Барӯйхатгирӣ дар соҳаи кишоварзӣ

№38-40 (3023-3025) 27.03.2013

Барӯйхатгирии кишоварзӣ як қисми муҳими рушди ин соҳа ба ҳисоб меравад. Саҳми барномаҳои гуногун дар якҷоягӣ бо шарикони рушд дар ҷумҳурӣ тавассути маълумоти барӯйхатгирӣ муайян мешавад.

Дар ин замина, мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон барӯйхатгирии кишоварзӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф аз ин амали  нек ҷамъ овардани маълумоти дақиқ оид ба соҳаи кишоварзӣ буда, иттилооти ҷамъоварда барои пешбурди сиёсати макроиқтисодӣ истифода мешавад. Маълумоти муфассал ва дақиқи оморӣ оид ба соҳаи кишоварзӣ метавонад ба пурзӯр намудани рақобатнокӣ дар бозор мусоидат намояд ва ҳамчунин ҷиҳати қабули қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба арзёбии болоравии нархи озуқаворӣ дар кишварамон хизмат намояд.

 

АМИТ «Ховар»