Деҳоти «Мискинобод» яке аз калонтарин мақомоти худидораи маҳаллӣ дар ноҳияи Файзобод ба ҳисоб меравад. Он аз ҳашт деҳа — Мискинобод, Заркамар, Фатҳобод, Орифон, Муъминобод, Фақиробод, Гултеппа ва Сарой иборат буда, 18731 нафар аҳолӣ дорад. Тибқи маълумоти оморӣ, деҳоти мазкур дорои 8932 гектар замин — 259 га обӣ, 177 га лалмӣ ва 5500 гектар чарогоҳ мебошад. Аҳолии деҳот асосан ба ғаллакориву картошкапарварӣ ва боғдориву чорводорӣ машғуланд ва зиндагиашонро аз ҳамин ҳисоб пеш мебаранд. Ба сокинон 82 га заминҳои ёрирасон вобаста карда шудааст, ки ниҳоят кам аст. Ин дар ҳолест, ки деҳоти «Мискинобод» заминҳои лалмӣ ва чарогоҳҳои зиёд дорад. Вале чаро онҳоро ба мардум барои истифодабарӣ тақсим намекунанд, маълум нест.
Мискинобод, ки маркази маъмурии деҳот маҳсуб меёбад, дар шафати шоҳроҳи Душанбе — Ваҳдат — Рашт — Ҷиргатол — Сари Тош воқеъ гардидааст. Дар он иншооти гуногун, аз қабили Хонаи фарҳанг, китобхона, Маркази касбомӯзии калонсолон, филиали БДА «Амонатбонк», ширкатҳои мобилии «Мегафон Тоҷикистон», «Билайн», «Вавилон», «TSЕL», Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Бозори Истиқлол», мағозаҳои маҳсулоти ниёзи аввал, гӯшаи маҳсулоти кишоварзӣ, чойхонаву ошхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо на танҳо сокинони деҳоти номбурда, балки деҳоти атроф ва дигар шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳое, ки аз роҳ мегузаранд, истифода мекунанд.
Ҳамчунин, дар маркази деҳот КВД «Тухмипарварии ба номи А. Назиров», Беморхонаи минтақавии деҳаи Мискинобод, Маркази саломатӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ҷойгир шудаанд. Ҳар нафаре, ки аз роҳ гузар кунад, аз дидани ободкориҳо дар ин мавзеъ шод мешавад. Вале, тавре мегӯянд: «бо як дидан баҳо додан нашояд».
Мутаассифона, дар баробари ободкории зиёд дар деҳоти «Мискинобод» камбудиҳои ҷиддиеро низ мушоҳида менамоем, ки аз беаҳамиятӣ ва рафтори дилсардонаи роҳбарияти ҷамоат ва дигар ниҳодҳои сатҳи ноҳиявӣ, бахусус, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дарак медиҳанд. Қабл аз ҳама мушоҳида намудем, ки ҳолати иншооти хизматрасонӣ чойхонаву ошхонаҳо ва биноҳои маъмуриву маишии маркази деҳот ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нестанд. Масъулони чойхонаву ошхонаҳо ба тозагӣ риоя намекунанд. Мизу курсиҳо намерасанд, сарулибоси ошпазҳо ва пешхизматҳо ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ нест. Биноҳои куҳнаю фарсуда ва таъмирталаби бархе аз иншоот намуди зоҳирии биноҳои наву замонавии дар маркази деҳот қоматафрохтаро коста мегардонанд.
Дар роҳравҳои пиёдагарди шафати шоҳроҳ ва кӯчаҳои деҳа партовҳои гуногуни маишӣ партофта шудааст, вале касеро аз ин парво нест. Ҳол он ки роҳбари ҳар як корхонаро зарур аст, ки ҳар рӯз, пеш аз оғоз ва анҷоми кор, бояд корҳои тозагиро ба роҳ монад.
Ҳолати дигари дилсардкунанда ин аст, ки дар назди мағозаҳои фурӯши хӯрокворӣ ва гӯшаи деҳқон нақлиёти мусофирбарии «Тангем» ва ба ном таксиҳо ҷой гирифтаанд. Дар вақти рафтуомади онҳо чангу хок ба осмон бархоста, болои маҳсулоти фурӯшӣ мешинад. Роҳбарияти ҷамоат, мақомоти масъул гӯиё инро намебинанд.
Чанд сол пеш дар маркази деҳоти «Мискинобод» бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ Хонаи фарҳанг сохта, мавриди истифода қарор гирифт, ки ба он номи гуруғлисарои мумтоз Ҳикмат Ризо гузошта шуд. Бино аз толори консертӣ, китобхона ва боз якчанд ҳуҷраи дигар иборат аст. Мардуми деҳот аз ин иқдоми соҳибкорон хурсанд шуда, итминон доштанд, ки минбаъд дар он ҷо чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ба роҳ монда мешаванд. Вале, дар бино соле як ё ду маротиба ҷамъомад ё чорабиние баргузор мешаваду халос, дигар дохили онро касе намебинад.
Вале директори Хонаи фарҳанг Гулнисо Самиева гуфт, ки дари ин даргоҳ барои ҳама боз аст ва дар он ҷо аз рӯи нақша чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванду сокинони деҳот дар онҳо иштирок менамоянд. Аз он ки нишастгоҳҳои толори калони консертиро чанги зиёд зер кардаву дарҳои он пӯшида аст, бовари кас намеояд ба ҳақиқати ин гуфтаҳо. Баъзан агар баргузор шуда бошанд, чаро роҳбари ин даргоҳи маърифатӣ ҷадвали нақша — чорабиниҳо ва санаду ҳисоботи корҳои иҷрошударо пешниҳод накард? Мавсуф ҳатто дар бораи фаъолияти аъзои гурӯҳи созию овозии Хонаи фарҳанг маълумот пешниҳод карда натавонист.
Дар ҳашт деҳаи ин деҳот ҳамагӣ ду китобхона дар ду деҳа — Мискинобод ва Заркамар, ба қавле фаъолият мекунанд. Китобхонаи филиали №14, ки дар бинои Хонаи фарҳанг дар деҳаи Мискинобод, ҷойгир аст, тибқи мушоҳидаҳо начандон фаъолияти қаноатбахш дорад. Мудири китобхона Саидвалӣ Саидовро дар ҷои кораш пайдо карда натавонистем. Ба гуфти директори Хонаи фарҳанг, ӯ барои иштирок дар семинари китобдорон ба шаҳри Душанбе рафтааст. Вале ин гуфтаҳо чандон ҳақиқат надоранд, зеро мо чор маротибаи дигар ба ин муассиса омадаем, аммо ба ғайр аз дари баставу чангзеркарда дигар чизеро надидем. Ҳар дафъа моро намояндаи ҷамоати деҳот ҳамроҳӣ менамуд. Директори Хонаи фарҳанг Гулнисо Самиева худаш дари китобхонаро боз карда, ба ҷои мудири он муроҷиинро қабул мекард. Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи ӯ, китобхона дорои 4150 нусха китоб — 2800 нусха адабиёти тоҷикӣ ва 1350 нусха адабиёти русӣ мебошад. Теъдоди хонандагонаш 200 нафарро ташкил медиҳад, ки аксар калонсолон ва бонувони хонашинанд. Китобхона аз як ҳуҷра иборат аст ва толори хониш надорад.
Тавре муайян гардид, мудири китобхона Саидвалӣ Саидов писари Гулнисо Самиева мебошад. Гулнисо Самиева то ба вазифаи директори Хонаи фарҳанги деҳоти «Мискинобод» таъин шудан дар вазифаи мудири китобхона фаъолият кардааст.
Дар китобхона барои наврасону ҷавонони синни мактабӣ, қариб ки адабиёт вуҷуд надорад. Шояд яке аз сабабҳои камтаваҷҷуҳии ҷавонону наврасон ба китобхонӣ дар ҳамин бошад?
Ҳоли зори китобхонаи дуюмро, ки дар деҳаи Заркамар, аз маркази деҳот дар масофаи ду километр ҷойгир аст, агар бинед, дилатон реш мешавад. Мудири он Далер Тоировро низ пайдо карда натавонистем. Чанд нафар аз бошандагони деҳа гуфтанд, ки ба китобхона қисми ками одамон муроҷиат мекунанд. Ин гуфтаҳоро дари баставу партовҳои атрофи китобхона низ собит месозанд. Оё бо чунин ҳолати китобхонаҳо дар деҳот баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…..» имконпазир аст. Дар шаш деҳаи дигари ин деҳот умуман китобхона вуҷуд надорад. Пас, наврасону ҷавонон ва дигар сокинони деҳоти «Мискинобод» чӣ гуна ба озмуни мазкур омодагӣ бубинанд?
Дар деҳаҳои деҳоти «Мискинобод» набудани майдони варзишӣ барои бошандагони ҳар як деҳа низ аз масъалаҳои муҳими нигаронкунанда ба шумор меравад. Бо чанде аз сокинони синну соли гуногуни деҳаҳои Мискинобод, Орифон, Фатҳобод, Заркамар дар мавриди надоштани китобхона ва майдони варзишӣ дар деҳаҳояшон ҳамсуҳбат ҳам шудем. Онҳо дар ҷавоб гуфтанд, ки оид ба ин масъала ба раиси Ҷамоати деҳоти «Мискинобод» Абдулҳамид Шоев на як бору ду бор муроҷиат кардаанд, вале натиҷа набахшид. Дар деҳаҳои дигари ин минтақа — Муъминобод, Фақиробод, Гултеппа ва Сарой низ ҳол чунин аст.
Дар масъалаи нигоҳдорӣ ва ободонии роҳҳову кӯчаҳо кори мақомоти маҳаллӣ қобили таҳсин нест. Хусусан, вазъи роҳҳои байни деҳаҳои Орифон, Фақиробод, Гултеппа, Сарой ва Мискинобод ниҳоят бад аст. Роҳҳои деҳаи Муъминобод, ки ҳар сол аз борон ва селобҳои аз кӯҳсор ҷоришуда пурра вайрону валангор мегарданд, танҳо ба ҳадде «таъмир» карда мешаванд, ки (он ҳам ба қувваи сокинон) бо азоб рафтуомад карда шавад. Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бошад, ин ҳамаро нодида мегиранд.
Раиси Ҷамоати деҳоти «Мискинобод» Абдулҳамид Шоев зимни суҳбат иброз дошт, ки «роҳҳои дохилии деҳаҳои ҳудуди деҳот, ба ғайр аз деҳаи Муъминобод, пурра сангфарш карда шудаасту сокинон аз оби ошомиданӣ ва полезӣ мушкилӣ надоранд. Қасри фарҳанг ва ду китобхона, яке дар деҳаи Мискинобод, дуюмӣ дар деҳаи Заркамар хуб фаъолият мекунанд». Яъне, раис бо овардани рақамҳои ҳавоӣ камбудиҳоро рӯпӯш кард. Вале, дар асл кӯчаҳои деҳоти «Мискинобод» ба одитарин талаботи санитариву эпидемиологӣ ҷавобгӯ нестанд. Дар деҳоти мазкур ҳатто нуқтаи махсуси партовпартоӣ вуҷуд надорад. Аз ин сабаб аст, ки сокинон партовҳоро дар шафати роҳҳо, пушти хонаҳои истиқоматӣ ва дар заминҳои наздиҳавлигиашон мепартоянд. Бо ин аҳвол дар фасли гармо ҳар лаҳза хурӯҷ кардани бемориҳои сироятӣ аз эҳтимол дур нест. Раис ҳатто кай бори охир ба хонаи фарҳанг ва китобхонаи маркази деҳот ташриф овардааст, ёд надорад.
Дар баробари ин ҳама нобасомонӣ мушоҳида кардем, ки сокинони деҳоти «Мискинобод» дар нигоҳ доштани оромгоҳҳо фарҳанги баланд доранд. Қабристонҳои ҳудуди деҳотро тозаю озода нигоҳдорӣ мекунанд.
Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2018) гуфта буданд: «Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об мебошад, таъминоти аҳолии деҳоти кишвар бо оби босифати ошомиданӣ беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд. Зеро об сарчашмаи ҳаёт ва манбаи асосии саломатии инсон мебошад».
Манбаи асосии оби тозаи ошомидании аҳолии деҳоти «Мискинобод» барфу пиряхҳои кӯҳсор аст. Ба деҳаҳо, ба ғайр аз деҳаи Сарой, бо ҳашари дастаҷамъонаи сокинон аз масофаи 3 — 5 километр тавассути қубурҳои полиэтиленӣ об оварда шудааст. Вале набояд фаромӯш кард, ки бо гармшавии иқлим манбаъҳои оби мусаффо низ тез-тез хушк мешаванд.
Дар назди Ҷамоати деҳоти «Мискинобод» Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Сардара»-и минтақа фаъолият мекунад. Раиси он Бозорбой Амиршоев гуфт, ки дар деҳаҳои Заркамар, Орифон, Мискинобод мушкилоти оби ошомиданӣ ҷой дорад. Дар деҳаи Заркамар се нуқтаи обтаъминкунӣ фаъол аст, ки барои таъмини беш аз се ҳазор аҳолӣ кифоя нест. Барои ин зарур аст, ки боз хатҳои иловагии қубури об кашида шаванд. Вале, аз тарафи дигар, дар фасли гармо, ки оби чашмаҳо кам мешаванд, кашидани хати қубурҳои обгузар низ чандон самарабахш нест. Бояд роҳи дигари ҳалли ин мушкилро ҷустуҷӯ кард. Дар деҳаи Муъминобод таъмини оби нӯшокӣ нисбатан хуб аст. Ҳар сокини деҳа барои худ хати об кашидааст. Онҳо аз ҳамин ҳисоб заминҳои наздиҳавлигиашонро низ обёрӣ мекунанд.
Ба гуфтаи мавсуф, ду даҳсола пеш бо дастгирии сокинон аз ҳисоби оби як чашма дар болои деҳаи Орифон обанбори калон сохтанд ва аз он ҷо ба ҳар як кӯча тавассути қубурҳои полиэтиленӣ хати об кашиданд, ки барои истифода ва обёрӣ кардани заминҳои киштшавандаи наздиҳавлигӣ ҳамчун оби полезӣ истифода мешавад. Вале ҳар сол, аввалҳои моҳи август, оби чашма хушк мешавад ва мушкили сокинон аз нав рӯ мезанад. Аз ин хотир, панҷ сол пеш бо супориши роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Сардара»-и минтақа бо ташкил намудани ҳашари дастаҷамъона оби чашмаи дигарро тавассути қубурҳои полиэтиленӣ ба хати чашмаи якуми обанбор пайваст ва онро барои истифодаи сокинон ва заминҳои наздиҳавлигӣ равон карданд, вале он ҳам кам аст.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки на танҳо оби обанбори Орифон, Фатҳобод, балки обанборҳои дигар деҳаҳо низ, новобаста аз тоза буданашон, аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия на ҳама вақт зери назорат қарор доранд. Масъулин барои безараргардонии онҳо ягон нақшаи муайянро таҳия накардаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2018) пешниҳод карданд, ки солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад. Мардуми кишвар ин пешниҳоди Сарвари давлатро бо хушнудӣ ҷонибдорӣ карданд. Зеро яке аз самтҳои ин пешниҳод ба рушди деҳот равона гардида буд ва мақсад аз он баланд бардоштани некуаҳволӣ ва зисту зиндагии мардум мебошад. Аз ин рӯ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти онро зарур аст, ки барои рушди ҳамаҷонибаи деҳот, бахусус, дар самти таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ, таъмири роҳҳои маҳаллӣ сохтмони иншооти хизматрасониву маишӣ, муассисаҳои таълимию тиббӣ ва томактабии замонавӣ, қасри ҷавонон, қасрҳои фарҳангу китобхонаҳо ва майдонҳои варзишӣ чораҳои саривақтӣ андешанд ва камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф созанд.
Камбудиҳо дар деҳоти «Мискинобод» хеле зиёданд. Агар раиси он Абдулҳамид Шоев ва дигар мутасаддиён вазифаашонро содиқонаву дилсӯзона иҷро мекарданд, мардуми минтақа ба мушкили зиёди зиндагӣ рӯ ба рӯ намешуданд. Аз суҳбат бо сокинони деҳаҳои дар боло зикршуда бармеояд, ки онҳо аз фаъолияти роҳбарияти деҳоти «Мискинобод» чандон қаноатманд нестанд. Онҳо мегӯянд, ки барои бартарафсозии мушкилоти беобӣ ва таъмири роҳҳои мошингарди байнидеҳавӣ саҳм мегузоранд. Вале мушкили дигар ин аст, ки вақте ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, гирифтани замини наздиҳавлигӣ ва ё кишоварзӣ барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ, ба раиси ҷамоат ва дигар масъулон муроҷиат менамоянд, касе ба онҳо гӯш намедиҳад. Раиси Ҷамоати деҳоти «Мискинобод» Абдулҳамид Шоев, ки ёздаҳ сол боз дар ин вазифа фаъолият мекунад, зарур аст боре биандешад: дар ин муддат барои раъияти минтақа чӣ корҳои шоистаро анҷом додааст?
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»