Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷалб намудани сармоягузории берунӣ ба иқтисодиёти кишвар, татбиқи саривақтӣ ва самараноки лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ ташкил медиҳад.
Сарфи назар аз он ки ин раванд барои иқтисодиёти Тоҷикистон таърихи тӯлонӣ надорад (аввалин лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996 бо шарикии Бонки Умумиҷаҳонӣ татбиқ гардидааст), хурсандиовар аст, ки дар муддати кӯтоҳ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт бо дастовардҳои муайян ноил гардидаанд.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки агар соли 1996 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ як лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ татбиқ шуда бошад, соли 2006 дар ҷумҳурӣ 33 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ якҷоя бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ба маблағи 409 млн.сомонӣ амалӣ гардидааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ 62 лоиҳаи муштараки инвеститсионии ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ба маблағи зиёда аз 10,0 млрд. сомонӣ амалӣ мешавад.
Имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 300 муассисаҳои бонкии исломӣ на танҳо дар давлатҳои исломии арабии Шарқ ва Африқо, балки берун аз он, ба монанди Австралия, Канада, ИМА, Англия ва дигар кишварҳо фаъолият доранд, ки мувофиқи пешгӯйии коршиносони байналмилалӣ дороиҳои молиявӣ ва умуман бозори молиявии ташкилотҳои байналмилалии молиявии исломӣ то соли 2015 ба маблағи зиёда аз 2,8 трлн. доллари ИМА пешгӯйӣ мешавад.
«Ҷиҳати устувор гардонидани пешрафти иқтисодӣ дар шароити таҳдиду хавфҳои глобалии торафт афзоянда, ки ба иқтисодиёти кишвар таъсир мерасонанд, ҷалби ҳар чӣ бештари сармоя ба соҳаҳои гуногун нақши муҳим мебозад».
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012)
Бо назардошти баъзе сабабҳои объективӣ, шумораи аниқи ташкилотҳои байналмилалии молиявии исломиро нишон додан имконнопазир аст. Масалан, мувофиқи маълумоти Институти лондонии фаъолияти бонкӣ ва суғурта, шумораи онҳо 276-то дар 51 кишвари ҷаҳон, мувофиқи маълумоти Агентии асъории Баҳрайн бо ҳамин теъдод дар 75 кишварро ташкил медиҳад.
Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бо назардошти пешбурди сиёсати атеистӣ ба кӯмак ва ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалии молиявии исломӣ ниёз набуд. Вале дар охири қарни гузашта ташкилотҳои байналмилалии молиявии исломӣ дар бозори молиявии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолияти худро муваффақона оғоз намуданд. Аз ҷумла соли 1997 бо истифодаи усулҳо, технология ва коргузории бонкии исломӣ дар Федератсияи Россия «Бадр-Бонк» ба фаъолият шуруъ намуд. Инчунин бонкҳои Қазоқистон, аз ҷумла «Бонк Тӯрон Алем» (БТА), «Аленс Бонк» мутобиқи шартҳои маблағгузории исломӣ фаъолияти худро оғоз намуданд.
Дар баробари ин, ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон аъзои ташкилотҳои байналмилалии молиявии исломӣ, аз ҷумла аъзои фаъол ва комилҳуқуқи Бонки Исломии Рушд, гардиданд. Садҳо лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ дар ин кишварҳо бо маблағгузории бонкҳои исломӣ мавриди амал қарор доранд.
Боиси хушнудист, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалии молиявии кишварҳои исломӣ сол аз сол ривоҷ ёфта, рушд меёбад. Дар ин замина ҳамкорию муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Бонки Исломии Рушд, Фонди Саъудии Рушд, Фонди рушди Абу-Дабӣ, Фонди рушди байналмилалии (СДСН) ОПЕК, Фонди рушди Кувайт ва дигар кишварҳо дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
Моҳи марти соли 2012 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ Бонки фаръии Бонки миллии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Зикр намудан зарур аст, ки ин радиф ҳамкориҳо бо Бонки Исломии Рушд мавқеи хосаро касб менамояд. Маъмурияти марказии Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саъудӣ ҷойгир мебошад. Бонки мазкур 18 декабри соли 1973 дар Конфронси аввалини вазирони молияи кишварҳои аъзои Ташкилоти Конфронси Исломӣ таъсис ёфта, фаъолияти воқеии худро дар доираи принсипҳо, қонунгузорӣ ва умуман аркони шариат аз ҳисоби аъзоҳаққии давлатҳои аъзо 20 октябри соли 1975 оғоз намудааст. Пули расмии бонк динори исломӣ буда, ба 1 СПЗ (хуқуқи махсуси қарзгирӣ) баробар мебошад. Забони расмии фаъолияти бонк арабӣ буда, забони англисӣ ва франсузӣ забони кории он маҳсуб меёбад. Сармояи худии бонк зиёда аз 15,0 млрд. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Бонки Исломии Рушд дорои мақоми мушоҳидачии Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Мақсадҳои асосии Бонки Исломии Рушд фароҳам овардани шароити мусоиди рушди иқтисодиёт ва пешравии иҷтимоии давлатҳои аъзо ва ҷамоаҳои мусулмонӣ мувофиқи принсипҳои шариат мебошад.
Манбаъҳои ташаккулёбии маблағгузории ташкилотҳои байналмилалии молиявии исломиро, пеш аз ҳама, пасандозҳо, хайрия ва дороию маблағҳои захиравӣ ва барзиёдии маблағҳои мусалмонони кишварҳои дунё ташкил медиҳад. Низоми молиявии мазкур ягона низомест, ки дар дунё бо назардошти хусусиятҳои хоси дини мубини Ислом, аз рӯйи талаботи он ва дар доираи қонунҳо ва аркони шариат, сарфи назар аз таҳаввулотҳои сиёсию иҷтимоӣ, идора мешавад. Дар низоми бонкдории исломӣ ситонидани ҳама гуна фоиз қатъиян манъ аст ва яке аз шартҳои асосии коргузорӣ мансуб ёфта, шартҳои дигари он роҳ надодан ба рибо (судхӯрӣ) мебошад. Идоракунии он бояд пурра аз рӯйи қонунҳои шариат ба роҳ монда шавад. Маблағҳое, ки аз ҳисоби бонкҳои исломӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ ҷалб мегарданд, хароҷоти онҳо бояд пурра дар доираи қонунҳои шариат ба ҷой оварда шавад. Хароҷоти маблағҳои мазкур барои истеҳсоли машрубот, бозиҳои саргармсозӣ (казино, лотерея ва умуман тиҷорати ифлос) ва ҳама гуна амалҳое, ки барои ҷомеаи мусулмонӣ раво нест, қатъиян манъ мебошад.
Дар низоми маблағгузории исломӣ истилоҳи мудораба (ҳаммаблағгузорӣ), мушорака (маблағгузории баробарҳуқуқ, муштарак), муробаҳа (шартномаи хариду фурӯш), салом (қарордоди харид барои молҳои муҳлаташон тамдидшуда), истисно (маблағгузории истеҳсолот бо саҳми муштарӣ), иҷора ва иқтино (амалиёти лизингӣ), қарз -ул-ҳасана (қарзи бефоиз), кафила (бо шарти кафолат), закот (андози ҳатмӣ), суқуқ (қоғазҳои қиматнок) истифода карда мешаванд, ки ҳар яки ин мафҳумҳо усулҳои алоҳидаи амалиётҳои бонкии исломиро ифода менамоянд.
Айни замон Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд таъсис шудааст, ки ба ҳайати он Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди сектори хусусӣ, Корпоратсияи исломӣ оид ба суғуртаи сармоягузорӣ ва содироти кредит, Институти исломии тадқиқотӣ ва таълимӣ, Корпоратсияи байналмилалии исломии савдо ва молия шомил мебошад.
Ба Бонки Исломии Рушд 57 давлати мусулмонии ҷаҳон аъзо мебошад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 1996 аъзои 49-уми комилҳуқуқи Бонки Исломии Рушд гардид. Соли 1997 бо ҳам- маблағгузории Бонки Исломии Рушд аввалин лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ «Таҷҳизонидани Маркази кардиологии ҷумҳурӣ» ба маблағи 3,2 млн.доллари амрикоӣ оғоз гардида, соли 2001 бомуваффақият анҷом ёфт. Дар маҷмуъ, аз соли 1997 то имрӯз 17 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи зиёда аз 226,0 млн. доллари амрикоӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла дар соҳаи маориф — се лоиҳа ба маблағи 30,5 млн. доллари амрикоӣ, тандурустӣ -се лоиҳа ба маблағи 19 млн. доллари амрикоӣ, нақлиёт ва роҳсозӣ чор лоиҳа ба маблағи 53 млн. доллари амрикоӣ, энергетика — се лоиҳа ба маблағи 38 млн.доллари амрикоӣ, кишоварзию мелиоратсия — ду лоиҳа ба маблағи 24,0 млн. доллари амрикоӣ, инчунин дигар соҳаҳо ба маблағи 11,1 млн.доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст.
Ҷоиз ба зикр аст, ки то имрӯз даҳ лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ бо маблағгузорӣ ва ҳаммаблағгузории Бонки Исломии Рушд ба маблағи зиёда аз 99,0 млн. доллари амрикоӣ бомуваффақият анҷом ёфтааст.
Татбиқи ҳафт лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи зиёда аз 127 млн. доллари амрикоӣ бо ҳаммаблағузорӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ бомуваффақият идома дорад, ки дар соҳаи маориф – лоиҳаи «Таҷдид ва сохтмони мактабҳои миёна (марҳилаи 2)» бо маблағи 13,5 млн.доллари ИМА, соҳаи тандурустӣ – лоиҳаи «Сохтмон ва таҷҳизонидани беморхонаи бисёрсоҳавӣ ва байниноҳиявии вилояти Хатлон» — 15,1млн.доллари ИМА, Лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе» -10,7 млн. доллари ИМА, соҳаи кишоварзӣ – лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара (марҳилаи 2)»- 19,9 млн.доллари ИМА, соҳаи энергетика – лоиҳаи «Сохтмони НБО-и хурд барои таъмин намудани деҳот бо қувваи барқ» -11,6 млн. доллари ИМА ва лоиҳаи минтақавии «Хати интиқоли барқ» -28,1 млн. доллари ИМА, соҳаи нақлиёт — ҳаммаблағгузорӣ дар лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб» дар ҳаҷми 27,9 млн.доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Боиси қаноатмандӣ аст, ки бо қарори мудирони Бонки Исломии Рушд вохӯрии навбатии Шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд дар пойтахти кишвари мо- шаҳри Душанбе рӯзҳои 18-22 майи соли равон баргузор мегардад ва ин тасмим аз нуфузи баланди байналмилалии кишварамон шаҳодат медиҳад. Вобаста ба ин, моҳи январи соли ҷорӣ аз ҷониби муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов ва ноиби Президенти Бонки Исломии Рушд Аҳмад Тиктик «Ёддошти тафоҳум оид ба шарту шароит ҷиҳати омодагӣ ва баргузории вохӯрии 38-уми Шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Душанбе 22-23 майи соли 2013» ба имзо расид. Дар баробари ин, барои баргузор намудани чорабинии мазкур санади дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид ва аз ҷониби муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М.С.Давлатов оид ба корҳои омодагӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани вохӯрии мазкур нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба ҷамъбасти натичаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013» дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ ва агентиҳои иҷроияи лоиҳаҳои мазкур, яъне вазорату идораҳои соҳавӣ, эродҳои ҷиддӣ гирифт. Воқеан, ин нигаронӣ ва эроди саривақтӣ мебошад. Боиси таассуф аст, ки дар дастгоҳи марказии Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саъудӣ ҳамагӣ як нафар намояндаи Тоҷикистон (З.Ҳотамов) фаъолият менамояд. Дар ҳолате, ки аз ҷумҳуриҳои дигари ИДМ, албатта, бо назардошти саҳми онҳо зиёда аз се то даҳ нафар фаъолият менамояд. Дар мавриди фаъолияти намояндаи мо дар Намояндагии Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон бошад, ҷойи гап ҳам нест.
Самти дигаре, ки боиси нигаронӣ мебошад, аз ҷониби мо ба таври зарурӣ истифода нагардидани квотаҳои ҷудонамудаи бонки мазкур дар омодасозӣ ва тайёр намудани кадрҳои соҳаҳои хоҷагии халқ дар муассисаҳои олии таълимии кишварҳои пешрафтаи дунё мебошад. Ҳол он ки кишварҳои дигари аъзо аз ин раванд самаранок истифода мебаранд. Дар баробари ин, зикр намудан зарур аст, ки ҳамасола аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар хориҷи кишвар тайёр намудани кадрҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешавад. Аз ҷумла дар давоми панҷ соли охир ба ин мақсад зиёда аз 33,0 млн.сомонӣ равона карда шудааст ва мутаассифона, дар самти маблағгузории исломӣ ҳатто маблағгузории тайёр намудани як нафар кадр ҳам таъмин карда нашудааст.
Умуман, ҳамкориҳо ва аъзошавии ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд, аз қабили Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди сектори хусусӣ, Корпоратсияи исломӣ оид ба суғуртаи сармоягузорӣ ва содироти кредит, Институти исломии тадқиқотӣ ва таълимӣ, Корпоратсияи байналмилалии исломии савдо ва молия беҳбудиро талаб менамояд.
Бамаврид аст, ки якҷоя бо вазорату идораҳои соҳавӣ аз баргузории чунин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ, ки дар кори он даҳҳо нафар намояндагони баландпояи кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалии молиявии исломии дунё ширкат доранд, ба нафъи иқтисодиёти кишвар ва пешравии иҷтимоии мардуми шарифи Тоҷикистон истифода намоем. Бинобар ин, моро зарур аст, ки аз фурсати муносиб, яъне иштироки намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявии исломӣ, бахусус намояндагони воломақоми Бонки Исломии Рушд, васеъ истифода намуда, як қатор масъалаҳои мубрам ва дуҷонибаро аз қабилӣ:
- пешниҳод намудан ва шароити мусоид фароҳам овардан ҷиҳати дар ояндаи наздик ифтитоҳ намудани намояндагии Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Душанбе ;
- ҷалб намудани сармоягузориҳои муштарак ва мустақим барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории минтақавии аҳамияти байналмилалидошта ;
- ҷалби бештари сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар тавассути лоиҳаҳои муштараки инвеститсионии афзалиятнок аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии молиявии исломӣ, бахусус Бонки Исломии Рушд;
- пешниҳодот оид ба масъалаи маблағгузории тайёр намудани кадрҳо дар самти фаъолияти бонкӣ бо усули маблағгузории исломӣ ва дигар масъалаҳои мубрамро мавриди баррасӣ қарор диҳем.
Дар маҷмуъ, ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо ташкилотҳои байналмилалии молиявии исломӣ, аз ҷумла Бонки Исломии Рушд, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб ёфта, мутахассисон ва роҳбарияти вазорат барои амалӣ намудани ин ҳамкориҳо дар доираи ваколатҳои худ чораҳои зарурӣ меандешанд.
А.НАИМӢ,
муовини сардори Сарраёсати Буҷети давлатии
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон