Дар шумораи № 127-и рӯзномаи «Садои мардум» (13 октябри соли равон) мақолаи Далер Мерганов зери унвони «Шералӣ Зардов: «Бонкдории исломӣ падидаи иқтисодӣ аст, на динӣ» чоп шуд. Дар он зикр гардидааст, ки бонкҳои исломӣ на танҳо дар кишварҳои мусулмонӣ, балки дар кишварҳои ғарбӣ низ фаъолияти пурмаҳсул доранд.
Тибқи иттилои нашрияи «Business Desk», чанде пеш роҳбарияти Донишгоҳи Бирменгеми Англия, ки яке аз мактабҳои олии бонуфузи дунё ба шумор меравад, курсҳои бакалавриати муҳосибот ва молиядории исломиро ба роҳ монд.
Роҳбари давраи омӯзишии «муҳосибот ва молиядории исломӣ» Шоиста Муқаддам иброз доштааст, ки ин иқдом дар давраи ниҳоят муҳим роҳандозӣ шуд.
- Дар давраи паҳншавии пандемияи COVID-19 ва буҳрони иқтисодӣ зарурати бозбинии қарздиҳии бо фоиз асосёфта ба миён омадааст, — гуфтааст ӯ.
Молиядории исломӣ аз бонкдории муқаррарӣ фарқияти зиёде доранд, ки маъруфтарини он мамнӯъ будани фоизситонӣ аз қарз мебошад. Ин намуди молиядорӣ бонкдории исломӣ, такофул, суғуртаи исломӣ, сукук, бозори сармояи шаръӣ, фонд ва вомбаргҳои исломӣ барин самтҳоро дар бар мегирад.
Тавре таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, молиядории исломӣ тақсимоти дурусту одилонаи фоидаю зарари қарздиҳию сармоягузориро ҳадаф қарор дода, ба буҳрон тобовар аст.
Донишҷӯёни Донишгоҳи Бирменгем фалсафаи дар асоси принсипҳои зикршуда бунёдёфтаро омӯхта, роҳҳои амалисозии молиядории исломиро ёд мегиранд. Тавре Шоиста Муқаддам таъкид намудааст, предмети давраҳои омӯзишӣ одоби роҳандозии молия дар асоси таълимоти ислом мебошанд.
Ҳоло дар 59 мактаби олии Британияи Кабир фанни «Молиядории исломӣ» омӯхта мешавад. Ин кишвар дар Аврупо нахустин давлатест, ки оғози солҳои 2000-ум бонкдории исломиро ба роҳ монд. Тибқи иттилои «Интерфакс», ҳоло дар он ҷо 20 бонки исломӣ фаъолият мекунанд.
Мувофиқи иттилои сомонаи «UzReport news», дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2021 лоиҳаи пилотӣ оид ба фурӯши вомбаргҳои исломӣ – «сукук» роҳандозӣ хоҳад шуд. Зимни амалисозии лоиҳа аз таҷрибаи Англия истифода мешавад.
С. АМИНИЁН,
«Садои мардум»