Дар шаҳри Роғун аз баракати Истиқлолият сол то сол бунёдкориҳо ва комёбиҳо афзунтар шуда истодаанд. Хулосаю натиҷаҳои дар арафаи ҷашни 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷамъбастгардида аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Ба наздикӣ як қатор иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла биноҳои нави қасри фарҳанг, осорхона, бойгонӣ дар маркази шаҳр, бинои нави мактаби таҳсилоти асосии №46, ки дорои 5 синфхона мебошад, дар деҳаи Абдулбобиёни шаҳраки Оби Гарм ба истифода дода шуд. Дар деҳаи Қандак барои маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ Дӯст Умаров манзили истиқоматии дуҳуҷрагӣ сохта, бо ашёҳои рӯзгор ба ӯ тақдим гардид. Роҳҳои мошингарди дохили шаҳр дар масоҳати 20 ҳазор метри мураббаъ мумфарш ва роҳҳои пиёдагард таъмиру тармим карда шуданд. Умуман, аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонию барқароркунӣ ва таъмирӣ 2079,8 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд.
Аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ бошад, дар маркази шаҳр биноҳои ҶСК «Ориёнбонк», суди шаҳрӣ ва дар деҳоти «Қади Об», бинои филиали БДАТ «Амонатбонк» сохта ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон, бо ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ, маблағгузории Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон — Хазинаи Оғохон таъмири бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои Қандак, Калтаҳо, Деҳқонобод, Пору ва Фаррух, системаи гармидиҳии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 28, сохтмони бинои бунгоҳи тиббии замонавӣ дар деҳаи Чашмаи Куло, сехи дӯзандагӣ дар деҳаи Калтаҳо ба анҷом расид ва сохтмони хатҳои оби нӯшокӣ дар деҳаҳои Гули Сурх, Деҳи Бӯстон, Дараи Тутак дар арафаи анҷомёбист. Дар доираи корҳои ободонӣ алҳол бунёди бинои таълимии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 2 идома дорад. Бинои хуштарҳи масҷиди нави ҷомеъ маркази шаҳраки Оби Гармро боз ҳам зеботар гардонидааст. Дар шаҳрак марказҳои зиёди савдо ва хизмати маишӣ фаъолият доранд.
Дар арафаи ҷашни пурифтихори Истиқлолият анҷоми корҳои хайру эҳсонкорӣ, кумак ба эҳтиёҷмандон ба ҳукми анъана даромадааст. Ба муносибати 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, дастгирии ташкилотҳои сохтмонии НБО-и «Роғун» ва соҳибкорон хатнасури 112 нафар кӯдакон аз оилаҳои эҳтиёҷманд ва тӯйи арӯсию домодии панҷ ҷуфт ҷавонон аз оилаҳои ятиму бепарастор гузаронида, барои 12 нафар ятимони кулл суратҳисобҳои бонкӣ кушода шуд. Бо мақсади дастгирии маъюбони ҷанг, иштирокчиёни садамаи Чернобил, ятимону оилаҳои ниёзманд ва Хонаи бачаҳои шаҳраки Оби Гарм низ як қатор тадбирҳои амалӣ андешида шуданд.
Дар Паёми имсолаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илм ва маориф дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад». Дар ин замина, зикр кардан бамаврид аст, ки дар шаҳри Роғун ба ин мақсад соли равон 14 миллиону 412 ҳазору 205 сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, ки 57 фоизи буҷети маҳаллиро ташкил медиҳад. Натиҷаи ғамхориҳо нисбат ба мактабу маориф аст, ки давоми соли хониши ҷорӣ 33 нафар хонандагон дар озмунҳои минтақавӣ иштирок карда, се нафари онҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар озмунҳои фосилавӣ бошад, 486 нафар хонанда иштирок карданд, ки се нафари онҳо бо медали нуқра ва се нафари дигарашон бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардиданд.
Ҷавобан ба ин кумаку дастгириҳо сокинони шаҳри Роғун бо дарки масъулияти баланд баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаҳду талош меварзанд.
Абдухолиқ Ҷойлобов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун