Басе халқ «Нон» гуфта, доданд ҷон

№83-84 (4345-4346) 26.06.2021

IMG_0001Ё тай кардани чил километр ба хотири нон

Мардум аз қадимулайём  нонро эҳтиром намуда, онро «шоҳи дастархон» меноманд.  Хор кардани нон гуноҳ ва сабаби бебаракатӣ мегардад. Чунончӣ, Аттори Нишопурӣ фармудааст:

Резаи нонро маяфкан зери пой,

Гар ҳамехоҳӣ ту неъмат аз Худой.

Ҳоло, шукри Худованд, нон фаровону ба ҳама дастрас аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки дар муносибат бо неъмати бузург саҳлангорӣ намоем. Ба гуфтаи собиқадори меҳнат, Аълочии матбуоти Тоҷикистон Нарзибой Ашӯрови 86 — сола ҳоло дар партовгоҳ ва канори роҳу гузаргоҳҳо  дидани нони хушку мағорзада табъи касро хира месозад. Касоне, ки нисбат ба нон чунин беэҳтиромӣ мекунанд, маълум аст, ки айёми  мудҳиши ҷанг ва норасоии нонро надидаанд.

- Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ падарам дар кони ангишти Шӯроб фаъолият доштанд. Он кас ҳар ҳафта як қисми  нони музди меҳнаташонро ҷамъ мекарданд. Мани шашсоларо модарам аз деҳаи Лаккони Исфара ба хар савор карда, ба назди падарам мефиристоданд. Шаб дар хобгоҳи ангиштканон мехобидаму субҳи барвақт  падарам  нон («буханка»)-ҳои ҷамъкардаашонро ба хӯрҷин  андохта, маро гусел мекарданд. Субҳ равон шуда, соатҳои 3-4 масофаи 40 километрро тай карда, ба хона мерасидам, — мегӯяд Нарзибой Ашӯров.

Ӯ бо таассуф нақл мекунад, ки солҳои мудҳиши ҷанг се апааш аз бенонию камғизоӣ бармаҳал фавтиданд. Падару модар дуруст нахӯрда, нонро барои ягона писарашон  нигоҳ медоштанд.

- Раҳматӣ  модарам борҳо дар фасли зимистон аз сабаби бенонӣ косаю табақи чиниро ба шахсони доро дода, ба ивазаш як кило орд  мегирифтанд, то маро аз чанги гуруснагӣ  раҳо намоянд, — ба хотир меорад Н. Ашӯров.

нонПири рӯзгордида нақл мекунад, ки пас аз солҳои шастуми асри ХХ мардуми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нонро серӣ мехӯрдагӣ  шуданд. Бо вуҷуди фаровон будани он дар рӯзномаю маҷаллаҳо гӯшаи махсус дар хусуси эҳтироми нон ҷудо шуда буду дар мавзӯи расидан ба қадри ин неъмати бузург конфронс­ҳо баргузор мегардид. Дар онҳо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат  дар бораи чӣ гуна аз бенонӣ азоб кашиданашон ба насли наврас  ҳикоя мекарданд. Шоирон дар васфи нон шеър эҷод мекарданду сарояндагон оҳанг баста месуруданд. Аз ҷумла, сурудҳои «Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм», «Ҳар кӣ нонро зери по кард», «Нон бувад чун ҷони одам»  ва ғайра бисёр таъсирбахш буда, мудом аз радио садо медоданд.

- Мутаассифона, ҳоло аз аксар шабакаҳои радиоӣ, ғайр аз «Фарҳанг»-у «Тоҷикистон», бештар сурудҳои каммазмун садо медиҳанду  сурудҳои тарбиявию дар васфи нон кам шунавонида мешаванд. Ҳол он ки чунин сурудҳо насли ҷавону наврасро ба эҳтироми нон даъват мекунанд, — мегӯяд Нарзибой Ашӯров.

Мардум солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ азоби нарасидани нонро ҳис карданд. Бархе дар навбати нон сармо кашида, бемор шуданд ва иддае ҳатто ҷон бохтанд. Дар вилояти Хатлон истеъмоли нони аз ҷорӯбу гандуми пастсифат тайёршуда боис ба авҷгирии бемориҳои гуногун гашт. Сайидои Насафӣ дар ин хусус фармудааст:

Муяссар нашуд дидани рӯи нон,

Басе халқ «нон» гуфта, доданд ҷон.

Пас аз расидан ба ваҳдати миллӣ таъмини аҳолӣ бо нон беҳтар гардид. Хуб мешуд, дар шабакаҳои телевизиону радио ва рӯзномаю маҷаллаҳо дар бораи қадру қимати нон ва эҳтироми он барнома таҳия намуда, мақола  ба табъ расонанд. Зеро нон барои тоҷикон на танҳо ғизои асосӣ, балки сарвати муқаддаси маънавӣ низ ба шумор меравад. Чунончӣ, мардум меҳмони азизтаринро бо нону намак пешвоз мегиранд, фарзанд ба сафари дур равад, нон мегазонанду то омаданаш нигоҳ медоранд, нонро «ҳамроҳ» меноманду бо ризқ ҳаммаъно меҳисобанд.

Пас биёед, ин неъмати нерубахшро  азиз дошта, ба беқадр ва исроф шуданаш роҳ надиҳем.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»