Бо мақсади омӯзиш ва таҳлили вазъ дар корхонаҳои саноатӣ тасмим гирифтем, ки иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллатро дар корхонаи истеҳсоли ангишти «Камаров» аз назар гузаронем. Рӯзе, ки ба шаҳрчаи коргарии мавзеи Ҳуланг омадем, дар майдони назди ошхона шумораи зиёди коргарон ҷамъ шуда буданд. Дар он рӯз бо хоҳиши директори корхона Мурод Хушвақтов гурӯҳи ҳунармандони Театри халқии ноҳияи Рашт бо сарварии овозхони шинохта Гулназар Кенҷаев дар меҳмонии коргарон буданд. Мо шоҳиди лаҳзаи истироҳат ва фароғати коргарони корхона ва ронандагоне, ки барои бурдани ангишт навбат мепоиданд, шудем.
- Барои коргарон ва ронандагон мо шароитро фароҳам овардаем, — гуфт ҷонишини директор Орифҷон Додарҷонов. – Барои онҳо хӯроки бепул дода мешавад. Хобгоҳи дар шаҳраки коргарӣ сохтаамон имконият медиҳад, ки на танҳо коргарон, балки ронандагоне, ки барои бурдани ангишт меоянд, шабашонро рӯз намоянд. Бо мақсади таъмини ғизои маънавӣ ҳар моҳ як-ду чорабинии фарҳангӣ ташкил менамоем. Корхонаи мо то имрӯз дар мавзеъҳои Андар, Кишинбоғ ва Ҳуланг се шаҳраки коргарӣ бунёд намудааст.
ҶДММ «Камаров» солҳои 90-уми асри гузашта бо мақсади истихроҷи ангишти кони «Кафтархона»-и ҳавзаи «Назарайлоқ» таъсис ёфт. Директори собиқи он шодравон Роҳат Хушвақтов баъди гирифтани иҷозатнома ва дарёфти як миқдор маблағ соли 1997 ба кор оғоз кард. Аммо баробари оғози кор ба душвориҳои зиёд мувоҷеҳ шуд. Дар минтақа ҳанӯз бесарусомониҳо идома доштанд. Мутахассисони маъданшинос аз марказ ба водии Рашт намеомаданд. Роҳат Хушвақтов бо маслиҳати шахсоне, ки макони Кафтархонаро медонистанд, ба кор шурӯъ ва барои сохтмони роҳи мошингард ба кони ангишт мавқеи роҳро интихоб намуд. Аз сабаби набудани техника ва маблағ сохтмони роҳ даҳ сол идома ёфт. Масофаи ин роҳ 72 километрро ташкил намуд, ки барои сохтмони он 31 миллион сомонӣ сарф гардид. Бист километри охир дар баландии 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр сохта шуд. Дар 37 ҷой қубурҳои обгузар ва дар болои се дарёча пули мошингузар бунёд гардид. Роҳе, ки бо машаққат сохта шуд, барои истеҳсоли зиёди ангишт имконият намедод. Дар ҳар сурат тавонистанд, ки соли 2008 панҷ ҳазор тонна ангишт истихроҷ намоянд. Солҳои минбаъда тавассути ин роҳ истихроҷи ангишт то ба 10 ҳазор тонна расонда шуд.
-Рӯзе, ки мо аввалин мошини ангиштро поён фаровардем, роҳбари корхона дар бистари беморӣ мехобид, — гуфт дар суҳбат директори ҶДММ «Камаров» Мурод Хушвақтов. — Мошини ангиштро ба саҳни ҳавлиаш бурдем. Моҳи август буд. Аз писараш Сабриддин хоҳиш кард, ки бухориро дар саҳни ҳавлӣ монда, ангиштро оташ диҳад. Аз ҳарорати баланди ангишт бухорӣ тафсида сурх шуд.
Шояд аз таъсири беморӣ буд, ки вақтҳои охир ӯ ба натиҷаи кори оғознамудааш бовар надошт. Дар ин давра нотавонбинҳо борҳо ба мақомоти болоӣ номаҳои беимзо навишта, Роҳат Хушвақтовро гунаҳкор мекарданд, ки беҳуда маблағро сарф менамояд ва дар мавзеи Кафтархона ангишт нест. Аммо онҳо иродаи ӯро шикаста натавонистанд.
Акнун дастам беруни гӯр намемонад, — гуфт Роҳат Хушвақтов. — Шукр, ки заҳмати кашидаам баръабас нарафт. Шумо масъалаи роҳи навро бинед. Агар ба воситаи дараи Ғориф роҳ кушоем, омадурафти мошинҳои пурбор осон мешавад. Замоне дар дараи Ғориф одамон зиндагӣ мекарданд. То ҳанӯз тарҳи деҳаҳои Сиёҳҷангал, Сиёҳҷангали боло, Деҳкада, Деҳбаланд, Дубурса ва Ҳуланг ба назар мерасад. Дараи хеле зебост, аммо бо мурури солҳо пиёдароҳҳоро барфу борон шустааст. Баҳори соли 2009 ба омӯзиши дараи Ғориф машғул шуданд. Масофа то кони «Кафтархона» ба воситаи дараи Ғориф аз Дашти Кишинбоғ 42 километрро ташкил менамуд. Ин масофаро Мурод Хушвақтов ҳамроҳи ду мутахассиси роҳсоз пиёда тай карданд ва имконияти сохтмони роҳи навро омӯхтанд. Хушбахтона, дар ин даврон соҳибкори англис Вилям Роуcон барои маблағгузорӣ ҷиҳати кушодани роҳи нав розӣ шуд. Корхона соли 2012 ба кушодани роҳи нав шурӯъ намуд. Соли 2015 роҳсозон тавонистанд, ки сохтмони роҳи навро ба анҷом расонанд. Аммо ҳанӯз баъзе корҳо монда буданд. Аз ин рӯ, аз ин роҳ хеле кам истифода бурда шуд. Ба воситаи ҳар ду роҳ ҳамагӣ 10 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намуданд.
Баҳори соли 2016 роҳи нави кони ангишти «Кафтархона» аз нав таъмир шуд ва тамоми мушкилотро аз байн бурд.
- Моҳи марти соли гузашта дар маҷлиси корхона ба хулоса омада будем, ки нақшаи пешбинишударо, ки 15 ҳазор тонна ангишт буд, то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон ба анҷом расонем, — гуфт Мурод Хушвақтов. — Хушбахтона, то рӯзи ҷашн ба ҷойи 15 ҳазор тонна 20 ҳазор тонна ангишти хушсифат истихроҷ намудем. Имрӯз корхона истеҳсоли ангиштро ба 24 ҳазор тонна расондааст ва ният дорем, ки онро ба 30 ҳазор тонна расонем. Ҳамаи ин аз баракати роҳи нав аст.
Ҳамин тариқа, ҶДММ «Камаров» тавонист тибқи дархости Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт қисми зиёди муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва дигар сохторҳои давлатиро бо ангишт таъмин намояд. Талабгорони ангишти кони «Кафтархона» рӯз то рӯз зиёд мегарданд. Аз ноҳияҳои Тоҷикободу Лахш ва Нуробод низ одамон барои бурдани ангишт ба он ҷо меоянд. Ҳамчунин, дар асоси шартнома барои як қатор корхонаҳои калони саноатии ҷумҳурӣ низ ангишт захира менамоянд.
Бори панҷум аст, ки барои бурдани ангишт ба «Кафтархона» меоям, — изҳор дошт ронанда Додарҷон Мирзоев. -Муомилаи хуб ва шароити фароҳамовардаи роҳбарияти корхонаи «Камаров» ба мо — ронандагон писанд аст. Ҳар боре, ки меоем, бо меҳрубонӣ моро пазироӣ мекунанд ва бе мушкилӣ мошинҳоро бо ангишт пур карда, гусел менамоянд.
-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, — гуфт Мурод Хушвақтов, — дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки: «Дар стратегияи рушди минбаъдаи кишвар саноатикунонии мамлакат пешбинӣ шудааст. Ин иқдом ба афзоиши коркарди пурраи ашёи хом, зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар мусоидат карда, барои беҳтар гардидани тавозуни савдои хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ заминаи воқеӣ фароҳам меорад».
Мо аз ин суханони Сарвари давлат илҳом гирифтем ва ният дорем, ки ояндаи наздик дар ин ҷо корхонаҳои дигар бунёд намоем. Бояд тазаккур дод, ки дар таркиби кони ангишти ҳавзаи «Назарайлоқ» дигар канданиҳои фоиданок низ муайян шудааст. Аз ин рӯ, дар ин ҷо сохтмони корхонаи истеҳсоли электрод низ аз манфиат холӣ нест, — мегӯяд Мурод Хушвақтов.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»