17 сентябр - Рӯзи ҷаҳонии амнияти беморон

Беморон ҳам бояд амният дошта бошанд

№113-114 (4219-4220) 17.09.2020

Ба тақвими ҷаҳонии иду ҷашнвора ва рӯзҳои махсус боз як сана илова гардид. Минбаъд ҳар сол 17 сентябр аз тарафи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), шарикони байналмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии амнияти беморон қайд мегардад. Дар ин бобат 25 майи соли 2019 дар Иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи ҷаҳонии тандурустӣ бо унвони «Амалҳои глобалии таъмини амнияти беморон» қарор қабул гардид. Ба ин кор саммитҳои ҳарсолаи ҷаҳонии вазирони соҳаи тандурустӣ оид ба амнияти беморон, ки нахус­тини он соли 2016 дар шаҳри Лондон доир гашт, нақши муҳим бозиданд.

Тибқи маълумоти СУТ, ҳар сол дар натиҷаи 134 миллион садамот, тасодуф ва ҳодисаҳои номатлуб 2, 6 миллион нафар бемор дар кишварҳои сатҳи даромаднокии аҳолиашон пасту миёна бо сабаби расонидани кумакҳое, ки хавфи зарар расонидан доранд, ҷон аз даст медиҳанд. Аз ҳар 10 тан бемор 4 нафар дар натиҷаи расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ё амбулаторӣ зарар мебинад. Ҳарчанд 80 дарсади зарарҳоро пешгирӣ намудан мумкин аст. Бинобар ин, ҳадафҳои умумии Рӯзи ҷаҳонии амнияти беморон тавсеаи дарки зарур будани таъмини амнияти беморон, баланд бардоштани сатҳи иштироки ҷомеа дар таъмини бехатарии ёрии тиббӣ, мусоидат намудан ба болоравии сатҳи амнияти беморон ва коҳиш додани зарар ба онҳо дар ҷаҳон аст. Шиори он рӯзро принсипи асосии соҳаи тиб – «пеш аз ҳама зарар нарасон» ташкил медиҳад.

Соли гузашта пас аз эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии амнияти беморон СУТ маъракаи васеи тарғиботиро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огаҳии кормандони соҳаи тиб роҳандозӣ намуд, ки ҳадафи он дарку эҳсоси масъулият ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи бехатарии ёрии тиббӣ аз ҷониби ҳар як корманд аст.

Ҳоло пандемияи COVID-19 яке аз хатарҳои хеле ҷиддӣ маҳсуб меёбад, ки аҳли башар бо он рӯ ба рӯ шудааст. Барои соҳаи тандурустӣ ин вазъ дар самти таъмини амнияти беморон дар таърихи башар буҳрони ҷиддӣ аст, ки ба системаи тандурустии ҷаҳон фишор меорад. Соҳа ҳамон вақт хуб амал хоҳад намуд, ки бо мутахассисони масъулиятшиносу дилсӯз таъмин бошад ва онҳо ба беморон ёрии бехатари тиббӣ расонида тавонанд. Мутаассифона, алҳол дар бархе аз муассисаҳои тиббии бисёре аз кишварҳо норасоии мутахассисони соҳаҳои вогиршиносӣ ва бемориҳои сироятӣ ба назар мерасад.

Умед бар он мебандем, ки дастгирии иқдомҳои СУТ бобати таъмини амнияти беморон хавфи марги беморонро дар кишвар бартараф хоҳад кард.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»