Бисту дуюми апрели соли равон бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодии «Тавозун» дар мавзӯи «Дастрасии аҳолӣ ба иттилоот оид ба Буҷети давлатӣ» баргузор гардид. Директори ТҶ «Хома» Шаҳло Акобирова гуфт, ки мақсади асосӣ ба роҳ мондани баррасии фаъол бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандию ВАО ва таъмини шаффофияти он аст, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, ҷалб намудани доираи васеи рӯзноманигорон ба масоили идораи молияи давлатӣ ва инъикоси дурусту саривақтии он мавзӯи муҳими ҷамъиятӣ мебошад.
Сипас, номзади илми фалсафа Татяна Бозрикова дар мавзӯи «Масъалаҳо ва монеаҳо дар дастрасӣ ба маълумот оид ба буҷет» маърӯза намуд. Аз рӯйи натиҷаҳои тадқиқот ба иштирокчиён оид ба баҳогузорӣ ба дигаргуниҳо дар самти дастрасии аҳолӣ ба иттилооти марбут ба буҷет ва дигар масъалаҳои молиявӣ маълумот дода шуд.
Ҳамчунин, унвонҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Назирҷон Зоиров дар мавзӯи «Таҳлили самаранокии имтиёзҳои андозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ронд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»