Ё мавқеъгирии дуруст кадом аст?
Мо дар ҷаҳони пурҳаводис қарор дорем. Марҳилае, ки пайомади он ба сатҳу сифати зиракии сиёсӣ ва дарки вазъи ҷаҳони муосир аз ҷониби ҳар тоҷику тоҷикистонӣ вобаста аст. Дар чунин ҳолат омилҳои зикршуда нақши ҳалкунанда дошта, мадди назар буданашон имкон фароҳам меорад, ки шаҳрвандон бозичаи дасти ашхос, гурӯҳ ва давлатҳои манфиатҷӯ нагарданд.
Оид ба аҳамияти ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ зиёд гуфтаву навиштаанд. Тасмими навиштани ин матлаб ба воқеоти охири ҷаҳони муосир, ки шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳо, дар шакли нав зуҳур намудани гурӯҳҳои ифротгаро ва зуҳуроти дигари номатлуб аз ҷузъҳои он мебошанд, рабт дорад.
Вазифа ва қарзи инсонӣ медонам, ки бори дигар ба аҳли ҷомеа, хосса ҷавонон, бозгӯйӣ намоям, ки хомӯш намудани оташи ҷанги бародаркуш, ки ба он кишвар ва гурӯҳҳои алоҳида «равған мерехтанд», аз вартаи нобудӣ раҳо бахшидани мамлакат, дар як муддати кӯтоҳ эҳё намудани сохторҳои фалаҷгаштаи Ҳукумат, таъмини рушди бемайлони иқтисодиёт, ҷалби сармояи зиёди хориҷӣ, муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани ҷумҳурӣ ва ғайраҳо на ба ҳар шахсият муяссар мегардад.
Шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар баъзе аз ҳамсоякишварҳо солиёни зиёд ҷанг идома дошта, қисмате аз мамлакатҳои ҳамҷавор, бинобар надоштани шахсияте, чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба майдони рақобати абарқудратҳо табдил ёфтаанд.
Насли наврас бояд донад, ки чанд сол пештар бо чӣ мушкилот мувоҷеҳ будем ва кадом шахсият сабаб гардид, ки рӯзгори саодатманди онҳо таъмин гардад. Онҳо бояд огоҳ бошанд, ки солҳои навадуми асри гузашта дар натиҷаи фитнаву дасисаи неруҳои бадхоҳи хориҷӣ авзои сиёсиву иҷтимоии мамлакат рӯз ба рӯз муташанниҷ гардид, аксаран ба қавли Президенти мамлакат, «тақдири Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳал карда буданд».
Дар муддати начандон тӯлонӣ, ки бенизомӣ, бесарусомонӣ, беқонунию беҳокимиятӣ ҳукмрон шуд, ҳазорҳо хонаи истиқоматӣ, иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳангӣ, муассисаю корхонаҳо хароб, валангор, ба хок яксон ва талаю тороҷ шуданд. Теъдоди онҳое, ки барои наҷот додани ҷон аз Ватан фирорӣ гаштанд, ба садҳо ҳазор нафар расид.
Ҳодисаҳое, ки ба амал меомаданд, ба воситаҳои ахбори оммаи бархе аз кишварҳои хориҷӣ барои паҳн намудани ҳама гуна дурӯғ, буҳтон, овозаҳои беасос ҷиҳати бадном ва ҳамчун як қавми маҳалгарою миллаткуш «машҳур» намудани тоҷикон «ғизо» медоданд.
Далелҳои овардашуда ба он хотиранд, ки дар шароити кунунӣ ҳифзи муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла, соҳибистиқлолӣ қарзи инсонӣ ва рисолати виҷдонии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бояд бошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд, ки «Истиқлолияти мо дар сурате ҳифз мешаваду таҳким меёбад, ки ҳар шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад».
Дар робита ба авзои ҷаҳони муосир қишрҳои ҷомеа, хосса аҳли зиё, бояд беш аз пеш фаъол ва ҷасур бошанд. Бо нашру пахши матолибу гузоришҳое, ки иншо ва омодасозиашон мақоли «Хоҷа боғ дорӣ? Дорам»-ро ба ёд меорад, рисолатро анҷомёфта напиндоранд. Аз шиорпароканӣ, ки хоси аксар матолиби дар ин мавзӯъ иншошуда гардидааст, худдорӣ карда, бештар ба далелу рақамҳои асоснок таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.
Мутаассифона, баъзе аз «масъулин»-и воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ба ин масъала бетафовутӣ зоҳир намуда, муносибаташон ба чунин матолиб дуюмдараҷа аст. Ҳол он ки дар 30 соли соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳо хеле зиёд ва арзанда буда, журналистон ва умуман аҳли зиё метавонанд онҳоро барои тақвияти андеша истифода намоянд.
Бояд аз истиқлолу озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, саъю талошро ба хотири пешрафтаву неруманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем.
Ба касе пӯшида нест, ки дар шароити кунунӣ зиракии сиёсӣ моҳияти рӯзафзун касб кардааст. Эътироф бояд кунем, ки аксарият, ҳатто онҳое, ки минҳайси коршинос шиорпароканӣ мекунанд, моҳияти онро дуруст дарк накардаанд. Зиракии сиёсӣ ин дарк ва ҳифзи манфиатҳои давлат мебошад. Биноан, Пешвои миллат мунтазам таъкид менамоянд, ки онро аз даст надиҳед.
Мо дар замони пуртазод зиндагӣ мекунем, ки давлатҳои низоми сиёсиашон гуногун, ташкилоти байналмилалӣ баҳри амалӣ намудани «тарҳ»-ҳояшон беш аз пеш ҳавасманд ҳастанд. Табиист, ки дар баъзе маврид бо манфиатҳои кишварҳои дигар, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, созгор нест ва на ҳама ин ҷанбаро дарк мекунанд. Аз ҷониби дигар, ба касе пӯшида нест, ки гурӯҳҳои динӣ — экстремистӣ ва террористии фаромиллӣ худ аз худ пайдо намешаванд ва барои рӯи кор омадани онҳо ҳатман давлат ё ташкилоте ҳавасманд аст. Бо дарназардошти ин, барои тақвияту тавсеаи зиракии сиёсӣ, пеш аз ҳама, ташаккули тафаккури миллӣ, худшиносии миллӣ ва ғояи миллӣ зарур аст.
Як назари иҷмолӣ кифоя аст, то муътақид гардем, ки аксар маврид абарқудратҳо гӯё ба арзишҳои динии давлатҳои рӯ ба инкишоф «арҷгузорӣ» намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ «роҳ намедиҳанд», ки онҳо дар ҷодаи бунёди давлати воқеан ҳам дунявӣ собитқадам бошанд. Чаро? Чунки аз ҷиҳати сиёсӣ — иқтисодӣ ноустувор ва дастнигар боқӣ мондани давлатҳои мавриди назар барои онҳо беҳтар аст. Дар он сурат суиистифода намудани ин қабил кишварҳо саҳл мешавад. Ин «сиёсат» — ро абарқудратҳо зиёд истифода менамоянд. Илова бар ин, дар замони муосир абарқудратҳо аз сиёсати бетартибии идорашаванда самаранок истифода менамоянд. Ҳаводиси Шарқи Наздик дурустии ин гуфтаро собит менамояд.
Мутаассифона, демократия барои якчанд кишвар ва ташкилоти байналмилалӣ ба василаи таъсиррасон ва абзор табдил ёфтааст. Садҳо мисол мавҷуданд, ки ин қабил кишварҳо демократияро барои табаддулот низ истифода менамоянд. Масалан, давлатҳои манфиатдор бо баҳонаи паҳн кардани ғояҳои демократия кишварҳои зиёд, аз ҷумла Украина, Гурҷистон, Қирғизистон, Ироқ, Либия ва ғайраро дар давраҳои гуногун ноамн карданд. Воқеаҳои Беларус намунаи ҷадид ва идомаи мантиқии ин раванд буда, барои аҳли фаҳму андеша моҳиятан ғизо аст.
Тоҷикони «аврупоишуда» ва онҳое, ки барои демократияи ин қитъа оби даҳонашон мешорад, бояд дарк кунанд, ки дар Аврупо тарзи маданияти сиёсие ташаккул ёфтааст, ки маншаъ аз Юнони бостонӣ гирифтааст. Садҳо далел мавҷуданд, ки онҳо барои тағйир додани ҷаҳонбинӣ дин, фарҳанг, маориф ва тарзи зиндагиро дигар карда, ба сифати намунаи идеалӣ фарҳанги 2500 — ҳазорсолаи Юнонро интихоб кардаанд, чунки дар он тамаддун ақл дар саргаҳи муносибатҳо қарор дошт.
Бинобар ин, дар шароити кунунӣ зарур ва ногузир аст, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем.
Ҳоло беш аз ҳар вақти дигар таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву мафкуравии ҷомеа нақши аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз дорад. Воқеаҳои кишварҳои зикршуда собит намуд, ки аз таъсири манфии ҳодисаву таҳаввулоти охир, ки дар онҳо намояндагони даҳҳо кишвари дунё иштирок доранд, ягон мамлакат эмин буда наметавонад.
Ҳар фарди Тоҷикистон бояд бори дигар амиқан дарк намояд, ки Ваҳдати миллӣ барои мардуми мамлакат неъмати бебаҳо, раванди бебозгашт ва бениҳоят азизу муқаддас мебошад, зеро маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ ва ҷаҳду талошҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ сулҳу оромӣ дар ҷумҳурӣ таъмин гардида, барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созандаи сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам шуд.
Қабули рамзҳои давлатдорӣ, аз қабили Парчам, Суруди Миллӣ ва Нишони давлатӣ, ба муомилот баровардани пули миллӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди забон, фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллиамон маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ муяссар гардид.
Бамаврид аст ёдовар шавем, ки маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва интихоби дурусти роҳи минбаъдаи пешрафт имконият муҳайё шуд, ки давлати мо равобитро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври муназзаму бомаром рушд дода, дар байни давлатҳои мутамаддини олам мавқеи сазовор пайдо намояд. То ҳол давлати мо бо зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон робитаи дипломатӣ роҳандозӣ намуда, бо онҳо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро тақвият мебахшад ва пайгирона густариш медиҳад.
Бегуфтугӯ, тамоми дастоварду пешравӣ самараи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва иродаи шикастнопазири мардуми шарифи мамлакат аст. Ба бахти тоҷику тоҷикистониён муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз ҷавонӣ, дар ҷодаи сиёсат аз ин ҳодисаву воқеаҳо, аз душвортарин шароиту вазъият бо сарбаландӣ берун омаданд ва ба ин васила, ягонагӣ ва тамомияти давлату миллатро ҳифз карданд. Маҳз дар ин марҳилаи тақдирсоз обрӯву эътибори мавсуф афзуд ва дар ниҳоди сокинони мамлакат эътимоду боварӣ ба роҳе, ки ин абармард интихоб кардааст, мустаҳкамтар гардид.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафтору ибтикори ҳамарӯзаашон, суханони таъсирбахш ва рафтори намунавиашон ба шаҳрвандони давлат поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ, посдории хотираи гузаштагон, меҳандӯстӣ ва худогоҳиро талқин намуда, бо ин хислатҳои нек роҳи пешрафти мардумро дар ҷодаи душворгузару пурфарозу нишеби таърихӣ мунаввар сохтаанд.
Бо итминон метавон гуфт, ки маҳз дар давраи навини давлатдорӣ шаҳрвандони мамлакат бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, баъди ҳазор сол боз аз сари нав баҳри пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ Парчами давлатии Ватани азизамонро дар олам партавафишон намуданд, низоми давлатдориро дар мамлакат устувор сохтанд, шохаҳои ҳокимиятро таҳким бахшиданд ва дар барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодаанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки далелҳои овардашуда «қатрае аз баҳр» мебошанд.
Мутмаинам, ки ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба Роҳбари оқилу дурандеш ва бунёдкору созанда, сиёсатмадори дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ ҳамеша содиқу арҷгузор мемонанд.
Ин аст мавқеъгирии дуруст!
Далер Абдулло,
«Садои мардум»