2 — уми майи соли 2023 дар Китобхонаи миллӣ Тоҷикистон бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи «Идораи босамар барои рушди иқтисодӣ» маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодии «Тавозун» дар мавзӯи «Ислоҳоти низоми андоз ва андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар он санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар соҳаи андоз, татбиқи барномаҳои ислоҳоти андоз, таҳияи нақшаи андоз дар шаҳру навоҳӣ, дастовард ва мушкилоти барномаҳои ислоҳоти андоз, баррасӣ гардид.
Дар чорабинии мазкур Шамсулло Хайруллозода, муовини сардори Сарраёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молия, Рауф Ҳайдаров, сармутахассиси Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Насибахон Аминова директори Анҷумани миллии соҳибкории хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносони соҳаи андоз ва андозбандӣ, намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ суханронӣ намуданд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»