Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки натиҷагирӣ аз давраи муайяни фаъолият дар кулли идораву ташкилот ва муассисаву ширкатҳо, сарфи назар аз шакли фаъолияташон, ба ҳукми анъана даромадааст. Омили мазкур замина фароҳам меорад, ки дар асоси нишондиҳандаҳои бадастомада нақшаҳо барои фаъолияти минбаъда тасдиқ ва тасмимҳои дахлдор ҷиҳати беҳбудӣ бахшидани ин раванд гирифта шаванд. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар ҷаласаи васеи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, ки бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ, масъулини Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон 30 июли соли ҷорӣ баргузор гардид, ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якум ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли равон мавриди баррасӣ ва хулосабарории ҳамаҷонибаи иштирокдорон қарор гирифтанд.
Дар оғози ҷаласа раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор намуд, ки сарфи назар аз вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, ноустувории иқтисодиёти кишварҳои шарикони савдо, тағйирёбии нархи молу ашёи асосии содиротӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва афзоиши фишорҳои қурбӣ, тамоюли мусбии рушд дар иқтисодиёти миллӣ нигоҳ дошта шуда, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва фаъолияти низоми бонкии кишвар ҷиҳати иҷрои нишондиҳандаҳои иқтисодӣ — молиявӣ равона гардид. Аз он изҳори қаноатмандӣ шудааст, ки Бонки миллии Тоҷикистон давоми нимсолаи аввали соли 2015 вобаста ба вазъи иқтисодию молиявӣ сиёсати мутавозуни пулию қарзӣ, муътадилии қурби пули миллӣ, таъмини фаъолияти солими низоми бонкии кишвар ва нигоҳдории сатҳи муътадили таваррумро, ки омили муҳими рушди иқтисодиёт ва болоравии сатҳи некуаҳволии мардум мебошад, амалӣ намуд.
Дар идомаи суханронии худ Ҷ.Нурмаҳмадзода зикр кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо бонкҳо барои беҳтар намудани фаъолияти босуботи низоми бонкӣ ва таъмини рушди устувории он дар кишвар, ба беҳтар кардани сифати дороиҳо, пурзӯр намудани идоракунии хавфҳо, зиёд кардани сармояи асосӣ, такмили усулҳои идоракунии корпоративӣ, назорати қатъӣ аз болои дороиҳо, уҳдадориҳо, сатҳи пардохтпазирӣ ва баланд бардоштани самаранокӣ бояд диққати асосӣ диҳанд.
Сипас, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромов вобаста ба «Ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якум ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2015» дар заминаи таҳлили амиқ ва далелу арқоми асоснок суханронӣ намуд. Номбурда диққати роҳбарони бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурдро ба тамоюли зиёдшавии дороиҳои ғайриманқул, раванди сусти автоматикунонии амалиётҳои бонкӣ, номукаммал будани низоми идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳо, сатҳи пасти риояи қоидаҳои қарздиҳӣ, риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, пешниҳоди носаҳеҳи ҳисобот, сатҳи пасти миёнаравии молиявӣ, беҳтар намудани идораи корпоративӣ, надоштани стратегияи ҷалби захираҳои дарозмуҳлат, фаъолияти ғайриқаноатбахш дар ҷорӣ намудани маҳсулотҳои нави бонкӣ, баланд будани фоизи қарзҳо ва ғайра ҷалб намуд.
Иброз гардид, ки баъди санҷишҳои Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба бонкҳо, ташкилотҳои хурди маблағгузор вобаста ба камбудиҳои мавҷуда ҷаримаҳои гуногун дар ҳаҷми калон татбиқ шуданд ва дар сурати ислоҳ нагардидани камбудиҳои ошкоршуда, ин раванд минбаъд низ давом дода мешавад. Дар навбати худ роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон дар мавриди мавҷуд будани баъзе мушкилот ҳангоми ҳисоб кардан ва пардохти андоз, интиқоли маблағҳо аз хориҷи кишвар ва ҳамчун пасандоз ворид шудани онҳо ба ташкилотҳои қарзӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ», таҳияи дастурамалҳои ҷавобгӯй ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа, ба роҳ мондаи фаъолияти дурусти банкоматҳои ташкилотҳои қарзӣ фикру андешаҳои худро баён намуда, изҳор доштанд, ки омодаанд якҷо бо Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои номбурда саҳм гузоранд.
Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба масъулини соҳа баҳри тавсеа бахшидани раванди фаъолият ва дар сатҳи хуб ва сифати баланд пешниҳод намудани хизматрасониҳо супориш ва тавсияҳо дода шуд.
Далер МЕРГАНОВ,«Садои мардум»