Боғпарварӣ. Мушкилот ва масъалаҳои рушди соҳа

№53 (4793) 29.04.2024

59a7bdc275b26c82851a2af6b1046d45Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, ҳоло майдони боғу токзори кишвар назар ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ 1,7 маротиба афзуда, ба беш аз 206 ҳазор гектар расидааст. Аз ин зиёда аз 155 ҳазор гектар (75,3 дарсад) мевадиҳанда мебошад, аз ҷумла 117,7 боғ ва 35,7 ҳазор гектар токзор. Инчунин, бо амалишавии барномаҳои рушди соҳа дар даҳсолаи дуюми соҳибистиқлолӣ баробари зиёдшавии боғ истеҳсоли мева 2,2 ва ангур 2,4 маротиба бештар гардид.

ҲОСИЛНОКӢ ҲАНӮЗ ҲАМ НИГАРОНКУНАНДА АСТ

Мушкилиҳо ҳанӯз ҳам дар соҳа ҷой доранд, махсусан, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, ки аз ҳар гектар мутаносибан 5,3 ва 8,4 тонна буда, ба талаботи боғдории замонавӣ ҷавобгӯ нест. Коршиносони соҳа сабабҳои камҳосилиро гуногун шарҳ дода, ҷудо нагардидани қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок оид ба ҳифзи рустаниҳо, дониши мукаммал надоштани роҳбарони хоҷагиҳо, кам будани музд, гаронии сӯзишворӣ ва заҳрхимикатҳоро сабаби асосӣ медонанд. Набудани сардхонаҳо барои хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани пайвандкунии ниҳол, зиёд кардани истеҳсоли ниҳоли пайванд ва нигоҳдории онҳо мушкилоти дигари соҳа аст. Аз тарафи дигар, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба ниҳолҳои навъҳои серҳосилу хушсифат, тагпайванд ва қаламчаи ниҳол эҳтиёҷ доранд.

Тавре директори Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ, номзади илмҳои кишоварзӣ Алиф Толибов иброз дошт: «Мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии соҳаи боғу токпарварӣ мушкили дигар маҳсуб меёбад. Заминаи моддию техникии боғу токпарварӣ айни ҳол дар сатҳи зарурӣ қарор надорад. Бояд заминаи моддию техникии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ пурқувват шавад. Чунки чунин хоҷагиҳо ба техникаю мошинолоти муосир ва дастгоҳҳои биотехнологӣ эҳтиёҷ доранд.  Гузаш­та аз ин, рушди соҳаро бе мутахассисони варзида, механиконӣ ва электрокунонӣ, таъмини ғизоҳои органикию маъданӣ, нам­нокии хок, воситаҳои муборизаи зидди касалию ҳашароти зараррасон, корхонаҳои коркарди маҳсулоти коркардшаванда ва таъмини маркетинги бозор таъмин намудан ғайриимкон аст».

Илм исбот менамояд, ки қисми асосии узвҳои рустаниҳоро об ташкил менамояд. Ҳангоми кам шудани намнокии хок аз ҳашт дарсад дар қабати ҷойгиршавии реша рустаниҳо ба мушкилӣ дучор шуда, то чор дарсад паст шудани намнокӣ хушк мешаванд. Аз тарафи дигар, баландшавии ҳарорат ба равандҳои физиологии рустаниҳо таъсири манфӣ мерасонад. Таҷрибаҳои илмии бисёрсола нишон доданд, ки барои рушду парвариши дарахтони мевадиҳанда ҳарорати рӯзона то +30-330С муътадил аст. Дар ҳолати баланд шудани ҳарорат гулпартоӣ, сӯзиши мева, қатъ шудани раванди фотосинтез мушоҳида мешавад, ки бо намнокии хок вобастагии зич дорад. Устувории навъҳо низ ба ин омилҳо якхела набуда, гуногунанд.

Шароити иқлими ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки дар ҳолати дар асоси илму технологияи нав ба роҳ мондани парвариши дарахтони мевадиҳанда метавонем беш аз 2-2,5 миллион тонна меваҳои шаҳдбор истеҳсол карда, талаботи бозори дохилиро таъмин намоем ва иқтидори содиротии ҷумҳуриро баланд бардорем. Бино ба маълумоти мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, солҳои 2021-2022 истеҳсоли меваю ангур ба 813,1 ҳазор тонна расид, ки тақрибан 60,94 дарсади меъёри физиологиро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар давлатҳои пешрафтаи дунё ба ҳар як нафар дар як рӯз 1,2-1,5 кг меваю ангур муқаррар шудааст, ки нишондод назар ба ҷумҳурии мо 6-7 маротиба бештар аст.

 Ба андешаи профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Саидалӣ Гулов, яке аз омилҳои асосӣ барои ба комёбӣ даст ёфтани боғпарварон интихоби дурусти ниҳол аст. Он бояд ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ бошад. Ниҳоли стандартӣ пайвандӣ, навъӣ ва минтақабоб аст. Бояд ҳангоми интихобу харидани ниҳол сертификати сифат талаб карда шавад. Як сабаби хушкшавии ниҳолҳо ба талаботи стандарт ҷавобгӯ набудан бошад, омили дигар, нодуруст шинондани ниҳол, ба андозаи зарурӣ накандани чуқурӣ, нодуруст додани обу ғизо ва риоя накардани қоидаҳои дигари агротехникӣ мебошанд.

- Дар натиҷаи дигаргуншавии иқлим бисёр боғҳо хушк шуда ё касалии ҳашарот таъсир мекунад. Дар ҳамин ҳол, истифодаи ниҳоле, ки такпайвандаш аз тухмии маҳаллӣ ва ё ёбоӣ бошад, ба манфиати кор аст. Сифаташ хуб ва ба хушкӣ тобовар мешавад, аммо таҷриба нишон дод, ки навъҳои воридотӣ чунин нестанд ва ба онҳо касалиҳои сироятӣ- занбӯруғӣ бештар зарар мерасонанд, — афзуд боғпарвар Идибой Раҳматов.

Собиқ муовини якуми вазири кишоварзӣ (ҳоло иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор) Ҷаббор Носирзода зимни суҳбат изҳор дошта буд, ки ҳамасола дар мавсими гулкунии дарахтон сардӣ, камии бориш ва баъзан гармиҳои пешгӯинашаванда дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҳосилнокии дарахтони мевадиҳанда таъсири манфӣ расонда истодааст. Қисман майдонҳои боғу токзор солҳои пеш бунёд гардида, вобаста ба синну сол қобилияти ҳосилнокиашон кам гардидааст, ки ба роҳ мондани корҳои азнавбарқароркуниро тақозо менамояд. Татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот, таҷрибаи кишварҳои пешрафта, истифодаи оқилона ва самараноки нуриҳои минералию органикӣ ва заҳрхимикатҳо вобаста ба меъёрҳои тавсияшуда барои гирифтани ҳосили баланд ва ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ муҳим мебошад.

АВЛАВИЯТИ БОҒҲОИ ИНТЕНСИВӢ

Ҳалли масъалаи матраҳшавандаро на бо роҳи зиёд кардани майдони боғу токзор ва истифодаи технологияи куҳна, балки бо бунёди боғҳои замонавӣ (интенсивӣ) бо истифода аз технологияи нави пешрафта метавон амалӣ кард.

Саидалӣ Гулов дар робита ба ин чунин гуфт: «Солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 1000 гектар боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бунёд гардид. Яке аз ҳадафҳо ва вазифаи барномаҳои қабулшудаи соҳа дар ҷумҳурӣ бунёди боғҳои сермаҳсули себ, нок, зардолу, олу, гелос, шафтолу, чормағз, писта ва ангур бо истифода аз тагпайвандҳои қадкӯтоҳ ва технологияи инноватсионии муосири парвариш мебошад. Ҳосилнокии чунин боғҳо аз як гектар 40-70 тоннаро ташкил медиҳад, ки ҳосили онҳо 8-10 маротиба назар ба боғҳои маҳаллӣ баланд аст.

Бунёду парвариши боғҳои интенсивӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок буда, дар чор-панҷ соли аввал хароҷоти сарфшуда ҷуброн гардида, понздаҳ-бист соли дигар даромади соф — аз як гектар ба андозаи беш аз 200-250 ҳазор сомонӣ ба даст меояд. Дар майдони як гектар дар чунин намуди боғҳо 1,5 — 3,5 ҳазор бех ниҳол ҷойгир мешавад. Аз суҳбат бо олимону мутахассисон дарёфтем, ки боғҳои интенсивӣ афзалиятҳои зиёд доранд. Аз ҷумла, зуд ба ҳосил даромада, имкон медиҳад ба зудӣ хароҷот ҷуброн гардад. Хароҷоти меҳнати дастӣ барои буридани шоху навдаҳо ва ҷамъоварии ҳосил нисбатан кам аст. Моддаҳои ғизоӣ на барои рушд, балки барои ташаккули мева сарф мегардад. Ҳаҷман хурд будани дарахтон имкон медиҳад, ки дар майдонҳо шумораи зиёди дарахтонро ҷой кард. Инчунин, дар байни қаторҳои дарахтони қадкӯтоҳ корҳои агротехникӣ осон буда, имкон медиҳад, дарахтон пурра бо заҳрдоруҳо коркард гашта, мева ба осонӣ ҷамъоварӣ ва нав­даҳо ба шакл дароварда шаванд. Меваи чунин боғҳо таъми шаҳдбор дошта, ҳаҷман калон, намуди зоҳириашон бозоргир ва дорои моддаҳои зиёди ғизо мебошанд.

Дарахтони мевадиҳанда аз буттамеваҳо (қулфинай, тамашк, малина) то себу ноку чормағз ба ҳосилбандии пурра аз 10-12 — солагӣ медароянд. Дар ин муддат деҳқонро зарур аст, ки аҳли оилаашро хӯронаду пӯшонад, майдони боғу токзорҳоро нигоҳбин кунад. Барои бунёди як гектар боғи интенсивӣ ва суперинтенсивии то панҷсола на кам аз 40 000 доллари ИМА сарф мегардад.

- Тоҷикистон, ки ба Созмони умумиҷаҳонии савдо аъзо аст, маҳсули боғдорӣ дар шакли меваи тару тоза, хушк ва маҳсулоти коркарди саноатӣ ба бозори беруна бароварда мешавад. Зарур аст, ки ба бунёди боғҳои тиҷоратӣ гузарем, — гуфт мудири шуъбаи технологияи инноватсионии ниҳолпарварии Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ Ҷ. Фозилов.

Ба гуфти мутахассис ин намуди боғҳо аз як ё ду навъ бунёд мешаванд, ки якум навъ асосӣ буда, 75-80 дарсади ниҳолҳои боғро ташкил медиҳанд. Навъи дуюм ба сифати гардолудкунанда, баъди чор-ҳашт қатор як-ду қатор шинонда мешавад. Солҳои охир бо мақсади якнавъӣ будани боғ бо сифати гардолудкунанда дарахтони хасак ва ҷангалиро мешинонанд, ки барои гузарондани чорабиниҳои агротехникӣ ва ҷамъоварии ҳосил мувофиқ аст. Гарчанде шумораи дарахтони мевадиҳанда 20-25 дарсад кам гардад ҳам, аз ҳисоби баландшавии ҳосилнокӣ ва сифати мева бартарӣ доранд. Дар майдонҳои васеъ бунёд кардани боғҳои аз як навъ ин бештар барои ба бозор баровардан, ҷалби харидорон, нигоҳдорию коркарди мева, сарфа кардани хароҷот дар давраи ҷамъоварӣ ва кашондани ҳосил мусоидат менамояд. Ҳангоми бунёди боғи замонавии тиҷоратӣ бояд тарзи ҳосилбандии навъҳоро ҳам ба назар гирифт, чунки барои тартиб додани нақшаи шинондани боғ ва шохабурӣ зарур аст.

БА ҶОЙИ ХУЛОСА

Мусаллам аст, ки афзоиши табиии аҳолӣ, талаботи рӯзафзуни бозор, кам будани замини обӣ, тағйирёбии иқлими сайёра сол ба сол иҷрои талабот ва истеҳсолотро мушкил мегардонад. Мушкилоти мавҷуда водор менамояд, ки рушди соҳаро пурмаҳсул ба роҳ монем.

Бинобар ин, масъулин ва деҳқононро зарур аст, ки ҷиҳати дар истеҳсолот ҷорӣ кардани даст­овардҳои илм ва таҷрибаи пешқадам, аз худ кардани заминҳои нав, ташкили ниҳолхона бо истифода аз технологияи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ, ба даст овардани ҳосилнокии мева аз ҳар як гектар на кам аз 250-300 сентнер ва ангур 300-400 сентнер тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Кароматулло АТО,

рӯзноманигор