ки аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор дастгирӣ ёбад
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи соҳаи тандурустиро мавриди таҳлил қарор дода, барои татбиқи тадбирҳои мушаххас дастуру супориш медиҳанд. Дар натиҷа, маблағгузории соҳа давра ба давра зиёд шуда, дар кишвар садҳо муассисаи соҳаи тандурустӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардиданд.
Тибби хусусӣ низ дастгирӣ ёфт ва ба дастовардҳои назаррас соҳиб гашта истодааст. Имрӯз дар шаҳри Истаравшан 13 муассисаи табобатии хусусӣ амал карда, шароиту имкониятҳои хубу замонавӣ доранд.
Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан 20 шуъба, ду маркази саломатӣ, 28 хонаи саломатӣ ва 15 маркази саломатии деҳотро муттаҳид кардааст. Ин муассиса аз нимаи дуюми моҳи апрели соли 2014 ба татбиқи «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2014-2016» оғоз карду ба ин васила хизматрасонии тиббӣ дар шаҳр шакли дигар гирифт.
Қисман куҳнаву таъмирталаб будани баъзе аз биноҳо, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набудани ашёву таҷҳизоти тиббӣ гурӯҳи муайяни сокинони шаҳрро ба шигифт овард.
Ба ҳар сурат, муассисаҳои табобатии шаҳри Истаравшан ба татбиқи он аз 14 апрели соли 2014 оғоз карданд. Инак, ду сол сипарӣ шуд ва ниёзмандон қисман ба тартиби корбарии муассисаҳои тиббӣ одат карданд. вале ҳоло ҳам ҷонибдорону мухолифони ин иқдом мавҷуданд.
Чанде қабл дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифту чанд тан аз вакилон аз ҷой доштани мушкилот, хусусан нарасидани дорувориҳо, ба талабот ҷавобгӯ набудани хизматрасонии тиббӣ дар баъзе аз шуъбаҳо, куҳнаву фарсуда будани таҷҳизоти тиббӣ изҳори нигаронӣ карданд. Ҳатто як вакил пешниҳод кард, ки аз чунин тарзи корбарӣ даст кашида шавад.
Бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз вазъи хизматрасонӣ сӯи ин муассиса роҳ пеш гирифтам. Дар саҳни ҳавлии он кошинкорӣ кардани роҳравҳо, рангубори биноҳои шуъбаҳои эҳё, терапевтӣ, осебшиносӣ ва ғайра дар авҷ буд.
Муовини сартабиб оид ба корҳои ташкилӣ Ғафурҷон Маъруфӣ, ки бо чанд тан аз устоҳо дар назди бинои шуъбаи эҳё гуфтугузор дошт, маро дида, гуфт:
- Ин корҳо ба пешвози 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат гирифта истодаанд.
Бо муовини сартабиб аз шуъбаҳои гӯшу гулӯву бинӣ, чашм, осебшиносӣ, терапия, урологӣ дидан кардем. Ин шуъбаҳо ё таъмири ҷорӣ шудаанд ва ё дар онҳо корҳои таъмирию таҷдидӣ идома доранд.
Бино ба гуфти номбурда, соҳибкорони маҳаллӣ низ дар таъмиру таҷдиди шуъбаҳо, иваз намудани дару тирезаҳо, таҷҳизонидани шуъбаҳо бо ашёҳо ва дастгоҳҳои техникӣ ва ғайра кумак расониданд.
Ба хотири дарёфти ҷавоб ба суолҳоям роҷеъ ба татбиқи барнома бо сартабиб Фарҳод Обидов ҳамсуҳбат шудам. Ӯ мавҷуд будани камбудию норасоиҳоро дар ин ҷода тасдиқ карда, гуфт:
- Дуруст аст, ки пояи моддию техникии баъзе аз шуъбаҳои беморхона ҷавобгӯи талаботи замон нест, таҷҳизоти замонавии тиббӣ низ намерасанд, таъмини имтиёздорон бо доруворӣ низ кори мушкил аст. Ҳарчанд аз замони татбиқи ин барнома беш аз ду сол сипарӣ шуда бошад ҳам, на дар буҷети соли 2014, на дар буҷети солҳои 2015-2016 барои татбиқи он аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр маблағ пешбинӣ нашудааст.
- Бо вуҷуди мавҷуд будани мушкилиҳо дар татбиқи барнома бо истифода аз захира ва имкониятҳои дохилиамон баҳри иҷрои он кӯшиш ба харҷ дода истодаем.
То гузаштан ба ин усул гузаронидани таҳлилҳои лаборатории бемориҳо дар асоси «Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» пулакӣ буд. Акнун беморе, ки бо роҳхати табиби оилавӣ ё дармонгоҳ бо натиҷаҳои таҳлилҳои лабораторӣ ба шуъбаи қабул меояд, 50 фоизи нархи муқарраркардаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳуриро пардохт менамояд. Тибқи ин нархнома, ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ҳуқуқашон ба онҳо баробаркардашуда, ҷанговарони башардӯст, муҳофизони сохти конститутсионӣ, иштирокдорони садамаи Неругоҳи атомии «Чернобил», кӯдакони то 1 — сола, маъюбони гурӯҳҳои I ва II, шахсони аз 80 — сола боло ройгон хизмат расонида мешавад ва онҳо бо доруворӣ низ бепул таъмин мегарданд.
- Мутаассифона, баъди гузаштани шуъбаҳо ба татбиқи ин барнома бистаришавии беморон ба маротиб коҳиш ёфт. Дар натиҷа, шуъбаи молияи шаҳр 112 воҳиди корӣ ва 158 катро аз шуъбаҳо ихтисор кард. Ҳарчанд музди меҳнати кормандон сари вақт пардохт карда мешавад, мо 458 ҳазор сомонӣ аз истифодаи қувваи барқ, 246 ҳазору 430 сомонӣ аз дорухонаҳо қарздорем, — гуфт Фарҳод Обидов.
Нахустин биноҳои беморхона солҳои 1928-1930 сохта, дар аксари онҳо камбудию норасоиҳо хеле зиёданд. Ба ҷуз шуъбаҳои ҷарроҳии бачагона, таваллудхона, ки чанд сол қабл мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, аз шароиту имкониятҳои замонавӣ бархӯрдоранд, шуъбаҳои дигар шароити дуруст надоранд. Ҳатто ашёҳои одӣ, аз қабили кату ҷевончаҳо, рахти хобу рӯйҷову кӯрпаҳо куҳнаву фарсудаанд.
Дар «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2014-2016» омадааст, ки дар ҳолати татбиқшавии ин барнома дар ноҳияҳои таҷрибавӣ ба татбиқкунандагон бояд аз ҳисоби кумакҳои башардӯстонаю грантҳо, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дарёфт менамоянд, инчунин дигар маблағҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, расонидани кумакҳои пуливу дастрасткунии таҷҳизоти техникӣ вусъат меёбад. Вале вазъи имрӯза нишон медиҳад, ки Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан барои татбиқи он ягон кумак дарёфт накардааст.
Тӯли ду соли татбиқшавии барнома мушоҳида намудам, ки ашхоси пулдор аксаран аз хизмати муассисаҳои тиббии хусусӣ истифода мекунанд. Ба муассисаҳои табобатии давлатӣ дар ҳоли ҳозир табақаи камбизоати ҷомеа муроҷиат мекунанд.
Бино ба маълумоти сармуҳосиби Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан Мирзо Азизов, тӯли шаш моҳи соли равон аз ҳисоби барнома 1 миллиону 596 ҳазор сомонӣ ворид гардида, 1 миллиону 483,6 ҳазор сомонии он хароҷот шудааст.
Дар беморхона масъалаи таъминот бо оби нӯшокӣ низ ба мушкил мувоҷеҳ аст. Муассиса ҳарчанд бо кадрҳои миёнаи тиббӣ пурра таъмин мебошад, вале мутахассисони маълумоти олидор, аз ҷумла асабшинос, сироятшинос, рентгенолог, кардиолог, фтизиатр, анестизиолог, гемотолог ва акушер — гинекологҳо намерасанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми январи соли 2015 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор кардаанд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷараёни татбиқи санадҳои барномавии соҳаро зери назорати қатъӣ қарор дода, барои боз ҳам беҳтар кардани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ чораҷӯӣ намояд.
Биноан, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро мебояд ҷиҳати татбиқи барномаи мазкур ба шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ дасти кумак дароз намоянд.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»