Бабри барфӣ. Ҷазо пурзур шуд, шикор кам мешавад?

№153 (4573) 14.12.2022

3b0083e05b2321a5d7ec3ee0979512-уми октябри соли равон дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» баррасӣ гардид.

Муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Талбакзода доир ба дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми декабри соли 2021 дар бораи пурзӯр кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои шикори ғайриқонунӣ ва муомилоти ғайриқонунии бабри барфӣ, аз ҷониби Прокуратураи генералӣ, ки зарурати ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён овардааст, баромад карда, аз ҷумла гуфт:

- Масъалаи пешгирии шикори ғайриқонунии ҳайвоноти нодир, аз ҷумла бабри барфӣ, ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор дода шуда, маълум гардид, ки дар қонунгузории ҷиноятӣ вобаста ба ин масъала ҳарчанд ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардида бошад ҳам, он барои пешгирии ин ҷиноят ва ба ҷавобгарии сазовор кашидани гунаҳкорон мусоидат намекунад. Кодекси ҷиноятӣ барои чунин кирдор ҷазоро дар шакли ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол муқаррар кардааст.

Инчунин, ӯ таъкид кард, ки дар сурати идома ёфтани шикор ё нобуд кардани захираҳои бабри барфӣ, ин ҳолат, бешубҳа, боиси зуд ва хеле кам шудани саршумори он дар муҳити табиӣ гардида, минбаъд рафти барқароркунии онҳо душвор ва боиси аз байн рафтани ин навъи ҳайвонот мегардад, ки дар маҷмӯъ ба низоми мавҷудаи экологӣ зарари ислоҳнашаванда мерасонад.

Ҳамин тавр, пас аз ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шикор ё қасдан нобуд кардани бабри барфӣ — бо ҷарима ба андозаи аз 800 то 1200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. Ҳамин кирдор, агар аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ, аз тарафи гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир гардида бошад, дар ҳудуди мамнӯъгоҳ, парваришгоҳ ё дар минтақаи офати экологӣ ё минтақаи вазъияти фавқулодаи экологӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз 1500 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Ворид кардани чунин меъёр ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои пешгирии нобудшавӣ ва аз байн нарафтани ин ҷонвари нодир, ки ба рӯйхати сурхи Иттифоқи байналмилалии ҳифзи табиат ва замимаи 1 Конвенсия «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд» дохил гардидааст, мусоидат намояд.

Ёдовар мешавем, ки шикори ин ҳайвони нодир дар Тоҷикистон ҳанӯз 50 сол пеш манъ шудааст. Пӯсти он гарон буда, шикораш маҳз ба ҳамин вобастагӣ дорад.

КОРШИНОС: БАБРИ БАРФӢ БЕСАБАБ ЗАРАР НАМЕРАСОНАД

Бабри барфӣ нодиртарин ҳайвони сайёраи Замин ба шумор меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саршумори он ба 220-250 сар расидааст ва ин нишондиҳанда аз хати сурх ҳам поён арзёбӣ мегардад. Яъне, ҳайвонҳое, ки саршуморашон то 500 адад мебошад, хатари аз байн рафтанашон пайдо мегардад.

Дар мавриди пурзӯр кардани ҷазо барои шикори ғайриқонунии бабри барфӣ коршиноси муҳити зист, номзади илмҳои биологӣ Убайдулло Акрамов дар суҳбат бо мо чунин гуфт:

- Тибқи ҳисоботи оморӣ, саршумори бабри барфӣ дар кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизис­тон, Туркманистон, Афғонистон, Покистон ва дигар давлатҳо 20-30-50 адад мондаанд ва ин хуб аст, ки дар мавриди пурзӯр кардани ҷазо барои шикори ғайриқонунии бабри барфӣ дар кишвари мо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардид. Акнун, хуб мешавад дар миёни чорводорон корҳои фаҳмондадиҳӣ зиёд шавад. Ба онҳо фаҳмонидан даркор, ки бабри барфӣ душмани онҳо нест ва то қадри имкон барои онҳо луқма гузоранд. Фарз кардем, агар дар ВМКБ 380- 400 ҳазор сар моли майда бошад, барои хӯроки бабри барфӣ 300-400 — тои онҳоро дар табиат монанд, ҳам ҳайвони мавриди назар бе луқма намемонад ва ҳам зарари зиёд ба моли мардум намерасад. Аз ҷониби дигар, мувофиқи маълумоти оморӣ, шумораи сайёҳон ба 1 миллион расидааст ва гуфта мешавад, ки аксари онҳо барои тамошои бабри барфӣ омадаанд ва фоидаи инҳо ба буҷети давлат чандин маротиба зиёдтар аз чорводорист.

Бабри барфӣ яке аз ҷонварони тавоно ва бениҳоят осебпазир буда, дар манзараҳои баландкӯҳу ноҳамвор дар баландиҳои зиёда аз 3000-4500 метр зиндагӣ мекунад.

Дар мавриди сабабҳои шикори ғайриқонунии бабри барфӣ гуфтан мумкин аст, ки бисёр кишварҳои ба мо ҳамсарҳад ба бабри барфӣ ниёзи зиёд доранд ва як гурӯҳи одамон мехоҳанд, ки ба кишварҳои хориҷӣ узвҳои онро фурӯшанд. Сабаби дуюм, барои дарафтодан ба чорвои мардум аст. Сеюм, мардум метарсанд, ки бабри барфӣ ба онҳо зарар мерасонад, вале ин хел нест.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, бабри барфӣ намегузорад, ки бемориҳои сироятии ҳайвонҳо паҳн шаванд, балки ҳайвонҳои беморро нест мекунад.

Ҳоло бабри барфӣ дар ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон, Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз, Сангвор, Лахш, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Айнӣ, Варзоб, Шаҳристон, Мастчоҳи кӯҳӣ, Зафаробод ва қисмати кӯҳии Темурмалик мавҷуданд. Дар ҳоли ҳозир арзиши бабри барфӣ ба 300 ҳазор гӯсфанд баробар аст, ки зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ мебошад.

Бино ба маълумоти дастрас, дар даҳ моҳи соли равон шикори ғайриқонунии бабри барфӣ расман ба қайд гирифта нашудааст, вале ҳолати дош­тани қапқонҳо ва чангакҳо мушоҳида шудааст.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

 «Садои мардум»