Муҳовара бо раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода.
- Хоҳишмандам фаъолият дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар нимсолаи якуми соли равонро шарҳ диҳед.
- Дар шаш моҳи соли 2017 дар кишвар 51 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ рух дод, ки дар натиҷа, ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ зарари зиёди молиявӣ ва 27 нафар ба ҳалокат расид. Вобаста ба ин, кумита дар минтақаҳои хавфноки шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ навбатдории шабонарӯзӣ ва ситоди доимоамалкунанда ташкил намуд, ки ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доштанд.
- Бештар кадом намуди офати табиӣ ба қайд гирифта шудааст ва нисбат ба онҳо чӣ чораҳо амалӣ гардиданд?
- Дар ҷумҳурӣ офатҳои табиӣ, аз қабили тармафароӣ, селу обхезӣ, фаромадани ярч ва сангреза бештар рух медиҳанд. Чунончӣ, заминларза (2% ) дар ноҳияи Рашт, тармафароӣ (29,4 %) дар ноҳияҳои Варзоб, Шуғнон, Ишкошим, Рӯшон, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Сангвор ва шаҳри Хоруғ, боришоти зиёди барф (5,9 %) дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Шуғнон, фаромадани сел (17,7%) дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Темурмалик, Восеъ, Ашт, Рашт, Лахш, обхезӣ (3,9 % ) дар ноҳияҳои Лахш, Рашт, сангрез (33,3 %) дар ноҳияҳои Нуробод, Ванҷ ва ярч (3,9 %) дар ноҳияи Лахш ба қайд гирифта шудаанд.
Бинобар вазъи баамаломада, таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон Раиси Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода мебошанд, ҷаласа гузаронида шуд. Дар он ҳисоботи роҳбарони як қатор мақомоти давлатӣ шунида шуда, масъалаҳои пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва роҳҳои расонидани кумак ба аҳолии зарардида баррасӣ гардиданд. Вобаста ба масъалаҳо ба роҳбарони вазорату идораҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар робита ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ба аҳолии зарардидаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Лахш ва Дарвоз, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи тартиби муқарраргардида, кумакҳои аввалиндараҷа, аз қабили орд, бастаи хӯрокворӣ, бастаи ашёи хоҷагидорӣ, равған, марҷумак, шакар, нахӯд, биринҷ расонида шуд.
Илова бар ин, барои сохтмони манзили истиқоматӣ масолеҳи сохтмонӣ — семент, арматура, тахта, ДВП, шифер, рубероид, дару тирезаҳои пластикӣ, сӯзишвории дизелӣ дастрас гардид. Ҳамчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии зарардида барои сохтмони манзили истиқоматӣ қитъаи замин ҷудо гардид.
Ҳалли масъалаи бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Панҷакент ба зиммаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вогузор ва барои рафъ чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Барои таъмини иҷрои корҳои барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ ва чораҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, дар асоси фармоишҳои Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода, ба ҳама шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, ки бар асари офатҳои табиӣ зарар дида буданд, сӯзишвории дизелӣ, семент, арматура, симтаноб ва дигар масолеҳи сохтмонӣ расонида шуд. Инчунин, бо мақсади иҷрои чораҳои устувору соҳилмустаҳкамкунии минтақаҳои осебпазири наздисоҳилии ҷумҳурӣ миқдори муайяни корҳои заминӣ ва сохтани тахтасангҳои оҳану бетонӣ ба анҷом расид. Соли ҷорӣ ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар километрҳои 48 ва 72-юми шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд ситодҳои фаврӣ ва дастаҳои наҷотдиҳии марказҳои наҷотдиҳӣ ташкил гардиданд.
- Нахустин амале, ки мансубин дар минтақаи офатзада анҷом медиҳанд, аз чӣ иборат аст?
- Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» вазифаи аввалиндараҷа фавран гузаронидани чорабиниҳои кофтуковию наҷотдиҳӣ, расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба зарардидагон, ҳангоми таҳдид ва ё эҳтимоли такрорёбии ҳолатҳои фавқулода ба минтақаи бехатар кӯчонидани аҳолии мавзеъ мебошад.
Ҳамчунин, вобаста аз ҳолати баамаломада, аз ҷониби сохторҳо вазъият дақиқ омӯхта, дастаҳои зудамали наҷотдиҳӣ ва лавозимоти зарурӣ барои бартараф кардани ҳодисаи рухдода сафарбар карда мешаванд. Дар ҳолати зарурат, тамоми қувва ва воситаҳои вазорату идораҳое, ки ба зернизоми вазифавии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода шомил мебошанд, ҷалб мегарданд.
Кумита дорои ду мошини ёрии таъҷилӣ ва як реанимобил аст. Шифохонаҳои сайёр бошад, бо тариқи гузоштани хаймаҳо ва таҷҳизоти тиббӣ ташкил карда мешаванд. Воҳидҳои сохтории кумита, аз ҷумла, Маркази наҷотдиҳӣ ва дастаҳои зудамали вилоятҳои ВМКБ, Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, минтақаҳои Кӯлоб, Ҳисор ва Рашт бо техника ва таҷҳизоти махсуси наҷотдиҳии ғаввосӣ ва кӯҳнавардӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
- Назар ба соли гузашта имсол ғарқшавию ба ҳалокат расидани одамон ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳо зиёд мушоҳида шуд. Масъулин дар ин самт чӣ тадбир андешиданд?
- Дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар дарё ва кӯлҳо 63 нафар ғарқ шуданд. Сабаби асосии ғарқшавӣ дар байни кӯдакон ва наврасон, пеш аз ҳама, беназоратӣ аз тарафи падару модарон мебошад. Бояд зикр намуд, ки маҳз бо ин сабаб 25 кӯдак ва наврас ҳалок гардиданд. Таҳлили таносуби ғарқшудагон чунин аст: то синни 17 — 25 нафар ва аз 17 боло — 38 нафар.
Аз ин рӯ, ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар байни аҳолӣ аз тарафи раёсату дастаҳои зудамал ҳар сол машғулиятҳои мунтазами омӯзишӣ, машқҳо, корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Барои пешгирии ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумла ғарқшавӣ ҳангоми оббозӣ, дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи омӯзиши асосҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ»-ро амалӣ месозем.
Дар ҷойҳои хавфнок, ки оббозӣ хатарнок аст, лавҳаҳои огоҳкунанда овезон карда мешаванд. Бо мактаббачагон ва наврасон дар лагерҳои истироҳатӣ бозиҳо, машқҳо ва ҷамъомаду семинарҳо оид ба пешгирии ҳодисаҳои нохуш гузаронида мешавад. Ҷиҳати огоҳсозии саривақтии аҳолӣ ба ситоди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барқияҳои телефонӣ оид ба ноустувории боду ҳаво, боридани боронҳои шиддатнок, ба амал омадани раъду барқ, баландшавии сатҳи оби дарёҳо, баланд гардидани ҳарорати ҳаво ирсол мегардад.
Соли ҷорӣ бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои ғарқшавӣ ҳангоми оббозӣ дар кӯлу обанборҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе нуқтаҳои мушоҳидавӣ ва наҷотдиҳӣ ташкил карда шуд.
- Бартарафсозии садамавию наҷотдиҳӣ қисмати муҳими фаъолияти шумо аст. Оё ин ҳолатҳо зиёд рух медиҳанд?
- Яке аз муҳимтарин самтҳои фаъолият бартарафсозии садама ва наҷотдиҳӣ аст. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ наҷотдиҳандагон зимни бартараф сохтани оқибати ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ 76 нафар шаҳрвандро ҳангоми бартараф намудани лағзиши тарма, роҳандозии корҳои рӯйиобиву зериобӣ, садамаҳои нақлиётӣ ва ғайра наҷот доданд.
- Хоҳишмандам вазъи имрӯзаи кӯли Сарезро шарҳ диҳед. Магар тобистони аз меъёр зиёд гарм ба он таъсир нарасонид? Назорати доимии он чӣ гуна ба амал бароварда мешавад?
- Таҳлили маълумоти воридгардида оид ба вазъият дар минтақаи кӯли Сарез нишон медиҳад, ки ҳолати он муътадил ва ором аст. Айни замон баландшавии сатҳи оби кӯл бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво 1-2 метрро дар мавсим ташкил медиҳад, ки хатарнок нест.
Қобили қайд аст, ки назорати доимии кӯл тавассути таҷҳизоти мониторингӣ ва огоҳкунии қаблӣ, ки соли 2004 насб шудааст, аз тарафи мутахассисони Раёсати истифодабарии системаи Усой назорат шуда, маълумоти мушаххас оид ба вазъи кӯл ва гирду атрофи он ҳар рӯз, пас аз ҳар се соат ҷамъоварӣ ва дар шуъбаи таҳлили ахборот ва мониторинг коркард мешавад.
- Чорабиниҳои вобаста ба мудофиаи гражданӣ аз кадом тадбирҳо иборатанд?
- Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» асосан аз омӯзиш ва омодасозии аҳолӣ, гузаронидани машқҳои мудофиаи гражданӣ, ҳимоя ва эвакуатсияи аҳолӣ, молу амвол, устуворгардонии фаъолияти иншооти иқтисодӣ то оғоз ва ҳангоми сар задани амалиёти ҷангӣ. Ғайр аз ин, ба чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани низоми идора, алоқа, ташкили захираҳои сафарбарӣ, захираҳои эҳтиётии озуқа ва доруворӣ, сохтмони иншоот, биноҳои маъмурӣ, паноҳгоҳҳо ва таъмини омодагии доимии қувва ва воситаҳои зарурӣ дохил мешаванд.
- Айни ҳол ҳалли кадом масъалаҳо дар ҷойи аввал меистад ва онҳоро чӣ гуна амалӣ карданиед?
- Диққати асосиро, қабл аз ҳама, ба интихоби кадрҳои ҷавони болаёқат, баланд бардоштани иқтидори заминаи моддӣ-техникӣ ва такмили сохтор равона кардаем. Барои мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникӣ сохтор бояд такмил дода шавад. Бо ин мақсад лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мақсад аз пешниҳоди он ба танзим даровардани самти фаъолият, зиёд намудани воҳидҳои кории ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳру ноҳияҳо,таъсис додани дастаҳои наҷотдиҳии иловагӣ мебошад. Ҳангоми зиёд намудани воҳидҳои корӣ ситодҳои шаҳру ноҳияҳо ба шуъбаю зершуъбаҳо табдил дода мешаванд.
Масъалаҳои муҳими дигаре, ки баҳри пешравии соҳа амалӣ мегарданд, ташкили хадамоти кинологӣ барои дарёфти зарардидагони офатҳои табиӣ, гурӯҳҳои тиббӣ-психологӣ барои бартарафсозии ҳолатҳои рӯҳии аҳолии зарардида, Маркази таълимию методӣ барои баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати касбии ҳайати шахсӣ, аҳолӣ ва наҷотдиҳандагони соҳа, машқгоҳҳо барои омӯзишу бозомӯзии мутахассисони соҳа ва дастаҳои наҷотдиҳӣ дар вилоятҳо ба шумор мераванд.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»