Дар истифода аз ин неруи ояндадор набояд таъхир кард
Чанде пеш Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати шашум, ба муовинони соҳавӣ ва масъулин дастур доданд, ки баҳри истифодаи самараноки неруи барқ минбаъд равшаннамоии атрофи мактабу боғчаҳо, муассисаҳои тандурустӣ, биноҳои баландошёна ва корхонаву ташкилот тавассути таҷҳизоти офтобӣ ба роҳ монда шавад.
Дар пайи ин иқдом Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фармоиш ба тасвиб расонд ва муқаррар намуд, ки аз 1-уми апрели соли равон ҳангоми лоиҳакашӣ ва ба истифода додани сохтмон (бино)-ҳо, иншооти сохташаванда ва таҷдидшаванда, сарфи назар аз шакли моликият ва манбаи сармоягузориашон, дар баробари таъмини шабакаҳои анъанавии мутамаркази барқ, инчунин, насб кардани таҷҳизоти таъмини энергияи офтобӣ бо назардошти захираи неруи барқ ҳадди ақал барои як рӯз ҳатмӣ аст. Ба рӯихати чунин иншоот муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, сохтмонҳои маъмурию ҷамъиятӣ ва иншооти варзиш дохиланд.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқи аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобию бодӣ тадбир андешида шавад.
Ҳоло дар мамлакат бузургтарин стансияи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб фаъолият мекунад, ки иқтидораш 200 киловатт-соат мебошад. Он дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр бунёд гардидааст. Барои ин ноҳияи сарду баландкӯҳ бунёди неругоҳҳои гибридӣ самараи бештар медиҳад. Яъне, рӯзона таҷҳизоти офтобӣ неруи барқ тавлид карда, дар як вақт об дар обанбор захира мешавад. Вақте торикӣ фаро расад, неругоҳи обӣ тавассути оби дар обанбор захирашуда неруи барқ истеҳсол мекунад. Бо ҳамин роҳ метавон неругоҳҳои гибридию шамолӣ низ сохт.
Ду сол қабл дар доираи лоиҳаи «Пешгирии ифлосшавии об ва ҳаво ба воситаи истифодаи энергияи барқароршаванда» дар манзили чанде аз сокинони ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон обгармкунак ва панелҳои офтобӣ насб гардид. Яке аз онҳо роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Дармонбахш» ва сарвари Кумитаи энергетикии занони ноҳия Қутбия Ҷоншоева мебошад. Зимни суҳбат ӯ изҳор намуд, ки обгармкунак ва панелҳои офтобӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ муфид буда, ба пешрафти корҳо кумак расониданд. Дар ташкилот курсҳои ройгони пазандагӣ, дӯзандагӣ ва омӯзиши технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия амал мекунанд. Истифода аз таҷҳизоти офтобӣ маҳдудият дар дастрасӣ ба неруи барқро аз байн бурд.
То насби таҷҳизоти офтобӣ Қутбия Ҷоншоева моҳе 300-500 сомонӣ ҳаққи истифодаи неруи барқ месупурд. Ба шарофати таҷҳизоти офтобӣ ин масраф бамаротиб кам гардид.
Бояд гуфт, ки соли 2023 иқтидори «неруи сабз» дар ҷаҳон 50 дарсад нисбат ба соли 2022 зиёд шудааст. Ин баландтарин суръати рушд дар 20 соли охир мебошад. Дар назар аст, ки тайи 5 соли оянда дар сайёра иқтидори манбаъҳои нави барқароршавандаи энергия ба 3700 гигаватт расонда шавад. Яъне, соли 2028 манбаъҳои барқароршавандаи энергия (МБЭ) 42 дарсади неруи барқи ҷаҳонро истеҳсол хоҳанд кард. Қариб 95 дарсади рушди МБЭ маҳз ба неругоҳҳои офтобию шамолӣ рост хоҳанд омад.
Соли 2023 нархи таҷҳизоти офтобӣ дар муқоиса бо соли 2021 қариб 50 дарсад арзон шуда, истеҳсоли он 3 маротиба афзуд.
Мувофиқи ҳисоби коршиносон, арзиши неруи барқи таҷҳизоти офтобӣ дар муқоиса бо неругоҳи ҳароратии бо ангиштсанг фаъолияткунанда 50 дарсад арзонтар аст.
Аз рӯи маълумоти Эътилофи байналмилалии офтобӣ (ISA) , ки 120 кишварро муттаҳид месозад, соли равон барои бунёди неругоҳҳои офтобӣ 380 миллиард доллар маблағгузорӣ мешавад, ки ин нисбат ба соли сипаришуда 23 дарсад зиёд аст. Қисми зиёди маблағгузорӣ ба Чин, Ҳиндустон, Иттиҳоди Аврупо ва ИМА рост меояд. Солҳои охир шумораи неругоҳҳои офтобӣ дар Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Ветнам ва Австралия низ босуръат афзуд.
Соли 2023 бори аввал сармоягузорӣ ба истифодаи энергияи офтоб дар муқоиса бо сармоягузорӣ ба соҳаи истихроҷи нефт дар ҷаҳон зиёд шуд. Бинобар ба миён омадани мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлим солҳои оянда низ сармоягузорӣ ба истифодаи энергияи офтоб дар ҷаҳон меафзояд.
Ба иттилои Агентии байналмилалии энергия солҳои оянда дар ҷаҳон шояд низоми дигари энергетикӣ роҳандозӣ шавад.
Даҳ сол пеш маблағгузории солона ба МБЭ ҳамагӣ 127 миллиард долларро ташкил медод. Дар 10 сол ин рақам беш аз 10 маротиба афзуд.
Соли равон барои «технологияи сабз» дар дунё 1,7 триллион доллар ва барои истихроҷи сӯзишворӣ 1 триллион доллар сарф мешавад. Ин барои башарият баҳри боздоштани раванди босуръат гармшавии сайёра мусоидат хоҳад кард.
Тавре аз гуфтаҳои боло бармеояд, неругоҳҳои офтобӣ дар муддати нисбатан кӯтоҳ сохта мешаванд. Яъне, аҳолӣ ва муассисаҳои тандурустию хизматрасонӣ, маориф ва ғайра дар муддати кӯтоҳ бо неруи «барқи сабз» таъмин мешаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17-уми июни соли 2008 зимни мулоқот бо энергетикҳои кишвар дар бораи зарурати истифодаи энергияи офтоб чунин таъкид намудаанд: «Ба ҳама маълум аст, ки Тоҷикистон кишвари офтобист, нурафшонии умумии офтоб ба ҳисоби миёна дар як метри мураббаъ дар минтақаҳои марказии кишвар ба 1600 киловатт/соат баробар мебошад. Вале мо ҳанӯз аз ин неъмати Худодод, яъне манбаи ғайримуқаррарии энергия ва захираҳои барқароршаванда истифода намебарем…
Таъкид менамоям, ки ҷиҳати фаъолияти пурсамари тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон бо неруи барқу гармӣ Вазорати энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бояд якҷоя бо дигар вазорату идораҳои дахлдори кишвар оид ба истифодаи васеи манбаъҳои истеҳсоли энергия, аз қабили офтоб, шамол, дарёҳои хурд ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия тадбирҳои мушаххас андешанд».
Соли 2010 дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» қабул гардид.
Ҳамчунин, аз соли 2007 то соли 2015 дар ҷумҳурӣ барномаи махсуси рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия амалӣ гардид, ки мувофиқи он дар ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, Мурғоб, Рӯшон, Ишкошим, Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Роштқалъа, Кӯҳистони Мастчоҳ ва дараи Яғноби ноҳияи Айнӣ 1825 панели офтобӣ ва 6 таҷҳизоти шамолии тавлидкунандаи барқ насб шуд.
Бо мақсади рушди «иқтисоди сабз», мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, кам намудани ихроҷи газҳои парникӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби сармояю технологияҳои каммасраф бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022 таҳти №482 Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023- 2037 ба тасвиб расид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2023 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки бо амалисозии тадбирҳои зарурӣ соли 2032 истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 дарсад бо «энергияи сабз» таъмин гардида, дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои парникии (гулхонаӣ) то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад.
Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024» Вазорати энергетика ва захираҳои оби мамлакат вазифадор гардидааст, ки оид ба татбиқи лоиҳаҳои марбут ба бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ ва шамолӣ, ҷиҳати то соли 2026 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз» дар ҷумҳурӣ тадбир андешанд.
Аз рӯи маълумоти Агентии байналмилалӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA), то соли 2030 шумораи кормандони дар сохтори истеҳсоли «энергияи сабз» машғулбуда ба 24 миллион нафар хоҳад расид. Ин рақам соли 2013 ҳамагӣ 6,5 миллион нафарро ташкил медод. Вобаста ба ин, моро зарур меояд, ки дар донишгоҳҳои техникӣ, технологӣ, аграрӣ ва литсейҳои касбӣ-техникӣ омода намудани муҳандисони соҳаи барқи алтернативӣ, мутахассисони васлу насб ва таъмири таҷҳизоти офтобию шамолиро ба роҳ мондем.
Ҳамин тариқ, дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар бораи истифодаи васеи таҷҳизоти офтобӣ саривақтӣ буда, ба рушди «иқтисоди сабз» дар мамлакат мусоидат мекунанд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»