Ё чаро бо гузашти ду сол аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» аз ҷониби масъулин иқдоме амалӣ нашудааст?
Бонкдории исломӣ чанд соли охир дар олам маъруф гардидааст. Омили асосии таҳрикдиҳандаи ин раванд буҳронҳои ҷаҳонии молиявӣ мебошад, ки бар асари онҳо низоми бонкии ҷаҳон осеби ҷиддӣ дида, ҳатто бонкҳои бузургтарини ҷаҳон муфлис шуданд. Маҳз дар ин айём бартарии фаъолияти бонкии исломӣ дар муқоиса ба низоми маъмулӣ собит гардид. Осебнопазир боқӣ мондани бонкҳое, ки бо усули зикргардида фаъолият доштанд, шаҳодати гуфтаи болост .
Тибқи маълумоти мавҷуда, айни замон теъдоди бонкҳое, ки бо низоми исломӣ фаъолияти худро пеш мебаранд, 500 ададро ташкил дода, ҳаҷми сармояи онҳо 3 триллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Малайзия аз аввалин кишварҳое мебошад, ки бонкдории исломӣ дар он босуръат такомул ёфта, дар пешрафти ҳама соҳа саҳми бориз дорад. Нуктаи муҳим ва ҷолиб он аст, ки бонкҳои исломӣ на танҳо дар кишварҳои мусалмонӣ, балки дар кишварҳои ғарбӣ низ фаъолияти пурмаҳсул доранд. Барои мисол, дар Англия 15 адад бонки исломӣ мавҷуд буда, 16 фоизи муштариёни низоми бонкии Федератсияи Россия майл ба хизматрасонии чунин бонкҳо доранд. Дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда, Ҷумҳурии Қазоқистон барои фаъолияти бонкҳо бо чунин усул шароит фароҳам овард. Далелу рақамҳои мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки буҳронҳои ҷаҳонии молиявӣ ба бонкҳои исломӣ на танҳо натавонистанд таъсири манфӣ расонанд, балки ба рушди бештари ин низоми молиявӣ мусоидат намуданд. Чаро чунин шуд? Сабабро бояд дар принсипи фаъолияти бонкдории исломӣ ҷуст. Принсипи асосии фаъолияти бонкдории исломӣ аз он иборат аст, ки ба муштариён қарзи бефоиз медиҳад, зеро дини Ислом риборо ҳаром медонад. Ин муваффақияти асосии бонкҳои исломист. Бино ба таҳлили коршиносони соҳа, яке аз иллатҳои аслии буҳрони молиявӣ ин буд, ки бонкҳо қарзҳоро бо фоизи баланд ба муштариён пешниҳод карданд, ки дар натиҷа муштариёни зиёд натавонистанд қарзҳоро баргардонанд. Гуфтан бамаврид аст, ки дар қисме аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон филиалҳои бонкҳои исломӣ ва равзанаҳои бонкҳои исломӣ дар бонкҳои анъанавӣ фаъолият доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи мазкур соли 2008 — замони шурӯъ шудани буҳрони ҷаҳонии молиявӣ таваҷҷуҳ бештар зоҳир гардид. Ҳамон вақт раиси ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пирзода зарурати ҷорӣ намудани онро таъкид намуд. Аммо он замон барои амалӣ намудани ин низом заминаи ҳуқуқӣ вуҷуд надошт. Баъдтар, аниқтараш ду сол пеш баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ», барои роҳандозӣ намудани ин низоми бонкӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта шуд.
Агар роҳандозии бонкдории исломӣ дар мамлакатҳои собиқ шӯравӣ бо ташаббуси бахши хусусии молиявӣ пешниҳод шуда бошад, дар Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки миллӣ дастгирӣ ёфт. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» ба фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти бонкии исломӣ нигаронида шуда, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Қонуни мазкур мебоист ба дарёфти манбаъҳои нави ҷалби сармояи хориҷӣ ва пасандозҳои дохилӣ мусоидат мекард. Зарурати қабули қонуни мазкурро масъулин он замон ба се ҷанбаи асосӣ — Паёмҳои Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таклифу дархостҳои пайвастаи интихобкунандагон ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили рақобати солим дар байни ташкилотҳои қарзӣ рабт дода буданд. Ба ибораи дигар, роҳандозии фаъолияти бонкии исломӣ дар кишвари мо бояд саҳифаи нави муносибатҳои қарзиро кушода, барои рушди бемайлони иқтисодиёт заминаи воқеӣ мегузошт. Мутаассифона, бо гузашти вақти зиёд аз мавриди амал қарор гирифтан аз ҷониби масъулини низоми бонкии кишвар, ба истиснои ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», ҷиҳати иҷрои қонуни мазкур иқдоме амалӣ нашудааст. Ҳол он ки ҷорӣ намудани ин усули бонкдорӣ ва роҳандозии фаъолияти ташкилотҳои хурди маблағгузорӣ бо усули исломӣ дар шароити кунунии кишвари мо зарур ва ҷанбаҳои мусбии ин раванд хеле зиёд аст. Имрӯз шаҳрвандон аз баланд будани фоизҳои ташкилотҳои қарздиҳии амалкунанда изҳори нигаронӣ менамоянд, чунки вазни қиёсии фоизи қарзҳо дар арзиши аслии маҳсулот, кору хизматрасониҳо то 30 фоизро ташкил медиҳад. Биноан, бо қабули қонуни мазкур бояд марҳилаи нави муносибатҳо оғоз гардида, шарикии ташкилотҳои қарзии исломӣ бо мизоҷон таъмин мешуд.
Дар робита ба ин масъала овардани чанд далелро аз таҷрибаи ташкилоти хурди маблағгузории «Аховат» аз Ҷумҳурии Исломии Покистон бамаврид медонам, ки исботи бартариҳои чунин усули маблағгузорист. Ташкилоти хурди маблағгузории «Аховат», ки фаъолияти худро соли 2000 — ум бо 200 доллари ИМА шурӯъ намудааст, айни замон сандуқи қарзиаш зиёда аз 200 миллион доллари ИМА — ро ташкил медиҳад. Муҳим он аст, ки ин ташкилот фаъолияти хешро дар заминаи маблағҳои хайриявии шахсони эҳсонкор роҳандозӣ намуда, пурра ба пешниҳоди қарзҳои ҳасана (бефоиз) машғул аст. Ташкилот чунин қарзҳоро танҳо ба шахсони камбизоат ва воқеан ҳам эҳтиёҷманд, ки даромади якрӯзаашон камтар аз ду доллари ИМА мебошад, дода, ба ин васила дар коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ саҳмгузор гардидааст. Барои мисол, дар қисмати ҷанубии Ҷумҳурии Исломии Покистон аз ҷониби ташкилоти мазкур ба 355000 оила қарз дода шудааст. Гуфтан бамаврид аст, ки нишондиҳандаҳо вобаста ба раванди баргардонидани чунин қарзҳо аз беҳтаринҳо маҳсуб шуда, 99,85 фоизро ташкил медиҳад. Агар ба таърихи раванди пешниҳоди қарзҳои хурд назар афканем, аён мегардад, ки он ҳанӯз 25 сол муқаддам оғоз гашта, бунёдгузори он устоди Донишгоҳи миллии Бангладеш Доктор Юнус аст. Тавре сарчашмаҳо навиштаанд, аввалин қарзи хурди додаи Доктор Юнус дар ҳаҷми як доллари ИМА буд ва он қарз дар заминаи истифодаи мақсаднок самараи хуб овард. Дар як муддати кӯтоҳ таҷрибаи ин шахс дар олам мавриди истифодаи васеъ қарор гирифт ва ӯ сазовори ҷоизаи Нобел гардид.
Мутмаинам, ки ҷорӣ намудани ин таҷриба дар кишвари мо низ имконпазир аст, танҳо кӯшиш ва ҳавсала мебояд. Тавсеаи равобити кишвар бо мамолики исломӣ ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи молиявии исломӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки барои иҷрои қонуни мазкур замина ва имконот фароҳам мебошад. Хоса, сафарҳои ба наздикӣ суратгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб метавонад густаришбахши ин раванд бошад.
Шояд баъд аз нашри ин мақола «пинак» — и масъулин «вайрон» шаваду ба масъала таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»