Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад. Зеро вақти он расидааст, ки коркарди ҳама гуна ашёи хомро то ба ҳадди ниҳоӣ дар кишвар комилан пурра ба роҳ монем. Пӯшида нест, ки бо вуҷуди таъкид ва дастурҳои Роҳбари давлат дар робита ба коркарди пахта дар дохили кишвар ин масъала то ҳанӯз ҳалли пурра наёфта истодааст. Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар вилояти Суғд тақрибан 15 фоизи пахтаи истеҳсолшаванда коркарди ниҳоӣ мешаваду халос. Боқӣ дар шакли маҳсулоти хом содирот мегардад.
Бо мақсади иҷрои дастури Пешвои миллат тасмим гирифтем, ки ҳар чӣ бештар коркарди ниҳоии ин ашёи хоми саноатиро дар маҳалли истеҳсоли он ба роҳ монем. Соли гузашта корхонаи мо аз ҳама бештар — 38 дарсади пахтаи дар ноҳия истеҳсолшударо, ки зиёда аз 10 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, дар асоси шартнома барои коркард қабул кард. Аз ин миқдор зиёда аз 7000 тоннаи он коркарди хушсифат шуд. Ин иқдом дар асоси заминаи мустаҳками техникии коргоҳ муяссар гардид. Иқтидори корхона дар як шабонарӯз коркарди 100 тонна пахта аст. Наздик ба 200 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб (моҳе ба ҳисоби миёна 1000 сомонӣ) таъминанд.
Соли гузашта дар кишвар бо кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат қадами ҷиддӣ ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ гузошта шуд. Ба кор даромадани чархаи якуми НБО «Роғун» соҳибони корхонаҳои коркарди маҳсулоти саноатиро ба дурнамои неки соҳа дилпур кард. Аз ин ҷост, ки бо дилпурӣ соли 2018 бо 1000 хоҷагии деҳқонӣ шартнома баста, ба маблағи 13 млн. сомонӣ фаъолияти онҳоро маблағгузорӣ кардем. Ба илова, дар паҳлуи корхона сехи равғанкаширо ба кор андохтем, ки ҳоло пурмаҳсул фаъолият дорад.
Итминони комил дорам, ки дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат-саноатикунонии кишвар сатҳи зиндагии мардум бо афзун шудани ҷойҳои нави корӣ ва таъмин гардидан бо маоши хуб боз ҳам боло хоҳад рафт.
Раҳматшо ҶУМЪАЕВ, роҳбари ҶДММ «Зафарободинвест»-и ноҳияи Зафаробод