Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода санаи чоруми июли соли 2015 бо рафти корҳои таъмиру тармим ва навсозии нақби мошингарди «Истиқлол» шинос шуд.
Нақби мазкур дар асоси Созишномаи дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон навсозӣ ва таҷдид гардида, дар нақб корҳои бастани маҷрои об дар мавзеъҳои алоҳида, бетонрезии қабати болоии роҳ, равшаннамоӣ ва ҳавотозакунӣ идома дорад. Айни замон аз даромадгоҳи шимолӣ роҳи нақб дар қисматҳои алоҳида бетонпӯш шуда, баробари анҷоми он бетонпӯшии қисмати болоии роҳ аз даромадгоҳи ҷанубӣ оғоз мегардад.
Бо таъкиди Сарвазири мамлакат дар иҷрои корҳои нақшавӣ саҳлангорӣ зоҳир гардида, ҷараёни тармиму навсозии нақб нисбатан суст мебошад.
Барои ташкили кори шабонарӯзӣ дар қитъаҳо, таъмини саривақтии музди маоши кормандон, афзун намудани неруи корӣ ва техникаю таҷҳизот, беҳдошти шароити барқрасонӣ, вусъати корҳои равшаннамоию ҳавотозакунӣ ва дар ҳамин асос бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда пурра анҷом додани навсозии ин иншооти муҳим роҳбарияти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои тобеи он, мутахассисони ширкатҳои ҳамкор ва дигар масъулини соҳа вазифадор шуданд.
www.khovar.tj