Дар Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳаи энергетика диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дастуру ҳидоятҳои тавассути онҳо додашуда ҳамчун як барномаи муҳими танзими фаъолият ва ноил шудан ба дастовардҳои нав дар ҳама соҳаи хоҷагии халқ мебошанд.
Дар Паёми соли 2017- и Пешвои миллат низ ба рушду нумӯи соҳаи энергетика, чун воситаи асосии пешбурди иқтисодиёт, диққати ҷиддӣ дода шудааст. Як афзалияти муҳими соҳа дар он аст, ки барқ дар Тоҷикистон асосан аз манбаъҳои барқароршавандаи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол мегардад.
Вобаста ба ин, дар Паём қайд шудааст: «Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи «иқтисодиёти сабз» маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад».
Амалан, бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам омад, ки дар кишвар солҳои соҳибистиқлолӣ як зумра иншооти муҳим сохта, ба истифода дода шаванд. Пурра ба истифода додани Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда — 1» ва «Сангтӯда — 2», Маркази барқу гармидиҳии Душанбе — 2, хатҳои интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон», «Хуҷанд — Айнӣ», «Сангтӯда — Лолазор», «Сангтӯда — НБО-и Сарбанд», «Қайроққум — Ашт», таҷдид ва иваз намудани зеристгоҳҳо ба зеристгоҳҳои пурқудрат, таҷдид ва барқарорсозии неругоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ, ки дар панҷ-даҳ соли охир амалӣ гардиданд, соҳаро побарҷо нигоҳ дошта, иқтидору эътимоднокии таъминоти энергияи барқро дар ҷумҳурӣ хеле беҳтар намуданд. Ин раванд имрӯз низ бомуваффақият идома дорад.
Тавре дар Паём низ қайд гардид: «Дар баробари бунёди иншооти нави тавлиди неруи барқи обӣ имрӯз зарурати таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда пеш омадааст, ки сармоягузории зиёдро тақозо менамояд. Лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак» дар ду марҳала бо ҷалби 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, марҳалаи якуми он оғоз ёфт.
Дар самти татбиқи лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ корҳо оғоз ёфта, агрегати якуми он соли 2018 ба кор андохта мешавад. Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» яке аз куҳнатарин неругоҳҳо буда, аз соли 1957 мавриди истифода қарор дорад. Барои таҷдиди ин неругоҳ 600 миллион сомонӣ ҷалб гардида, корҳо тибқи лоиҳа соли оянда оғоз мешаванд.
Дар маҷмӯъ, барои таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда беш аз 8 миллиард сомонӣ равона мегардад».
Ҳама дар хотир доранд, ки 13 январи соли 2017 Муроҷиатномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар дар шабакаҳои телевизионӣ пахш гардид.
Дар он, аз ҷумла, қайд шуд: «Бо мақсади беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, таъмини фаъолияти самараноки корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз пагоҳ — 14 январи соли 2017 сар карда, маҳдудияти барқ пурра бардошта мешавад, яъне аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави кишвар бисту чор соат бо барқ таъмин карда мешаванд…».
Ин, бешубҳа, дастоварди беназир аст. Дар замони соҳибистиқлолӣ, хусусан солҳои охир, як мушкили асосии мардуми кишвар норасоии неруи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон буд. Маҳдудияти интиқоли неруи барқ баъзе солҳо аз моҳи сентябр то моҳҳои март ва ҳатто апрел идома меёфт. Имкони пурра бо барқ таъмин намудани шаҳрҳои саноатӣ, ҳатто пойтахти мамлакат мавҷуд набуд. Бо таъмини барқи бемаҳдудият душвориҳои мардум осон гардид.
Бо вуҷуди ин, дар соҳаи энергетика мушкилиҳо хеле зиёданд. Таъмини ҷамъоварии пурраи ҳаққи барқи истифодашуда, ба дараҷаи минималӣ кам намудани талафоти техникии неруи барқ, пурра ба ҳисоб гирифтани ҳаҷми барқи фоиданок бояд доимо дар мадди назар бошад. Дар роҳи ислоҳи камбудиҳо зарур аст, ки ҳар истеъмолкунандаи барқ кумак намояд.
Кормандони соҳаи энергетика бовар доранд, ки нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳадафи аслии он пешрафти кишвар ва саодати ҳамдиёрон аст, албатта, дар амал татбиқ мегарданд ва он рӯз дур нест, ки дар баробари дигар дастовардҳо ба истиқлолияти энергетикӣ низ мерасем.
Мирзо ИСМОИЛЗОДА,
раиси ШСХК «Барқи Тоҷик»