Баррасии ҳамкории бонкӣ бо Малайзия

№ 25.02.2025

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо сафири фавқулода ва мухтори Малайзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Туаҳ Илёс муносибатҳои Тоҷикистон ва Малайзия дар бахши низоми бонкӣ, суғурта ва имконоти тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ байни ҳар ду давлатро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо барои татбиқи самаранок ва риояи стандартҳои байналмилалии бонкӣ, инчунин, вобаста ба баланд бардоштани иқтидори Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳаи танзим ва назорати ташкилоти қарзӣ, ширкатҳои суғурта, татбиқи ипотекаи исломӣ тавассути ташкилоти қарзӣ ва таҳияи заминаи ҳуқуқӣ барои ҷорӣ намудани суғуртаи такафул суҳбат намуданд.

Таъкид гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон иштироки сармояи хориҷиро дар сармояи оинномавии ташкилоти қарзии Тоҷикистон, инчунин, кушодани бонки фаръӣ, филиалҳо ва намояндагиҳо дар ҳудуди мамлакатро пурра дастгирӣ менамояд.

Г. РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»