Баррасии масъалаҳои сайёҳӣ бо БОР

№ 17.02.2025

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо директори дафтари намояндагии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото татбиқи бастаҳои хизматрасонии машваратӣ ва нақшаи амалишавии лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ барои солҳои 2025-2026»-ро баррасӣ намуданд.

Ҷониби Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар самти бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва монеаҳое, ки имрӯз садди рушди соҳаи сайёҳӣ гардидаанд, изҳори омодагӣ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2020 инҷониб дар назди Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ» амал мекунад, ки аз ҷониби Бонки сиёии рушд маблағгузорӣ мешавад. Ҳадафи аслии лоиҳа омода намудани нақшаи рушди устувори сайёҳӣ, низоми ёрирасони омори сайёҳӣ, таҳия намудани рӯйхати лоиҳаҳои сармоягузорӣ, 8 лоиҳаи афзалиятноки сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва таҳияи нақшаи генералии сайёҳии шаҳри Душанбе, минтақаҳои атрофи он, вилоятҳои Хатлон ва Суғд мебошад.

Ф. АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»