Барасмиятдарорӣ ва қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия

№ 09.04.2025

111Вохӯрии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо роҳбарон, фаъолони диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ, ки дар Федератсияи Россия кору зиндагӣ менамоянд, баргузор гардид. Тавре аз ин вазорат иттилоъ доданд, зимни мулоқот зикр гардид, ки таҷрибаи фаъолиятҳо дар ин самт нишон медиҳад, ки қисми бештари намояндагони диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар хориҷ, бахусус дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон бо намояндагиҳои мақомоти Тоҷикистон дар ин кишварҳо робитаи хуби ҳамкорӣ дошта, аз амалкардҳои ин намояндагиҳо пайваста дастгирӣ намуда, барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита мусоидат менамоянд. Айни замон 67 ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон ба таври расмӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия фаъолият доранд.

Дар мулоқот нуқтаи асосӣ расонидани бештари иттилоот ба муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба расмиятдароририи ҳуҷҷатҳои будубош ва қонунигардонӣ дар Федерастияи Россия  буд. Тавре маълум аст, тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 шаҳрвандони хориҷӣ имкон доранд, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубоши худро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият намоянд.

Дар ин робита аз ҷониби вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода даъват ба амал оварда шуд, ки  роҳбарони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ бо ҳисси баланди миллӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи муҳоҷирони меҳнатӣ, пешрафти кор фаъолияти онҳо дар давлати иқомат фаъолияти худро пурзӯр намоянд.

Б. КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»