Аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ва назарияи илми иқтисод бармеояд, ки ҳаракати молу маҳсулот, қувваи корӣ ва сармоя байни кишварҳо ҳар қадар озод бошад, ҳамон андоза барои ҷонибҳо муфид аст. Ягон кишвар бе тиҷорат ва муносибатҳои иқтисодӣ рушди дарозмуҳлати худро таъмин карда наметавонад. Ҷиҳати таъмини рушди иқтисодӣ ва инкишофи соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ зарур аст, ки доираи муносибатҳо ва савдои молу хизматрасонӣ бо кишварҳои шарик васеъ гардонда шавад. Аз ин хотир, кишварҳои ҳамсарҳад бояд ҳар чӣ бештар таваҷҷуҳи худро ба афзоиши савдои байниҳамдигарӣ зоҳир намоянд. Барои мисол, савдои байниҳамдигарии кишварҳои ҳамсояи мутараққии Иттиҳоди Аврупо 60-70 фоизро ташкил медиҳад ва ин ҳисса ба рушди иқтисодии ин кишварҳо бештар таъсир мерасонад. Дар баробари ин, аз нуқтаи назари камхарҷӣ (хароҷоти роҳ), зуд дарёфт намудани бозори фурӯш ва тақсимоти самараноки меҳнат ба савдои байниҳамдигарӣ афзалият дода мешавад.
Аз ин нуқтаи назар, аҳамияти густариши муносибатҳо миёни ду кишвари ҳамсоя — Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ниҳоят бузург аст. Аз ҷиҳати иқтисодӣ ин ду кишвар дар давоми ҳар соли давраи соҳибистиқлолӣ, бо сабаби сард будани муносибатҳо, садҳо ҳазор доллари амрикоиро аз даст медоданд. Танҳо аз бефаъолиятии гузаргоҳи роҳи оҳан дар қитъаи Ғалаба-Амузанг, ки ду кишварро бо ҳам мепайваст (дар қисмати ҷанубӣ), тибқи таҳлили коршиносон ҷониби Тоҷикистон солона 40 миллион доллари амрикоӣ зарар медид. Бояд таъкид намуд, ки зарари дуҷониб бо сабаби кам шудани савдои наздисарҳадӣ ё ҳатто қатъ гардидани он дар баъзе гузаргоҳҳои он, ҷалби зиёди сармояи мустақими хориҷӣ ва ғайраҳо ниҳоят зиёд буд.
Аз ин лиҳоз, муколамаи сатҳи баланди байнидавлатӣ, ки 9-уми марти соли 2018 баргузор гардид ва ҳуҷҷатҳои баимзорасида рӯйдоди муҳим ва таърихӣ маҳсуб ёфта, заминаи муфид барои рушди иқтисодии ҳар ду кишвар ва ҳатто минтақаи Осиёи Марказӣ фароҳам меоварад. Савдои байниҳамдигарии ду кишвар, ки дар ду соли охир бо суръати баланд афзоиш меёфт ва то ба 130 миллион доллари амрикоӣ дар соли 2017 омада расид, баъди фароҳам овардани фазои мусоид метавонад дар мудати кӯтоҳ то ба 1 миллиард доллар расад. Айнан ҳамин рақамро зимни мулоқот сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъкид намуданд. Дар Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев азми устувори онҳо ҷиҳати рушд ва тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои ҳамкории ҳамаҷониба зикр гардид, ки сарҳади давлатии байни ду кишвар ба сарҳади ҳамкории ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳаётан муҳими мардуми ду кишвари бародар табдил хоҳад ёфт. Ҳамчунин қайд гардид, ки аз ҳамкориҳои дарозмуддати байни кишварҳо ба шарикии стратегӣ хоҳанд гузашт. Ин барои муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ниҳоят аҳамиятнок мебошад.
Дар таркиби тиҷорати байниҳамдигарии Тоҷикистону Ӯзбекистон номгӯйи молу маҳсулот сол аз сол зиёд шуда истодааст, аммо ҳанӯз кофӣ нест. Ба ин раванд бояд суръат бахшида шавад, то ки заминаи содиротии ҳар ду кишвар тақвият ёбад. Яъне, дар содироти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон на танҳо семент, консентрати маъдан, пахта, алюминий, балки молҳои истеҳсоли ватанӣ ва транзитиро низ афзоиш додан лозим аст, то ки ба нишондиҳандаи нақшавии афзоиши гардиши тиҷорати байниҳамдигарӣ расида тавонем. Ҳамчунин, зарур аст, ки ҳамкории шарикӣ байни соҳибкорони ду кишвар дар истеҳсоли муштараки молҳои гуногун дар кишварҳо ба роҳ монда шавад. Ин маънӣ аз натиҷаи Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ташкили Шӯрои кории байни ду кишвар, баргузории намоиши молҳои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва молҳои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, кушодашавии Хонаи савдои Ӯзбекистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, Хонаи савдои Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд, имзои созишномаҳо ва ёддоштҳо оид ба ҳамкории шарикӣ байни сохторҳои соҳибкорӣ ва давлатӣ, ки танҳо дар як соли охир ба вуқӯъ пайвастанд, низ бармеояд. Ҳаҷми маблағҳои созишномаҳои ҳамкории байни ин сохторҳо ба имзорасида аллакай беш аз 620 миллион доллари амрикоӣ аст ва ин, албатта, натиҷаи ниҳоӣ нест, оғози муносибатҳост. Дар сурати авҷ гирифтани ҳамкориҳои дуҷониба ҳаҷми истеҳсолоти муштарак ва савдои байниҳамдигарӣ афзоиш ва Ӯзбекистон ба кишвари шарики стратегӣ табдил меёбад.
Ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, алалхусус гидроэнергетика, логистика ва нақлиёт, коркарди канданиҳои фоиданок, мошинсозӣ, кишоварзӣ, туризм, дорусозӣ, истеҳсоли муштараки молҳо барои бозори кишварҳои сеюм ва амсоли инҳо ҳамчун самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд. Паст кардани тарифҳо барои нақлиёти роҳи оҳан тавассути қаламрави Ӯзбекистон, ҳалли проблемаи раводид, изҳори омодагӣ барои ҳамкорӣ дар бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, барқарорсозии роҳи оҳан ва ҳалли дигар масъалаҳо ба густариши на танҳо ҳамкориҳои байни ду кишвар, балки ба баланд шудани мавқеи онҳо дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ мусоидат менамояд.
Бояд дар назар дошт, ки барои сармоягузорони хориҷӣ, ҳангоми қабули қарор оид ба сармоягузорӣ, назар ба мавҷудияти имтиёзҳои андозу гумрук дар дохили кишварҳо, мавҷудияти фазои озоди гардиши молу хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ муҳимтар аст.
ХАЙРЗОДА Шукруллоҳ Қурбоналӣ,
ректори Донишкадаи молия ва иҳтисоди Тоҷикистон