Бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2015 таҳти №760 моҳи июни соли 2016 тантанаҳои ҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мегарданд. Мухбирамон дар суҳбат бо муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед аз рафти омодагӣ ба ин ҷашн пурсон шуд.
- Дар оғоз хуб мешуд, ки доир ба натиҷаи корҳои анҷомёфта маълумот диҳед…
- Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат моҳи декабри соли 2015 гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулони вазорату кумитаҳои дахлдор ба вилоят сафари корӣ анҷом доданд. Нақша — чорабиниҳо оид ба ташкил ва баргузории тантанаҳои ҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи феврали соли 2016 аз ҷониби роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд. Онҳо дар вилоят аз 18 банд иборат буда, номгӯй, макон, замон, масъулон мушаххасанд. Баргузории чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ ва варзишӣ аз моҳи марти соли равон оғоз гардиданд.
Аз 25 то 30 марти соли равон намояндагони Корвони Ваҳдати миллӣ ва Корвони китоб аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят дидан намуда, ба китобхонаҳои вилоят китобҳои тозанашр тақсим намуданд.
Бо иштироки олимони ҷавон ва намояндагони фаъоли ҷавонон аз ҳама гӯшаву канори ҷумҳурӣ дар Чойхонаи миллии шаҳри Хоруғ конфронси илмӣ – назариявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ» гузаронида шуд. Ташрифи ҷавонон аз шаҳру навоҳии мамлакат ба вилоят ба ҳамоиши мутантан табдил ёфт. 20 апрели соли равон дар майдони Исмоили Сомонӣ Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» доир шуда, барномаи таҳиянамудаи аҳли фарҳанги вилоят ба фестивал ҳусни анҷом бахшид. Дар доираи чорабиниҳо шоми ҳамон рӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ тимҳои яккачини футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Помир»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Аз 27 то 30 апрели соли равон намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангии ҳунармандони вилояти Суғд дар Боғи фарҳангӣ – фароғатии шаҳри Хоруғ бо шаҳомати хоса доир гардид.
Ҳамрадиф бо ин, аз 1 то 5 майи соли равон аз минтақаҳои ҷумҳурӣ бонувон ба шаҳру навоҳии вилоят ташриф оварда, бо сокинон вохӯрӣ намуданд. Дар шаҳри Хоруғ Конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба «Нақши занон дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ» баргузор гардид.
Суҳбат дар гирди мизи мудаввар оид ба «Нақши воситаҳои ахбори омма дар таҳкими ваҳдати миллӣ» низ аз ҷумлаи ибтикороти ба ҷашн рабтдошта буд.
Моҳи май, инчунин дар маркази вилоят фестивали ҳунарҳои мардумии вилоят, фестивали навои Бадахшон, маҳфили адибони тоҷик таҳти унвони «Диёри Ваҳдатофаринам» доир гардида, охири моҳ Рӯзҳои фарҳанги вилояти Хатлон дар Бадахшон бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор мешавад. Моҳи июн зиёда аз шаш чорабинии муҳими умумиҷумҳуриявӣ, минҷумла конференсияи ҷумҳуриявии «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои давлатӣ» ва 27 июни соли 2016 тантанаи умумиҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ гузаронда мешавад.
- Рафти корҳои сохтмонӣ чӣ гуна ҷараён доранд?
- Корҳои сохтмонӣ самти муҳим ба ҳисоб рафта, дар чор моҳи соли равон ҳаҷми маблағгузории асосӣ 77,8 млн. сомониро ташкил дод. Ҳаҷми маблағгузориҳо аз ҳисоби маблағгузории давлатӣ 16,9 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 60,9 млн. сомонӣ иҷро гардидааст.
Барои сохтмони иншоот 6,0 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки аз ин маблағ барои идома додани сохтмони хонаи 48 ҳуҷрадор дар маркази шаҳри Хоруғ 600,0 ҳазор сомонӣ, ба анҷом расондани сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и деҳаи Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим 1504,0 ҳазор сомонӣ, барқарорсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и деҳаи Нисури ноҳияи Рӯшон 250,0 ҳазор сомонӣ, барқарорсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и деҳаи Дашти ноҳияи Ишкошим 1221 ҳазор сомонӣ, идома додани сохтмони бинои маъмурии дуошёна дар деҳоти «Мурғоб»-и ноҳияи Мурғоб 290,0 ҳазор сомонӣ, ба анҷом расондани сохтмони бинои маъмурии дуошёна дар деҳоти «Тусён»-и ноҳияи Роштқалъа 1561,0 ҳазор сомонӣ, сохтмони бунгоҳи тиббии деҳаи Бидуни ноҳияи Ванҷ 305 ҳазор сомонӣ, анҷом додани корҳои лоиҳакашӣ ва оғози сохтмони кӯдакистони №1-и шаҳри Хоруғ 100,0 ҳазор сомонӣ ва корҳои лоиҳакашии солҳои минбаъда 169,0 ҳазор сомонӣ равона карда мешавад.
Корҳои пудратии ташкилотҳои сохтмонии вилоят дар чор моҳи соли ҷорӣ 12311,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 2,5 маротиба зиёд мебошад.
Дар маҷмӯъ, соли 2016 дар вилоят 201 иншоот ба маблағи 490 млн. 271 ҳазор сомонӣ сохта мешаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои хеш ВМКБ-ро дарвозаи тиллоии Тоҷикистон номидаанд, ки ин ҳақиқати бебаҳс аст. Аз саховати беандозаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва сулҳу ваҳдат Бадахшон рӯз то рӯз пешрафт дорад.
Муътақидем, ки тантанаҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд баргузор мегардад.
Суҳбаторо
Шоҳтолиби Шоҳқосим,
«Садои мардум»