Баррасии масоили об зимни ҳамоиши илмиву амалӣ

№89 (4509) 20.07.2022

DSC08764Дар шароити муосир баробари дигар мушкилоти ҷаҳонӣ масоили марбут ба об ва экология, аз ҷумла дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва гармшавии иқлим, масъалаи ташвишовар гардида, ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст. Маҳз чунин вазъият боис шудааст, ки дар рӯзномаи муносибатҳои байналмилалӣ масъалаҳои вобаста ба об яке аз мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.

Ин нукта 15 июли соли равон зимни конфронси илмиву амалии «Дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари асосии пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ» дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид. Он бо мақсади натиҷагирӣ аз Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ», баррасии нақш ва ҷойгоҳи дипломатияи об дар пешбурди сиёсати хориҷӣ, коркарди пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 ва таҳкими ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф ва ҳалли мушкилоти мавҷуда баргузор шуд.

Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон «диплома­тияи об» самти афзалиятнок ба ҳисоб рафта, пешбурд ва тақвияти он на танҳо ба манфиати давлати мо, балки ба манфиати тамоми башарият аст, чунки мушкилоти вобаста ба об рӯз то рӯз дар ҷаҳон афзоиш ёфта, давлатҳоро нигарон мекунад.

IMG_1781Сипас, олимону коршиносон дар мавзӯъҳои «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» қадами навбатӣ ба сӯи рушди устувор», «Ҳифзи пиряхҳо яке аз воситаҳои пешгирии мушкилоти вобаста ба об дар минтақа», «Нақши Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои об дар сатҳи глобалӣ: аз Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» то Конфронси оби СММ дар соли 2023», «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун минбари ҳамкорӣ ва муколама дар ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор», «Татбиқи чорабиниҳо ва моҳияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалии экологӣ дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баромад карда, аҳамияти чорабиниҳои муҳими кишвар вобаста ба обро дар беҳдошти аҳолӣ ва муҳити зист шарҳу тавзеҳ доданд.

Дар кори конфронс намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, мутахассисон ва коршиносони соҳаи обу муҳити зист, таҳлилгарони масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва доираи васеи рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»