Барои рушди саноати сабук чӣ бояд кард?

№85-86 (4347-4348) 30.06.2021

DSC_5182Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  аз 26-уми декабри соли 2018 нақш ва аҳамияти соҳаи саноатро дар рушди иқтисодиёти миллӣ муҳим шуморида, пешниҳод намуданд, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кор, саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.

Ҳар як пешниҳоди дурандешонаи Сарвари давлат барои пешрафти кор дар соҳаҳои гуногун роҳнамо мегардад. Ҳамин тавр, баъди эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барномаву стратегияи давлатӣ дар самти рушди соҳаи саноат таҳия ва тасдиқ шуданд. Аз ҷумла, «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022» татбиқ шуда истодааст. Инчунин, соли 2019 «Барномаи рушди саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ва «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» қабул гардид.

Айни ҳол шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274  адад расида, то соли 2025 бояд ба зиёда аз 3500 расонида шавад.  Агар рақамҳоро ба соли аввали соҳиб­истиқлолӣ қиёс намоем, маълум мегардад, ки тадбирҳои андешидашуда ба рушди бемайлони соҳа мусоидат кардаанд. Соли 1991 дар кишвар 358 корхонаи саноатӣ фаъол буд. Соли 2020-ум 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Соли 2020 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон теъдоди зиёди корхонаҳои нав ба фаъолият шурӯъ намуданд. Аз ҷумла, дар соҳаи саноати сабук 32 корхонаю коргоҳи нав ба истифода дода шуда, шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин шуданд. Самти фаъолияти корхонаю коргоҳҳои навтаъсис коркарди нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, ҷӯроб, халтаҳои полипропиленӣ, пахтаи кӯрпабоб, пойафзол ва мебел маҳсуб мешавад.

Тавре маълум аст, соли 2020 бар асари паҳншавии бемории сироятии коронавирус истеҳсоли баъзе аз маҳсулот коҳиш ёфт. Тибқи маълумоте, ки аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардид, ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ аз ҷониби як қатор корхонаҳои саноати сабук истеҳсоли номгӯи нави маҳсулот, ки ивазкунандаи воридот ба шумор мераванд, аз ҷумла, дока, ниқоб ва халатҳои махсуси муҳофизатии тиббӣ ба роҳ монда шуд. Бо мақсади дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 сентябри соли 2020 қабул гардид, ки тибқи он, ашёи хом барои истеҳсоли воситаҳои безараргардонӣ, доруворӣ ва либоси муҳофизаткунанда аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда шуд.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли гузашта 9424,5 ҳазор дона ниқоби тиббӣ, 61229 дона либоси муҳофизатӣ истеҳсол ва ба муассисаҳои тандурустӣ дастрас гардид. Илова бар ин, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «САТН» ва «Ҷавонӣ» 2 млн. 700 ҳазор дона ниқоби тиббиро ба Ҷумҳурии Италия содирот намуданд, ки шаҳодати рақобатпазир будани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар бозорҳои хориҷи кишвар мебошад.

Соли гузашта корхонаҳои соҳаи саноати сабук, корхонаҳои пахтатозакунӣ ба маблағи 3 млрд. 140,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли 2019 — ум 339,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

f9803f4e7e880ed61Дар маҷмӯъ, соли 2020 нақшаи дурнамои нишондиҳандаҳои барномавии истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, кешбофӣ, ҷӯроб, пойафзол, мебел ва адрас барзиёд иҷро шуда бошад ҳам, истеҳсоли ресмону матои пахтагин ва коркарди пӯст аз 34,3 то 91,0 фоизро ташкил медиҳад.

Матоъҳои пахтагин ва абрешимии Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар талаботи зиёд дорад. Бинобар ин, бештар кардани теъдоди корхонаҳои истеҳсолии саноати сабук тақозои давру замон аст.

Рушди қолинбофӣ, истеҳсоли маҳсулот аз чарму пашми чорво низ судовар хоҳад буд. Солҳои охир дар минтақаҳои гуногун чорводорӣ эҳё ва рушд меёбад. Ба мушоҳида мерасад, ки на ҳама вақт пашму пӯсти чорво самаранок истифода мегардад. Дар баъзе аз маврид аҳолӣ баъди забҳи чорво пӯсту пашми  онро ба партовгоҳ мепартоянд. Хуб мешуд, дар деҳот марказҳои қабули ашёи хоми зикршуда ва корхонаҳои коркарди пӯсту пашм таъсис дода шаванд.

Итминон дорем, ки ­масъулин баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш саъю талош менамоянду дар ин замина вазъи саноати сабук беҳбуд меёбад.

Холбойзода Неъматулло Холбой,

 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон