣ парваришёбанда -зағорамоҳӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, гулмоҳии севанӣ- дар ноҳияи Мурғоб, гулмоҳии рангинкамон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва пешонапаҳни сафед дар дарёҳои Панҷ ва Сирдарё, плотваи аралӣ дар дарёи Сирдарё, лақамоҳӣ- каналнйи сом дар дарёҳои Панҷ ва Сирдарё, ширмоҳӣ –маринка дар дарёҳои Панҷ, Вахш ва Сирдарё, морсар -дар дарёҳои Панҷ, Вахш, Зарафшон ва Сирдарё вомехӯрад.
Дар баробари ин, танзими масъалаҳои ба ҳисоботи оморӣ, яъне пурра ворид намудани нишондиҳандаҳои истеҳсоли моҳӣ, фаъол гардонидани масъалаи назорати соҳа аз тарафи мақомоти ҳифзи муҳити зист бо мақсади барҳам додани қочоқи сайди моҳӣ барои рушди соҳа мусоидат менамояд.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли моҳии молӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамояд.
Ҳамзамон Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкории самаранок бо рӯзномаи «Садои мардум» изҳори қаноатмандӣ намуда, боварӣ дорад, ки он минбаъд низ таҳким меёбад.
З.ЗЕВАРШОЕВ, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон