Дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрии рақами 2 ба номи академик К. Тоҷиев» маъруф ба «Медгородок» аз дӯкони шафати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино хостам барои аёдати беморе себ харам. Себи хушсифату болаззатро пурсидам.
- 45 сомонӣ. — Ин себи туркӣ аст, аз бозори «Меҳргон» ба нархи 43 сомонӣ гирифта, 45 сомонӣ мефурӯшем, — гуфт дӯкондор.
Дар моҳи шарифи рамазон ба таври сунъӣ боло бурдани нарх ба ҳукми «анъана» даромадааст. Ҳама ба ин қоиланд. Вале 45 сомонӣ арзиш пайдо кардани як кило себро касе бовар намекунад. Вақте бо боғпарвари соҳибтаҷрибаи ҷумҳурӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сайвалӣ Гулов мусоҳиба доштаму аз гаронии нархи себ дар назди беморхона ёдовар шудам, бовар накард. Аз рӯйи рағбати касбӣ буд ё аз сари ғазаб ҳамроҳи хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Ташрифулло Саъдуллоев аз он дӯкон дидан карданд ва боварӣ ҳосил намуданд.
Дар беҳтарин «супермаркет» — ҳо ва дӯконҳои «Тоҷикматлубот», ки дар ҷойҳои муносибу озода воқеанд, нархи себи «беҳамто» то ин дараҷа баланд нест. Дар фурӯшгоҳҳо ҳадди ниҳоии нархи ин намуди себ 25 сомонӣ аст.
Саволи матраҳ он аст, ки дар чунин ҷойҳо, ки чанги кӯча ба рӯйи қуттиҳои меваҳо мешинад, савдо кардан мумкин аст?
- Аз ҷониби дигар, себ дар кишвар фаровонтарин мева маҳсуб мешавад ва он аз шумули маҳсулоти содиротист. Тоҷикистон дар истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, хоса себ беназир аст. Барои мисол, замине, ки дар Туркия себ парвариш мешавад, таркиби хокашон рег буда, доруи минералиро фаровон истифода менамоянд, — гуфт С. Гулов.
Биноан, аз хориҷи кишвар овардани себ зарурат надорад. Ниҳодҳои ваколатдор медонанд, ки таркиби себи воридотӣ аз ҷиҳати биохимиявӣ аз себҳои ватанӣ фарқ мекунанд. Пас, чаро ба воридоти он иҷозат медиҳанд?
Агар маъмултарин меваҳои дар кишвар парваришшавандаро аз хориҷ ворид намоем, пас татбиқи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» ва «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020» зери суол мемонад.
Хулоса, баландшавии нархро пешгирӣ намудан имконпазир аст. Ба шарте ки мақоми ваколатдор — Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаташро таври бояду шояд ба ҷо орад.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»