Фасли баҳор гулу гиёҳҳо аз замин сар кашида, ба дидаҳо нуру ба дилҳо сурур мебахшанд. Дар сурати оқилона истифода бурдани онҳо ҷисми дар фасли зимистон аз норасоии нури офтобу кам будани витаминҳо заифшударо метавон неруманд кард. Дар бораи хусусиятҳои шифобахшии гиёҳҳои баҳорӣ табиби мардумӣ, сокини деҳаи Қирғизони шаҳри Ваҳдат Муҳаммадрасул Иброҳимзода чунин гуфт:
- Яке аз ғизоҳои асосии фасли баҳор суманак мебошад. Онро дар шакли кулчаю ҳалво ва атола тайёр мекунанд. Дар таркиби сабзаи наврустаи гандум витаминҳои гурӯҳи B, PP, E, F, C, фосфор, калий, магний, сулфур, калтсий, хлор, натрий, манган, руҳ, молибден, 18 намуд аминокислота ва ғайра мавҷуд аст. Истеъмоли бомеъёри он асабро оромӣ бахшида, нури чашмро қавӣ карда, талхадонро дармон мебахшад. Суманак барои рафъи фарбеҳӣ ва пешгирии диабети қанд низ муфид аст. Зимни мунтазам истеъмол кардани он масуният (иммунитет) тақвият ёфта, ҷисми инсон ба бемориҳо тобовар мегардад. Ҳамчунин, норасоии витамин (авитаминоз)-ро рафъ намуда, камхунӣ ва пиршавии бармаҳалро пешгирӣ менамояд.
Ҳоло дар бозорҳо испаноҳ ё испалоқро зиёд дучор меоем. Истеъмоли он шираҷудокунии меъда ва ғадуди зери меъдаро зиёд намуда, кори рӯдаҳоро муътадил мекунад. Бинобар ин, истеъмоли ғизоҳои испаноҳдор барои беморони гирифтори илтиҳоби меъда, қабзият (сахтшавии дарун) ва илтиҳоби музмини ғадуди зери меъдаю талхадон муфид аст. Барои гирифторони норасоии витаминҳо, камхунӣ, ҷоғар (зоб) низ истеъмоли испаноҳ фоида дорад.
Карафс ё каравшак низ ба ғизо таъми гуворо бахшида, онро аз витамину минералҳо ғанӣ мегардонад. Онро аз қадим ҳамчун давои дарди меъда, пешоброн, бодшикан ва таббур истифода мебурданд. Абӯалӣ ибни Сино карафсро барои гирифторони касалиҳои ҷигару сипурз, меъдаю рӯда, омос (саратон)- и пистон, сулфа ва диққи нафас (астма) тавсия додааст. Он барои гурдаву масона ва раҳм (бачадон) низ фоидабахш буда, санги гурдаро резонида, халадарди гурдаро нест мекунад.
Росан (чоқла)-ро аз қадим барои табобати беморон истифода мебурданд. Истеъмоли он меъдаро шифо бахшида, бандҳоро мекушояд. Абӯалӣ ибни Сино росанро барои муолиҷаи дарди сар, диққи нафас, гиҷҷарон (кирми меъда) ва омосҳои гуногун тавсия додааст. Он барои муолиҷаи бемориҳои асаб, фалаҷ, ҷигару шуш муфид мебошад. Дар тибби мардумӣ решаи чоқларо барои рафъи табларза, илтиҳоби масона, сил, зардпарвин, илтиҳоби узвҳои ҳозимаву роҳи нафас, омос ва бавосир (геморрой) истифода мебаранд.
Гиёҳи наврустаи ҷағ — ҷағро табибон барои табобати бемориҳои гурда, исҳоли хунин, илтиҳоби пардаи луобии меъда, захми меъда, бемориҳои ҷигар, роҳи пешоб ва сили шуш тавсия медиҳанд. Шираи дар об омехтаи ҷағ — ҷағро барои муолиҷаи касалиҳои ҷигар, гурда, обгаҳ, тарбод ва ниқрис (подагра) истифода мебаранд. Дамкарда ва қиёми он ҳамчун хунбанд барои муолиҷаи сили шуш, фишори баланди хун ва хунравии занона даво аст.
Пудина таомро хушмазза карда, барои тақвияти масуният, беҳтар кардани фаъолияти меъдаю рӯда муфид аст. Истеъмоли сиёҳалаф барои гирифторони бемории ҷоғар, қабзият, камхунӣ ва норасоии витаминҳо муфид мебошад.
Чукрӣ (ребос, ревоҷ) барои гирифторони дилзанак (дилбозӣ), васвос, бавосир ва зардпарвин фоидаовар аст. Истеъмоли он иштиҳоовар буда, дилбеҳузуриро рафъ ва фишори хунро паст мекунад. Барои мубталоёни диабети қанд давои беҳамтост. Агар чукриро ҳар рӯз як- ду дона хӯранд, баромадани пучакро пешгирӣ менамояд, сатҳи қандро дар хун муътадил месозад. Аммо аз меъёр зиёд хӯрдани он ба одамони сардмизоҷ зарар дошта, боис ба пайдоиши варам ва дарди рӯдаҳои ғафс мегардад.
Яке аз гиёҳҳои хушбӯе, ки қариб дар теппаю доманакӯҳҳои мамлакат мерӯяд, шибитак аст. Истеъмоли он гиреҳҳои дар узвҳо пайдошударо кушода, ба ҳазми таом кумак мерасонад, дарди рӯдаҳоро таскин мебахшад. Агар гӯштро бо шибитак бипазанд, бӯй ва моддаҳои вайронгаштаашро дур намуда, барои зудтар пухтанаш ёрӣ мерасонад. Аммо аз ҳад зиёд истеъмол намудани он ба чашм, меъда, хичак ва гурда зарар мерасонад.
Ғизои аз гиёҳҳо тайёрнамударо дурудароз нигоҳ доштан дуруст нест, зеро зуд вайрон мешаванд. Аз аксари онҳо хӯриш (нугул, салат) тайёр мекунанд, ки фоидаашон зиёдтар мегардад. Зеро бисёр витаминҳо ҳангоми ҷӯшонидан нобуд мешаванд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»