Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2016 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намуданд: «Назорати қатъии сифати доруворӣ яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Зеро то ба ҳол доруворӣ асосан аз хориҷи кишвар ворид шуда, сифати он дуруст муайян карда намешавад».
Кишвари офтобии мо макони 5000 номгӯй растаниҳои шифобахш аст, ки ашёи хоми соҳаи дорусозӣ ба шумор меравад. Аз онҳо дору тайёр карда, ба мамолики хориҷ содир намудан боиси таъсиси ҷойҳои зиёди корӣ ва ғанӣ гаштани Буҷети давлат мешавад. Дар ҷумҳурӣ шахсоне ҳастанд, ки бо истифода аз гиёҳҳои ватанӣ истеҳсоли доруҳои гуногунро ба роҳ мондаанд. Яке аз онҳо директори ҶДММ «Авитсенна» Сайидвалӣ Ҳикматов мебошад. Ӯ дастпарвари факултети тибби умумии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, чандин сол дар клиникаҳои шаҳри Душанбе фаъолият намуд. Соли 1997 ҶДММ «Авитсенна»-ро таъсис дода, солҳои 2004-2005 дар Намоишгоҳи давлатҳои ИДМ ва Намоишгоҳи байналмилалии Япония ширкат варзидааст. Номбурда бо дипломи «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.
Яке аз беҳтарин давоҳои ихтироъкардаи ӯ нӯшдоруи «Авитсенна» мебошад, ки аз шираву дамкардаи решаи заррингиёҳ, зирк, эшим, чойкаҳак, гули бобуна, кокутӣ, ҷамилак, решаи бодиён, пӯсти афлесуну лимӯ, нозбӯй, пардаи байни чормағз, пӯстлохи дарахти ғор ва ғайра иборат аст. Ин нӯшдору дарди дилро рафъ месозад ва хобро муътадил мегардонад. Бемориҳои узвҳои ҳозима, илтиҳоби меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта, рӯдаи борик ва ғафсро рафъ намуда, ҳазми таомро беҳтар мекунад. Барои рафъи санги гурда, пешобдон ва роҳҳои пешоб мусоидат менамояд. Пас аз ҷарроҳӣ барои сиҳатёбии захм ва стресс давои беҳтарин ба шумор меравад.
Сайидвалӣ Ҳикматов дар лабораторияи хурди худ аз гиёҳҳо 47 номгӯй даворо ихтироъ намудааст. Соли сипаришуда ӯ бо истифода аз сиёҳдона истеҳсоли як қатор доруҳои нав, аз қабили нӯшдоруи «Сиёҳдона», чойи «Сиёҳдона», равғани «Сиёҳдона», асал бо сиёҳдона, чойи «Тоҷи Эмомалӣ» ва «Чилдухтарон»-ро ба роҳ монд. Дар маҷмӯъ, Сайидвалӣ Ҳикматов аз сиёҳдона 33 дору тайёр намудааст.
Доруҳои мазкур хусусияти зиддибактериявӣ, зиддивирусӣ, зиддипаразитӣ ва антиоксидантӣ дошта, масуният (иммунитет)-ро пурқувват мекунанд. Дар онҳо ғайр аз сиёҳдона решаи заррингиёҳ, кокутӣ, кинг, нозбӯ ва дигар гиёҳҳои шифобахш истифода шудаанд. Таъсири давоҳои сиёҳдонадор бо антибиотикҳои маъруф мисли тетрасиклин, ампитсилин, нотримезазол ва гентамитсин баробар аст. Ин давоҳо барои муолиҷаи зукому назла, сулфа, нафастангӣ ва зардпарвин низ муфид буда, кирмҳоро аз меъда берун мекунанд.
- Доруҳои аз сиёҳдона тайёршуда барои касоне, ки аз санги гурда азият мекашанд, муфид аст, — мегӯяд Сайидвалӣ Ҳикматов. — Таҷриба нишон медиҳад, ки равғану нӯшдоруи «Сиёҳдона» барои беморони рагҳои хунгард, алалхусус склерози рагҳои мағзи сар давои беҳамтоянд.
Бинобар камҳаракатӣ, истеъмоли нодурусти ғизо, сервазнӣ, асабоният ва дигар омилҳо сол то сол теъдоди гирифторони бемории диабети қанд бештар шудааст. Мувофиқи пешгӯии коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, то соли 2030 шумораи онҳо дар ҷаҳон ба 530 миллион нафар мерасад. Ҳамсуҳбатам муътақид аст, ки истеъмоли равғани сиёҳдона, нӯшдоруи «Сиёҳдона», чойи сиёҳдона, сиёҳдона бо асал ва илова кардани 10 қатра шарбати лимӯ ба таври ҳайратангез сатҳи қандро дар хун паст мекунад.
Бино ба гуфти номбурда, сиёҳдона дорои зиёда аз 100 номгӯй пайвастагиҳо буда, дар таркибаш сафеда, чарбҳои гуногун, калтсий, оҳан, мис, рӯҳ, фосфор, пиридоксин, рибофлавин, тиамин ва ғайра зиёд аст.
ҶДММ «Авитсенна», инчунин, истеҳсоли чойи зиддидиабетиро бо номи «Доктор Сайвалӣ Аҳмад» ба роҳ мондааст. Таркиби он аз чойи сабз, барги газна, зелол, гули ҳамешабаҳор ва решаи кинг иборат мебошад. Пайваста истеъмол кардани чойи мазкур пайдошавии диабетҳои типи 1 ва 2-ро пешгирӣ менамояд. Ин чой барои паст кардани глюкозаи хун ва фишорбаландӣ низ муфид аст. Бо дарназардошти нукоти зикргардида метавон гуфт, ки доруҳои ширкати мазкур сифати баланд дошта, бо доруҳои истеҳсоли хориҷӣ рақобатпазиранд.
Президенти мамлакат дар Паём ба мушкилоти соҳаи дорусозӣ дахл карда, чунин таъкид намуданд: «Бо дарназардошти он ки зиёда аз 90 фоизи доруворӣ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ворид мегардад, танзими арзиши доруворӣ, сарфи назар аз мураккабии он, масъалаи бисёр ҳам муҳим ва рӯзмарра мебошад. Ҳамчунин, бо ин, ҷиҳати аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани истеҳсоли доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи муҳимест, ки ба беҳшавии дастрасӣ ва паст шудани нархи он мусоидат менамояд».
Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки давлат тибқи пешниҳоди муассисон, сармоягузории як қисми ширкатҳоро кафолат диҳад. Вақте 30-40 фоизи саҳмия дар ихтиёри давлат бошад, ширкати дорусозӣ дилпур мешавад, ки давлат ӯро пуштибонӣ мекунад. Дар ин сурат истеҳсолу содироти доруворӣ бо тамғаи «Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст» (Made in Tajikistan) зиёд хоҳад гашт.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»