21 декабри соли равон дар ҳузури комиссияи махсус, намояндагони мақомоти прокуратура, суд, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ дар бухории махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 368 килограмму 271 гр маводи нашъаовар, аз ҷумла, 7 кг 984 гр. героин, 110 кг 910 гр. афюн, 111 кг 425 гр. ҳашиш, 136 кг 700 гр бангдона ва 1 кг 250 гр ҳаби МДМА аз рӯи 15 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбати онҳо ҳукми суд баромадааст, сӯзонда шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар давоми ҳабдаҳ соли охир дар бухории Агентӣ зиёда аз 17,5 тонна маводи нашъаовар сӯзонда шудааст.
Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»