Чанд моҳ боз пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар сархати расонаҳои ҷаҳон қарор гирифтааст.
Вобаста ба пешгирии он дар кишварҳои ҷаҳон чораҳои карантинӣ пурзӯр мешаванд. Масалан, дар шаҳрҳои Нурсултон ва Алма — атои Қазоқистон, ки каратин эълон шудааст, як ҷо ҷамъ шудани се нафар манъ аст. 26 март нахустин қурбонии коронавирус дар Осиёи Марказӣ ба қайд гирифта шуд, ки сокини 64-солаи Қазоқистон буд.
Дар доираи мубориза бо пандемияи коронавирус барои дастгирии иқтисодиёт дар мамолики узви Иттиҳоди Аврупо 37 миллиард евро ҷудо гардид, ки рекордист.
Вазири тандурустии Ҷумҳурии Туркия Фахриддин Хоҷа ба ҷавонони кишвараш тавсия додааст, ки дар давраи карантин асарҳои тарбиявии Лев Толстойро мутолиа кунанд.
Муҳаммад ва Дория Аҳмадӣ ном бародару хоҳари аз Афғонистон ба Туркия ҳиҷраткарда рӯзе 1000 ниқоби тиббӣ дӯхта, онро бепул ба эҳтиёҷмандон тақдим мекунанд.
- Нуҳ сол пеш аз Афғонистон омада, муқими шаҳри Тоқат шудем. Аз ин рӯ, хостем дар мубориза бо коронавирус ҳисса гузорем. — гуфтааст Дория.
Мири шаҳри Тоқат ба ин бародару хоҳар сипоснома тақдим намуд. Инчунин, дар Туркия бо ташаббуси ташкилоти хайриявии «Табибони ҷаҳон» ҷамъоварии ашёи барои карантинбудагон зарурӣ, аз қабили шалвор, кафшҳои хонапӯшӣ, дандоншӯяк, собун ва ғайра муташаккилона ба роҳ монда шудааст.
Дар Булғория соҳибкори турк Бурҳон Неъматлу, ки соҳиби меҳмонхонаи хусусӣ аст, маъракаи «Хӯроки гарм дар лаҳзаҳои мушкил»-ро роҳандозӣ намуд. Ҳар рӯз Бурҳон ҳамроҳи ошпази меҳмонхона якчанд намуд ғизо мепазанду кормандони хадамоти ёрирасон онро ба муҳтоҷон мерасонанд.
- Ҳар як инсон бояд дар лаҳзаҳои ҳассос, ки имтиҳони виҷдони мост, ширкат намояд. То даме ки мо ҳамдигарро дастгирӣ мекунем, нобуд нахоҳем шуд, — мегӯяд Неъматлу.
Мусулмонони Канада дастаҷамъона «ашёи зидди пандемия» ҷамъоварӣ карда, ба пиронсолону маъюбони дар карантин қарордошта тақдим мекунанд. Ба ин гуна ашёи хайриявӣ биринҷ, орд, равған, макарон, лӯбиё, сачоқ, дандоншӯяк, собун, шампун дохил мешавад.
Президенти Гана Акуфо Аддо сокинони кишварашро даъват кард, ки дар ибодатҳояшон аз Худованд халосии ҷаҳониён аз ин фалокатро талаб намоянд. Ҷавобан ба ин даъвати президент насрониёну мусулмонони Гана 26 март дастаҷамъона дуо карданд, ки Худованд офати COVID — 19-ро аз сари ҷаҳониён дур гардонад.
Дар кишвари мо низ чораҳои пешгирӣ аз пандемия пурзӯр ва корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Тибқи иттилои Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳоди зидди коронавирус нақша дорад, ки дар ҳолати эълон гардидани карантин дар ҷумҳурӣ гурӯҳи ихтиёриёнро таъсис диҳад. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳоло Тоҷикистону Туркманистон дар Осиёи Марказӣ ва ИДМ кишварҳое мебошанд, ки дар онҳо сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»