Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Баҳси доманадор барои замин дар Ҷайҳун Ба он кӣ бояд хотима бахшад?»

№138 (4244) 10.11.2020

Мақолае, ки таҳти ин унвон дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Садои мардум» аз 11 августи соли 2020, № 96-97 (4202-4203) оид ба муроҷиати роҳбари хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и «Ҳасан»-и ноҳияи Ҷайҳун Абдураҳимов Ҳасан ба чоп расидааст, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Дар муроҷиат роҳбари хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и «Ҳасан»-и ноҳияи Ҷайҳун Абдураҳимов Ҳасан аз санадҳои судии қабулгардида норозигӣ изҳор намудааст.

Омӯзиши ваҷҳҳои муроҷиат нишон медиҳанд, ки бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Хатлон аз 13 майи соли 2019 даъвои аъзои Кооперативи тиҷоратии «Гулбаҳор»-и ноҳияи Ҷайҳун Назаров А. Ғ., Назарова Ф. З., Хайруллоев А. З., Аҳмадов Б. С.,  Аҳмедов С. С., Хайруллоева (Гулова) С. З., Ҳакимова Ф., Хайруллоева Г. А., Хайруллоев Д. З., Хайруллоева С. Р., Хайруллоева (Гулова) С. З., Раҳимова С. Р., Тошов И.Х. ва Тошова Ақилмо нисбат ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун, Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷайҳун ва хоҷагии деҳқонии «Ҳасан»-и ноҳияи Ҷайҳун дар бораи беэътибор донистани протоколи маҷлиси умумии аъзои хоҷагии деҳқонии «Гулбаҳор» аз 7 марти соли 2006, № 3, қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун аз 3 майи соли 2006, № 177 ва Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дараҷаи А № 0178465 қайди № 218 аз 24 июли соли 2008 қонеъ карда шудааст.

Муаллиф иддао дорад, ки барои замини баҳсӣ даъвогарон ҳуҷҷат ё сертификату қарор надошта бошанд ҳам,  суд  талаботи онҳоро қонеъ гардонидааст.

Қобили зикр аст, ки дар қисми асосноккунии ҳалнома, далелҳое, ки суд дар такя ба он даъворо қонеъ кардааст, дарҷ гардидааст. Аз ҷумла, риоя нашудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» (таҳрири соли 2002)-ро суд асоси беэътибор донистани қарори маҷлиси умумии саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Ҳасан» ҳисобидааст.

Мутобиқи талаботи қонунгузории амалкунанда, мурофиаи судӣ дар Суди иқтисодӣ дар асоси мубоҳиса сурат мегирад ва шахси иштироккунандаи парванда бояд ҳолатҳоеро исбот намояд, ки ҳамчун асоси талабот ва норозигии худ ба он такя мекунад. Оқибатҳои ногувори исбот нашудани ваҷҳҳои тарафҳо оид ба ҳолатҳои воқеии парванда ба зиммаи тараф ё шахси дигари иштироккунандаи парванда гузошта мешавад.

Айни замон шикояти такрории хоҷагии деҳқонии номбурда дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. Иштироккунандагони парвандаро мебояд, ваҷҳу далелҳоро марбут ба баҳс дар доираи муқаррароти қонунгузории мурофиавии иқтисодӣ пешниҳод намоянд.

Ф. КОМИЛӢ,

муовини раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон