15 — 17 сентябри соли равон барои инъикоси ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай беш аз 500 хабарнигор аз расонаҳои ватанию хориҷӣ ширкат намуданд. Мо бо яке аз онҳо, хабарнигори Шабакаи телевизионии «ARY News»-и Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Зулқарнай мусоҳиб шудем.
- Муҳаммад, шумо бори аввал аст, ки ба Тоҷикистон омадед?
- Ман ба бисёр кишварҳои минтақаву ҷаҳон сафар доштам, вале ба Тоҷикистон бори аввал омадам. Шаҳри Душанбе зебову замонавӣ буда, аз баъзе ҷиҳат ба Исломобод шабоҳат дорад.
Он як шаҳри сарсабзу пургул ва дар иҳотаи кӯҳҳои сердолу дарахт будааст. Мардуми тоҷик кушодачеҳраву зебо ва меҳмоннавозанд. Эҳсос намудам, ки бо тоҷикон аз чашм дуру ба дил наздик ҳастем. Тайи чанд рӯзе, ки дар ин ҷо қарор доштам, панҷ барномаи мустақим нашр намудам. Мо аз Покистон 12 рӯзноманигор омадем. Ҳар кадом ҳамкасбонам барномаҳои ҷолиб, мақолаҳои хонданбоб таҳия намуданд.
- Пеш аз омадан ба кишвари мо дар бораи тоҷикону Тоҷикистон чӣ маълумот доштед?
- Мо медонистем, ки Тоҷикистон барои Покистон дарвозаи Осиёи Марказӣ аст. Мардуми он қадимтарин сокинони минтақа буда, таъриху фарҳанги ғанӣ доранд. Забони мо бо ҳам наздик аст. Дар забони урду калимаҳои форсӣ хеле зиёд дучор меоянд. Суруди миллии Покистон низ қариб саросар форсист. Дар ҳар ду кишвар мутолиаи осори Муҳаммад Иқболро дӯст медоранд.
Забон, расму оин ва тарзи либоспӯшии тоҷикон ба мардуми Покистон, алалхусус минтақаи Гилгиту Балтистон, хеле наздик аст. Тоҷикистону Покистонро вулусволии Вахони Афғонистон аз ҳам ҷудо мекунад, ки дар баъзе аз ҷойҳо 15 — 20 километр фосила аст.
- Бале, роҳи заминии мо наздик аст, вале он аз Афғонистони вазъаш ноором мегузарад. Шумо ба кадом васила ба Тоҷикистон омадед?
- Мо тавассути хатсайри Исломобод — Дубай, сипас Дубай – Душанбе, дар маҷмӯъ, 20 соатро дар роҳ сипарӣ кардем. Ҳол он ки бо роҳи ҳавоӣ аз Душанбе то Исломобод як соат роҳ аст, вале афсӯс, ки хатсайри доимӣ вуҷуд надорад. Хуб мешуд, ки миёни Тоҷикистону Покистон хатсайри доимӣ ифтитоҳ шавад. Зеро покистонии зиёде орзуи зиёрати Шоҳи Ҳамадон (Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ)-ро доранд. Ин хатсайр бе мусофир нахоҳад монд. Тоҷикистониёни зиёд низ хоҳиши бо тоҷирони покистонӣ ҳамкорӣ карданро доранд.
Боиси хушнудист, ки роҳбарони ҳар ду кишвари дӯст дар мулоқоташон ҳамкориҳо дар соҳаҳои нассоҷию дорусозӣ ва сайру саёҳатро баррасӣ намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чунин ҷаласаҳои сатҳи байналмилалӣ низ наздикшавии халқу миллатҳост. Умед мекунем, ки робитаҳои мардуми Покистону Тоҷикистон аз ин ҳам қавитар мегарданд.
Мусоҳиб С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»