Баррасии манфиатҳои субъектҳои соҳибкорӣ дар кодекси андоз

№59 (4479) 17.05.2022

12 майи соли ҷорӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни «Арзёбии Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва таъсири он ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ» суҳбати гирди миз баргузор шуд. Дар он намояндагони вазорату идораҳо ва сохторҳои дахлдори соҳа, инчунин, олимони муассисаҳои илмию таълимӣ, мутахассисону коршиносон, соҳибкорон ва намояндагони бахши хусусӣ ширкат варзиданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш иброз дошт, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав бо мақсади ба равандҳои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҷавобгӯ намудани низоми андозбандии кишвар ба тамоюли рақамикунонии он ва ба ин васила, ба шакли ягонаи электронӣ ба ҳисоб гирифтани амалиёти аз ҷониби андозсупоранда анҷомдодашаванда, инчунин, сода ва оммафаҳм намудани муқаррароти он таҳия гардидааст.

 - Дар таҳрири нави Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои субъектҳои соҳибкорӣ, пеш аз ҳама, истеҳсолкунандагон ба назар гирифта шудааст. Ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои фардӣ ва кам кардани дахолат ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ шумораи назорати андозӣ коҳиш дода шуда, тартиби гузаронидани назорати камералӣ дар шакли худкор пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, нисбат ба андозсупорандагони бомасъулият санҷишҳои андозӣ маҳдуд карда шуда, ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунии андозӣ дар фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мониторинги андоз пешбинӣ гардид. Он дар асоси созишнома байни мақомоти андоз ва андозсупорандагон татбиқ шуда, ҳангоми дар давраи мониторинги андоз ошкор гардидани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, пешниҳод оид ба ислоҳи камбудиҳо бе татбиқи чораҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ амалӣ мешавад, — зикр кард Хайриддин Усмонзода ва афзуд, ки низомҳои махсуси андозбандӣ ва низомҳои имтиёзнок муттаҳид ва шумораи умумии онҳо, ки 10 номгӯйро ташкил медод, то ба 8 номгӯй кам карда шуд. Ҳамчунин, дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти низомҳои имтиёзноки андозбандии фаъолияти парандапарварию моҳипарварӣ, субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба низомҳои махсус табдил дода шудааст.

Муовини сардори Раёсати ислоҳоти андозии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абубакр Асадуллозода дар мавзӯи «Кодекси андоз дар таҳрири нав ва фарқи он дар муқоиса бо кодекси қаблӣ», намояндаи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Абдурауф Ҷӯраев дар мавзӯи «Моратория ба ҳама навъи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», нозири калони Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафари Саидқул дар мавзӯи «Нақши имтиёзҳои гумрукию андозӣ дар рушди сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ», раиси Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкор «Кадбону» Сабоҳат Раҳимзода дар мавзӯи «Нақши Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкор «Кадбону» дар рушди соҳибкории бонувон», номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, декани факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Абдукарим Қурбонов дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди соҳибкории инфиродӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар шароити муосир», номзади илмҳои ҳуқуқ, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» Фурқат Қурбонализода дар мавзӯи «Шартномаи фаъолияти якҷоя дар соҳаи соҳибкорӣ», мудири шуъбаи «Мониторинг ва омӯзиши сармоя­гузорӣ дар КАС»-и Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илм­ҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Ахмедов дар мавзӯи «Нақши соҳибкории хурд дар таъмини амнияти озуқаворӣ», муовини декани факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Афзалшоҳ Бобозода дар мавзӯи «Вазъи инкишофи сайёҳӣ дар маҳалҳо ва имтиёзҳои андозӣ ҳамчун омили рушди инфрасохтори соҳа» баромад карданд.

Сипас, иштирокчиён перомуни маърӯзаҳои ироашуда фикру андеша баён намуда, ба саволҳояшон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 Рӯзибойи УМАР,

 «Садои мардум»