Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод боғи истироҳатӣ — фарҳангӣ бо шароити мутобиқ ба замони муосир сохта, ба истифода дода мешавад.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, боғ дар масоҳати 6 гектар аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ ба маблағи 4,5 миллион сомонӣ бунёд мегардад. Дар дохили он манораи Парчами давлатӣ, амфитеатр бо 500 ҷойи нишаст, 5 фаввора, 4 майдонча барои бозии кӯдакон ва нуқтаҳои савдову марказҳои хизматрасонӣ ҷой хоҳанд гирифт. То ҳол зиёда аз 400 метри гирду атрофи боғ панҷарабандӣ карда, дар масоҳати 4 гектар гулҳои рангоранг ва дарахтони сояафкан шинонида шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз моҳи сентябри соли 2019, зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Муъминобод барои бунёди боғи мазкур санги асос гузошта шуда буд. Боғи нав қарор аст моҳи сентябри соли 2021 дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»