Дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 16 августи соли 2018 дар маҷлисгоҳи Меҳмонхонаи «Интернешнл Ҳотел Тошканд»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон (International hotel Tashkent) Форуми соҳибкорони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор гардид.
Онро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нодир Отаҷонов ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода ифтитоҳ намуданд.
Дар чорабинӣ намояндагони зиёда аз 400 ширкату корхонаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз ҷумла истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, фармасевтӣ, хизматрасониҳои молиявӣ ва сайёҳӣ, инчунин намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои андоз ва рушди сайёҳӣ, Хадамоти гумрук, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон, котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ШСХК «Барқи Тоҷик», КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», КВД «Тоҷинвест», ҶСК «Тоҷиктрансгаз», Палатаи савдо ва саноат ва дигар корхонаҳои давлатӣ, инчунин намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Адҳам Икромов ва раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид оид ба рушди савдо, саноат ва муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ сухан намуданд.
Имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муовини вазири савдои берунаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Соҳиб Сайфназаров ва директори генералии «КВД Тоҷинвест» – и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавоҳирлал Музаффарӣ ба ҳозирин муаррифӣ шуд.
Баъдан, вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ҳар ду кишвар дар формати «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) баргузор гардида, масъалаҳои ҳамкорӣ матраҳ карда шуд.
Дар анҷоми чорабинӣ 11 созишномаи ҳамкорӣ байни соҳибкорон ба маблағи беш аз 106,8 миллион доллари ИМА ба имзо расид. Лозим ба ёдоварист, ки соли ҷорӣ маротибаи панҷум аст, ки соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамоишҳои муштарак гузаронида, дар доираи онҳо зиёда аз 200 созишномаи ҳамкориро ба маблағи 845 млн. доллари ИМА дар соҳаҳои металургия, энергетика, нефту газ, сохтмонӣ, сайёҳӣ, хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо ба имзо расониданд.
Танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон зиёда аз ду маротиба афзоиш ёфтааст.
Дар доираи форуми мазкур соҳибкорон ба корхонаи «Артел Групп», ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди «Gold Dried Fruits Export» ва «Uztex Tashkent» низ ташриф оварда, ба раванди истеҳсолот шинос шуданд.
АМИТ «Ховар»